Рӯ ба илм. Ғалсама чиро гӯянд?

Ғалсама узви нафаскашии баъзе ҳайвоноти обӣ. Ғалсама девораҳои тунук дорад. Аз хун ё моеъе, ки дар девораҳои ғалсама давр мезананд, гази карбонат (СО2 ) ба об хориҷ ва оксиген (О2) ҷабида мешаванд. Ғалсама дар ҷараёни таҳаввулот бори аввал дар ҳалқакирмҳо пайдо шуда, шакли навори ҳамвор, шонамонанд ё дупарра, инчунин торҳои муқаррарӣ ё шохамонанд дошт. Он дар узвҳои изофии паҳлуии ҳаракат (дар намудҳое, ки озод ҳаракат мекунанд) ё дар сар (дар намудҳое, ки дар лўлаҳо зиндагӣ мекунанд) ҷойгир аст.

Ғалсамаи ктенидия ном нармбадан барҷастагии душоха буда, дар ковокии чинҳои пўст қарор дорад. Ғалсамаи нармбаданҳои лавҳачағалсама навори тўрмонандро мемонад. Дар нармбаданҳои шикампо бинобар номутаносибии бадан ғалсамаи тарафи рост нест шудааст; дар аксарияти онҳо аз сабаби гузаштан ба тарзи ҳаёти хушкӣ ғалсама тадриҷан тахфиф шуда, қисмате аз ҳуфраи чинҳои пўст ба узви нафаскашии ҳавоӣ табдил меёбад. Ғалсамаи харчангшаклҳо чун узви изофии пойҳо рушд мекунад; қисми зиёди харчангшаклҳои дараҷаи паст (белпойҳо, гўшмоҳидорон) ғалсама надоранд. Дар харчангшаклҳои олиташаккул ғалсама изофаи дупарра ё серқабати пойҳои сарсина мебошад. Дар натиҷаи ба ҳаёти хушкӣ мутобиқ шудани баъзе харчангшаклҳо (намудҳои тропики харчангҳои баҳрӣ, харчангҳои гўшанишин ва ғайра). Ғалсама батадриҷ сода шуда, ковокии ғалсамавӣ ба ковокии шушӣ табдил ёфтааст, ки барои нафас кашидани ҳаво созгор аст.

Кирминаҳои ҳашарот, ки дар об зиндагӣ мекунанд (масалан, кирминаи баъзе сўзанакҳо), як навъ ғалсамаҳои трахеявӣ доранд. Барҷастагиҳои девори онҳо тунук буда, дар қисмҳои гуногуни бадан ҷой гирифтаанд. Тавассути девораҳои ғалсамаи трахеявӣ мубодилаи газҳо ба вуҷуд меояд. Аз сўзанпўстон танҳо хорпуштҳои баҳрӣ ва ситораҳои баҳрӣ ғалсама доранд.

 Ҳамаи ҷонварони хордори аввалини обӣ дар халқ сўрох ё роғҳои ғалсамавӣ доранд. Онҳо бевосита ба берун ё ба ҳуфраи махсуси наздиғалсамавӣ, ки ба муҳити атроф пайваст аст, боз мешаванд. Дар рўданафаскашҳо, пардадорон ва беҷумҷумаҳо (лансетникҳо) мубодилаи газ ҳангоми гузаштани об аз роғҳои ғалсамавӣ, ки дар байни девораҳои онҳо рагҳои хунгард мавҷуданд, сурат мегирад. Гирддаҳонҳо 6-14 ҷуфт халтаи ғалсамавӣ доранд, ки аз баргакҳои ғалсамавии энтодермӣ ба вуҷуд омадаанд. Камонакҳои ғалсамавии тақсимнашуда дар беруни халтачаҳои ғалсамавӣ ҷойгиранд. Баргакҳои ғалсамавии моҳиҳо аз эктодерма ташаккул меёбанд. Нимғалсамаҳои ду роғи ғалсамавии ҳамсоя, ки аз пасу пеши девораи ғалсамавӣ ҷойгиранд, ғалсамаи комилро ба вуҷуд меоваранд.

Дар гўшаи дохилии девораҳои ғалсамавӣ камонакҳои ғалсамавии ғузруфӣ ё устохонии банддор мавҷуданд. Канори беруни девораҳои ғалсамавӣ фақат дар наҳангҳо роғи ғалсамаро мепўшонад. Девораҳои ғалсамавии тосмоҳиҳо нисбат ба наҳангҳо кўтоҳтар буда, дар моҳиҳои устухондор қариб тамоман нест шудаанд. Дар обхокиҳо ғалсама узви нафаскашии кирминагӣ дар об аст. Баъзе обхокиҳо (обхокиҳои думдор) ғалсамаи берунӣ ва обхокиҳои дигар (обхокиҳои бедум) ғалсамаи дарунӣ ва берунӣ доранд. Ғалсамаи берунии баъзе обхокиҳои думдор тамоми умр боқӣ мемонад.

Саламандра (масалан, саламандраи калифорнӣ)-ҳое, ки ба тарзи зиндагонии рўйизаминӣ – ҳавоӣ гузашта зиндазой шудаанд, марҳилаи кирминагиро бо ғалсамаи берунӣ паси сар намекунанд. Дар обхокиҳои бедум (масалан, қурбоқаи тропикии дарахтгард), ки бо об робита надоранд, ҳатто дар давраи тухммонӣ низ ин марҳалаи афзоиш вуҷуд надорад. Дар пўсти баъзе қурбоққаҳое, ки шуши онҳо номукаммал аст, барҷастагиҳои сершумори муваққатӣ падид омада, вазифаи ғалсамаро иҷро мекунанд.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 41-42.

Муаллиф:  Т. Ҷўраев

Таҳияи Фирӯза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.