Нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд ахиран китоби нави шоири маъруф Хайрандешро бо номи “Ҳамешабаҳор” (Китоби аввал) бо ҳуруфи крилӣ ва форсӣ аз чоп баровард. Ба назар мерасад муаллиф талош кардааст беҳтарин нигоштаҳои худ аз нимаи дуюми солҳои 80 асри гузашта то ба имрӯзро гулчин ва интишор диҳад. Хайрандеш бунёдгузори маҳфиле бо ҳамин ном аст, ки ҳоло иборат аз се қисмат ё се маҳфил бо номҳои “Ҳамешабаҳор”, “Равшандилон”, “Дунёи китоб” дар Китобхонаи миллӣ гардон мебошад.
Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович) 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ
Як давраи омӯзишие, ки аз аввали моҳи феврал бо ибтикори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ барои сардорону муовинони шуъбаҳо, бахшҳо ва марказҳо оғоз шуда буд, ахиран ба поён расид. Ин давраи омӯзишии кутоҳмуддат “Таҳияи ҳуҷҷатнигорӣ” ном дошт. Омӯзгорон барои ин давраи омӯзишӣ аз Академияи идоракунии даввлатии назди
Сумая Аҳмадӣ зодаи кишвари Афғонистон аст, ки дар Донишгоҳи шаҳри Теҳрон дар бахши равоншиносӣ таҳсил мекунад. Ў дирўз ба сайёҳати Китобхонаи миллии Тоҷикистон омад ва баъди боздид аз толорҳои хониш ва осорхонаи китоб таасуроташро чунин баён намуд:
Ман ҳар кишваре, ки меравам аввал китобхона ва донишгоҳашро мебинам. Маризи китоб ҳастам (механдад). Ба адабиёт ва забони форсӣ алоқа дорам, чун худам форсизабон ҳастам. Аз хурдӣ алоқа доштам, ки дар кишварҳои форсизабон, Тоҷикистону Эрону Афғонистон биравам, ки дар ҳар сеи ин кишварҳо бо далоили муҳоҷират, падар, модар, хона ва саёҳат ин ҷо омадам. Назар ба дигар ҷоҳо чизе, ки хушам омад забон