Зодрӯзи Алӣ Бобоҷон – адиби маъруфи кӯдакнависи тоҷик

Шоири соҳибзавқ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом дида ба ҷаҳон кушодааст. Соли 1959 баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Инсти­тути давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) фаъолияташро дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намуда, минбаъд дар дигар нашрияю нашриёт идома мебахшад. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти  ба номи Рўдакии АИ  Тоҷикистон  заҳмат  кашидааст.
Алӣ Бобоҷон аз зумраи адибони пуркори тоҷик аст, ки  давоми қариб шаш даҳсола барои кўдакон, наврасон, ҷавонон ва насли кўҳансол асарҳои манзуму мансур менависад ва иқтидору  истеъдодаш дар ҳамаи навъҳо падидор аст, дар дамидани рўҳи омиёна ба кол­буди шеъри тоҷикӣ ҳиссаи  сазовор мегузорад.
Самимият ва садоқат ба маърифату маънавиёт дар абёташ ҳувайдост, услуби хосаш мўъҷазбаёнӣ мебошад.
Муаллифи қариб шашсад очерку мақола ва публитистика аст, вале шўҳрат ва шахсияти адабиаш ба  хотири ашъори бачагона бештар зуҳур  гардидааст. Бар асари  мутоилоти амиқу таҷриба  ҳаққонияти роҳу ра­виш ва шеваи шеърашро дар ин ҷода собит сохт, нигоштаҳояш шўрангез ва тапандаву гарманд. Сувари хаёл ва андешаш дар офаринишу бофти назми кўдакона хеле чашмгир менамояд. Очеркҳои ҳуҷҷатиаш дар бораи Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов ва дигар намоянда­гони  корзори ҷангу меҳнат дар шакли китобҳои алоҳида ба табъ расида, муаллифу мураттиби бисёр баёзу тазкираҳои дастаҷамъона мебошад.
Ашъораш дар Афғонистону Эрон чопу  ба  бисёр забонҳои хориҷӣ баргардон шудааст. Ҳамзамон аз баракати заҳматаш осори шуарои хориҷӣ ба тоҷикӣ тарҷумаю  нашр гардидааст.

Манбаъ: Энциклопедияи  адабиёт ва санъати тоҷик, қисми 1

Хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз Алӣ Бобоҷон чӣ метавонанд бихонанд?

Осор

         Бачаҳои хуб [Матн]: Шеърҳои бачагона. – Душанбе, 1963. – 44 с.

         Гули бодом [Матн]: Маҷмўа. – Душанбе, 1966. – 104 с.

         Мусича [Матн]: Барои бачагони сини хурди мактабӣ. – Душанбе, 1965. – 15 с.

         Парвози орзу [Матн]: Шеърҳо барои наврасон. – Душанбе, 1971. – 38 с.

         Мавҷи сурур [Матн]: Маҷмўаи  шеърҳо. – Душанбе,1973. – 103 с.

         Некӣ ба некӣ [Матн]: Шеърҳои бачагона. – Душанбе, 1976. – 48 с.

         Усто парасту [Матн]: Шеърҳо. – Боку, 1978. – 72 с. – Матн ба забони озарӣ.

         Нилуфар [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1980. – 128 с.

         Осмондара [Матн]: Маҷмўаи шеъру достонҳо барои бачагон. – Душанбе, 1981. – 128 с.

         Тоҷикистони ман [Матн]: Очеркҳо, шеърҳо, публисистика. – Душанбе, 1983. – 140 с.

         Намаки зиндагӣ [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1986. – 400 с.

         Зардолуи маҳтобӣ [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1988. –128 с.

         Атри кўҳистон [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 1993. – 46 с.

         Пайғоми парасту [Матн]: Шеърҳо барои бачагон. – Душанбе, 2003. – 40 с.

         Меҳрпайванд [Матн]: Шеърҳо, достонҳо ва рубоиёт. – Душанбе, 2006. – 328 с.

         Мусиқии баҳор [Матн]: Шеърҳо барои кўдакон. – Душанбе, 2008. – 24 с.

         Алифбои паррандаҳо [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе, 2013. –32 с.

Адабиёт  дар бораи Алӣ Бобоҷон

         Абдуллоев, Н. Бобоҷон Алӣ  [Матн] // Энсиклопедияи Со­ветии Тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – С.467.

         Алӣ Бобоҷон [Матн] // Тазкираи адабиёти бачагон. – Душанбе, 1979. – Ҷ.1. – С.297-298.

          Саидзода, С. Насими баҳор [Матн] // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 31 август.

         Алиева, Н. Зардолуи ширин [Матн] // Газетаи муаллимон. – 1989. – 11 феврал.

         Маниёзов, А. Писандидагуфтору  нозукхаёл [Матн] // Садои Мардум. – 1996. – 14 сентябр.

         Қаҳҳорӣ, А. Умре, ки сарфи шеър аст [Матн] // Ҷумҳурият.  – 1997. – 12 апрел.

         Алӣ Бобоҷон // Адибони Тоҷикистон [Матн]: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2002. – С.126-128.

         Бобоҷон Алӣ [Матн] // Конибодом. – Хуҷанд, 2006. – С.103.

         Шукуров, И. Меҳр аз хурдӣ шавад эҳсос [Матн] // Паёми Душанбе. – 2006. – 17 феврал.

Таҳияи Миҷгонаи Кароматуллозода,
Корманди шуъбаи  библиографияи миллӣ