Ҳафтаи ҷорӣ дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.
Мақолаи “Театрҳои лӯхтаки Душанбе ва Тошканд ҳамкориро таҳким мебахшанд” оид ба намоиши ҷамъбастии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Тошканд “Корвонсарой” ва рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар - Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рӯзномаи “Баҳори Аҷам” 14-уми ноябр нашр шуд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” 15-уми ноябр бо интишори мақолаи “Модели тоҷик-зеботарин духтари дунё” оид ба мақоми аввал гирифтани тоҷикдухтар Анна Муъминова нақл кардааст. Озмуни “Зеботарини ҷаҳон – 2018” моҳи сентябри соли 2018 дар яке аз зеботарин казиноҳои ҷаҳон ”Monte Carlo Las Vegas”дар Лас-Вегаси ИМА баргузор мешавад ва Анна Муъминова дар он ширкат мекунад.
Мақолаи Мирзо Шукурзода бахшида ба 70-солагии овозхони номи кишвар, шодравон Рустамбек Ботуров ва тасмими шаҳрдориии Хуҷанд ҷиҳати баргузории маҳфили ёдбуд ҳамчунин фаъолияти ин овозхони нотакрор дар рӯзномаи “Баҳори Аҷам” нашр шудааст. Рустамбек Ботуров аз ҷумлаи шинохтарин чеҳраҳои ҳунарии кишвар буд, ки имрӯз дар миёни мо нест.
“Тоҷикистон” суҳбати хабарнигораш Одил Нозирро бо бастакори варзида Фирӯз Баҳор, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, чоп кардааст.
Дар матолиби фарҳангии нашрияҳои ин ҳафтаи кишвар мақолаи Мушкинисо Асозода “Ҷашни театри тоҷик ва чеҳраҳои ҳунар” дар “Баҳори Аҷам”, “Уфуқҳои нурафшони дӯстӣ” - андешаҳо баъд аз баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар “Адабиёт ва санъат”, ҳамчунин хабари нашри китоби шоири халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Маъмур “Борони сабз” дар нашриёти “Истеъдод” хонданианд.
Хонандагони азиз, метавонанд бо ин матолиби нашрияҳо дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар шинос шаванд.
Зебуннисо Сафарова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар