Сумая Аҳмадӣ зодаи кишвари Афғонистон аст, ки дар Донишгоҳи шаҳри Теҳрон дар бахши равоншиносӣ таҳсил мекунад. Ў дирўз ба сайёҳати Китобхонаи миллии Тоҷикистон омад ва баъди боздид аз толорҳои хониш ва осорхонаи китоб таасуроташро чунин баён намуд:
Ман ҳар кишваре, ки меравам аввал китобхона ва донишгоҳашро мебинам. Маризи китоб ҳастам (механдад). Ба адабиёт ва забони форсӣ алоқа дорам, чун худам форсизабон ҳастам. Аз хурдӣ алоқа доштам, ки дар кишварҳои форсизабон, Тоҷикистону Эрону Афғонистон биравам, ки дар ҳар сеи ин кишварҳо бо далоили муҳоҷират, падар, модар, хона ва саёҳат ин ҷо омадам. Назар ба дигар ҷоҳо чизе, ки хушам омад забон аст. Чун ин ҷо туро ҳама мефаҳманд, ниёз нест як миқдор пайса бидиҳӣ ва тарҷумон бигирӣ.
Ба Тоҷикистон ҳам, ки омадам, аввал аз Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намудам. Донишгоҳи давлатии миллиро низ диданӣ ҳастам. Чанде аз бозорҳоро низ давр задам, бозорҳои қашанге доред. Чун дар риштаи равоншиносӣ таҳсил мекунам, амнияти равонӣ бароям дар авлавият қарор дорад. Қатъан амнияти равонӣ замоне вуҷуд дорад, ки амнияти ҷонӣ вуҷуд дошта бошад. Агар мо ҷое бошем, ки амнияти равонӣ набошад, амнияти ҷонӣ ҳам хоҳӣ-нахоҳӣ надорем.
Як чизе, ки дар Тоҷикистон хушам омад, ин аст, ки мисли Эрону Афғонистон нест, ҳар кас худаш аст. Агар касе мехоҳад чодар мепўшад, агар касе намехоҳад намепўшад. Ҳар кас ҳар рақам, ки мехоҳад, мебошад. Хонумҳо аз ҳаққу ҳуқуқашон зоҳиран дифоъ мекунанд. Дар ин росто онҳо бештар аз мо ҳастанд ва мо бояд масиреро, ки занҳои тоҷик тай карданд, тай кунем. Ин чизҳоест, ки барои ман бисёр ҷолиб аст: яке амнияти равонӣ, яке озодие, ки дар наҳваи зиндагӣ ва пўшише, ки доранд.
Аз боғҳои Душанбе дидан кардам. Боғи нависанда Садриддин Айниро дидам, ки ҷои маънавие буд. Каме шабеҳ ба оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ аст. Ҳамон ҳолати гунбад ва сутунҳояш маро ба ёди Ҳофизи Шероз андохт.
Боғи Рўдакӣ низ бароям бисёр ҷолиб буд. Дар Тоҷикистон эҳсоси бегонагӣ намекунам. Фикр намекунам, ки аз хонаи худам Афғонистон хеле дур шуда бошам, хаёл кардам ба кадом вилояти Афғонистон рафтам. Як рўз ба худ мегуфтам мисли ин аст, ки Кобул амният бошад (механдад). Куллан Тоҷикистон бароям ҷолиб буд. Бахусус масоили забонӣ, фарҳангӣ, рафтори мардум ва эҳсоси амнияти равонии мардум. Иншооллоҳ умедворам то охир ҳамин тавр бимонад. Мардуми Тоҷикистонро бештар аз собиқ дуст дорам.
Мехоҳам биноҳои таърихӣ, Қалъаи Ҳисор ва шаҳри Хуҷанду бузургтарин масҷиди Осиёи Миёнаро, ки дар Душанбест, бубинам. Ман онро аз Гугл дидам.
Аз Китобхонаи миллӣ наққошии бузурги он маро тасхир кард. Чӣ қадар гуфтаниҳои зиёд дар он наққошӣ ҳаст, ҷолиб аст, ки он наққошӣ дар Китобхонаи миллист. Барои касоне, ки сайёҳат меоянд ё дарс мехонанд, мебинанд, ин таърих аст. Ҳаводиси муҳим ва таърихро мебинанд. Фикр мекунам хеле муҳим аст, ки одам чизҳои арзишманд ва муқаддасро бубинад, то дар зеҳнашон бимонад.Чун агар мо набинем, кам-кам фаромўш мешавад.
Дар Афғонистон китобхонаи «Дор-ул-Қуръон» ҳаст, ки мардум метавонанд аз он ҷо китоб бигиранд, хона бубаранд ва пас аз мутолиа баргардонанд. Агар наоварданд ҳар рўз як миқдор ҷарима месупоранд. Дар Кобул китобхонаи ҳавзаи «Хотамуннабӣ» ҳаст. Ин китобхонаи шахсӣ барои донишҷуён аст. Дар он китобҳои шакли ПДФ хеле зиёд аст. Китобхонаи мазкур адабиёти зиёд дорад. Китобхонаи марказии Кобул сохтмони ҷудогонаву бузург аст. Дар кишвари мо донишгоҳу донишкада ва муассиса китобхона дорад, ки дар муқоиса бо китобхонаҳои мо Китобхонаи миллӣ хеле бузург аст.
Таҳияи Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.