Аз рӯзгору осори Набавӣ

Абдухолиқ Набавӣ аз ҷумлаи адабиётшиносони пуркору пурмаҳсули кишвар аст, ки имрӯз зодрӯз дорад.

Абдухолиқ Набавӣ (Абдулхолиқ Набиев) 20 - ноябри соли 1946 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1967 Институти педагогии Ленинободро хатм намуда, то соли 1984 дар ҳамин донишкада фаъолият намудааст.

Аз соли 1984 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии АФ РСС Тоҷикистон будааст.

 Аввалин мақолааш соли 1969 навишта шудааст. Аз ҷумлаи пажуҳишгаронест, ки бештар масъалаҳои тасвири инсон, гуногунии шаклу услуб ва фардияти эҷодиро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Абдухолиқ Набавӣ  оид ба эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ  Ҳаким Карим,  Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон як силсила таълифоти арзишноке дорад.

Ба мақолаҳои танқидии Набиев омезиши ҷанбаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ хос мебошад. Соли 1983 чанд намунаи ин таълифот дар китоби ў «Эҷоди бадеӣ инсон ва замон» гирд омадаанд.

Соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони СССР шуд.          

Бозчоп: Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе. – 1988. – Ҷ.8. – С. 545.

Муаллиф: М. Музаффарова

Аз Абдухолиқ Набавӣ ин навиштаҳоро дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа кунед:

Ҷанбаи таҳлилии ҷараёни романтикии услуб дар насри имрўзаи тоҷик // Ҷустуҷўҳои эҷодӣ дар адабиёти ҳозираи тоҷик. – Душанбе, 1980. – С.139-147.

Адабиёт ва нақди адабӣ: Мақолаҳо // Рашҳои қалам. – Душанбе: Адиб, 1993. – 304 с.

Нахустин рўзномаи тоҷикӣ ва фарҳанги рўзноманигорӣ. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 64 с.

Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср. – Душанбе: Адиб, 2009. – 324 с.

Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010. – 132 с.

«Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ. – Душанбе: Бухоро, 2012. – 182 с.

Чил ҳадиси Набавӣ. – Душанбе, 2014. – 95 с.

Пасту баланди роман: Оид ба пешрафти жанри адабӣ // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 5 декабр.

Ҳақиқати таърих ва ҳақиқати бадеӣ: Вазифаҳои муҳими ғоявии романи тоҷикӣ дар эҷодиёти нависандагони советии тоҷик // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 6 феврал.

Нахустасари адабиётшиносии марксистии тоҷик: Намунаи адабиёти тоҷик-и устод С. Айнӣ шаст сол пур мешавад // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 24 апрел.

Ба ҷои хотима: Зарурати иттиҳодияи адабӣ ва рисолаи эҷодии он // Адабиёт ва санъат . – 2005. – 27 октябр.

Адиби писандида ва инсони шикастанавс: Адиб Мустафои Шарқӣ Адабиёт ва санъат. – 2006. – 19 январ.

Хусусиятҳои миллии адабиёти замони ҷанг: Доир ба осори адабӣ ё назму наср, драматургия ва ё дигар навъҳои адабӣ дар адабиёти замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) // Садои Шарқ. – 2015. – №5. – С. 132-142.

Тадқиқи арзишманд дар пажуҳиши афкори адабии тоҷикӣ: Доир ба китоби тозанашри адабиётшиноси варзида ва мунаққиди нуқтасанҷ Абдухолиқи Набавӣ «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 15 июн.

Осори илмӣ ва ахлоқии Абдурауфи Фитрат: Оиди дин ва фарҳанги миллӣ // Дин ва ҷомеа. – 2017. – № 4. – С. 26-28.                                          

Дар бораи адабиётшиноси маъруф:

Гулмурод, П. Ибтикори шоиста сазовори ҷоиза: Оиди мақолаҳои илмӣ ва Китобу таҳқиқотҳои адабиётшиноси маъруфи           тоҷик Абдухолиқи Набавӣ // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 9 июн.

Салимӣ, Н. Солеҳов, Ш. Сухандони заршинос: Оиди кору фаъолияти донишманди фарзона, муҳаққиқи пуркору пухтакори тоҷик, адабиётшинос Абдухолиқи Набавӣ // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 1 декабр.

Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ