“Ба Абдулманнони Насруддин муяссар гардид, ки дар Донишгоoи Хуҷанд мактаби илмии худро, ҳавзаи илмии худро ба вуҷуд биёрад ва аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод як силсила шогирдони сазоворро ба воя расонад. Ман бо аксарияти онҳо ва корҳояшон ба шарофати устоди бузургворашон шинос ҳастам. Дар маҷлиси дифои рисолаҳои илмии баъзеашон ба сифати муқарризи расмӣ иштирок доштам. Аз ин рў бо имони комил гуфта метавонам, ки онҳо мактаби илмии устоди зиндаёдашонро гардон нигоҳ хоҳанд дошт”.
Абдунабӣ Сатторзода,
Аҳрор Мухторов 5 ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) ба дунё омадааст. Муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1971), аъзо-корреспонденти АФ РСС Тоҷикистон (1978). Ў баъди хатми мактаби миёна соли 1939-1941 аввал донишҷўи факултаи коргарӣ, баъд Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) гардид.
Солҳои 1941-1942 муаллими мактаби миёна кор кардааст. Соли 1942-1947 дар сафҳои Армияи Советӣ дар хизмати ҳарбӣ буд.
Соли 1951 факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омўзгори ба номи С.Айнӣ-ро хатм кард ва то соли 1955 муаллим ва аспиранти ҳамин
Абдухолиқ Набавӣ аз ҷумлаи адабиётшиносони пуркору пурмаҳсули кишвар аст, ки имрӯз зодрӯз дорад.
Абдухолиқ Набавӣ (Абдулхолиқ Набиев) 20 - ноябри соли 1946 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1967 Институти педагогии Ленинободро хатм намуда, то соли 1984 дар ҳамин донишкада фаъолият намудааст.
Василий Владимирович Бартолд машҳуртарин шарқшиносе буд, ки шуруъ аз замони ҳукумати подшоҳии Русия то охири умр талош кард таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро мавриди пажуҳиш қарор диҳад. Шарқшинос, арабшинос, исломшинос, муаррих, адабиётшинос...буд. Шахсе, ки ҳанӯз соли 1925 китобе бо номи “Тоҷикон” навишт.
Василий Владимирович Бартолд шарқшиноси Шуравӣ, академик (соли 1913) 15 ноябри соли 1869 дар шаҳри Петербург таваллуд шудааст.
Соли 1891 факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи Петербургро хатм кард. Приват-дотсент (аз соли 1896) ва профессори (аз соли 1901) ҳамин донишгоҳ. Нахустин мақолаи илмии ў «Дар бораи дини насронии Осиёи
Юсуфшо Яъқубов аз ҷумлаи машҳуртарину маъруфтарин бостоншиносони кишвар ва пурмаҳсултарин олими соҳа аст. Ҷузъитарин кашфиёт ё бозёфти худро китоб кардааст ва ё ҳаддиақал дар мақолае шарҳ додааст. Кам олимони ин соҳаро ёд дорем, ки ҳавсалаи профессор Ёқубовро дошта бошанд. Кореро, ки шуруъ кардааст, ҳамтман ба поён расонидааст.
Юсуфшо Яъқубов - доктори илми таърих (соли 1988), профессор, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (соли 1991), Арбоби шоистаи илм ва