Михаил Задорнов,- адиби ҳаҷвнигори рус баъди зуҳри дирӯз дар остонаи 70-солагӣ аз олам даргузашт. Адиби маъруф муддати тӯлонӣ аз бемории саратони мағзи сар ранҷ мекашид. Мегӯянд вақтҳои охир вай ҳатто аз табобати дар бемористон ҳам даст кашид, чун мехост бештар бо пайвандону дӯстонаш бошад. Шояд адиб дигар бовар карда буд, ки аз ин касалӣ раҳоӣ надорад ва ҳама гуна кимиётабобатиҳо беҳудаанд.
Бахшида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” субҳи рӯзи 10-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ роҷеъ ба қонуни мазкур ҳарф зад ва аз ҷумла гуфт: “Ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар