Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба анҷом расид. Шоҳҷоиза насиби Раъно Насриддинова шуд
Нашр шуд 2020-12-19 12:52
Ҳеч гузорише беҳтар аз суратгузориш нест. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар як суратгузоришест, ки қисман аз саҳифаҳои иҷтимоӣ гулчин шуд, вале қисмати асосии онро аз гузориши дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки махсус барои расонаҳо таҳия шуда буд, гирифтем. Сипос ба ҳамкасбони мо аз дафтари матуботии Вазорати маориф ва бахусус ба ҳамқалами мо Эҳсони Хушбахт, ки ин суратгузоришро оҷилан омода ва дар ихтиёри расонаҳо гузоштанд.
Ин дуввумин озмуни ҷумҳуриявӣ буд, ки шоми дирӯз дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳузури густардаи донишмандон, шоирону нависандагон, донишҷӯён, рӯзноманигорон ва наздикону пайвандони ширкаткунандагон доир гардид. Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сухани муқаддимавӣ аз поёни даври ниҳоии озмун ва муайян шудани ғолибон паём дод.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт:
“Аз рӯйи кору фаъолияте, ки ҳакамон ба анҷом расониданд, ҳудуди 270 нафар довталабоне, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзиданд, 76 нафари он соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ: ҷойҳои якум дуюм ва сеюм гаштанд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозист.
Хушбахтона, дирӯз барои муайян намудани “Шоҳҷоиза” 5 нафар ариза навиштанду ширкат намуданд ва ниҳоят, ғолиби Шоҳҷоиза муайян гардид. Самимият муҳаббат ва сидқу эҳтиром ба китоб доштанро водор намуд, ки дар ин озмун аз кӯдаки 5 сола, то нафақахӯри 70 сола ширкат варзанд. Дар ин озмун аз ҳамаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо намояндагон иштирок доштанд. Аз вилояти Суғд 60 нафар, аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 нафар, аз вилояти Хатлон 79 нафар, аз ноҳияҳои тобеи кишвар, ба хусус аз минтақаи Рашт 27 нафар, аз ноҳияи Ҳисор 36 нафар ва аз шаҳри Душанбе 50 нафар дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ширкат варзиданд. Маврид ба ёдоварист, бо пешниҳоди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар, ба сифати довталаб, ки иштирок мекарданд, барои қабул шудан ба факултетҳои филологияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни имсола номинаи “Шоирӣ” нав буда, дар қисмати ниҳоии он 23 нафар ширкат варзиданд. Ва миёни онҳо 3 нафаре, ки беҳтарин буданд, ба узвияти Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон пазируфта мешаванд. Новобаста аз оне, ки ин бемории ҳамагир ҷаҳонро фаро гирифта буд, дар қиёс ба соли қаблӣ довталабони имсола фаъолтару боҷуръаттар буданд. Боиси хушнудӣ аст, ки дар озмуни соли ҷорӣ калонсолон низ бо завқи хоса омодагӣ дида, дар ҳар як номинатсияе, ки ширкат доштанд, бо истеъдоди баланди хеш кӯшиш менамуданд, ба ҳамаи суолҳои ҳайати ҳакамон посух гӯянд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, иддае аз довталабоне, ки дар озмун ширкат доштанд, шахсони дорои имконияташон маҳдуд хусусан нобино буданд. Онҳо бо ҷавобҳои хеш ҳайати ҳакамонро қонеъ карда тавонистанд. Ва хушбахтона соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ низ гардиданд”.
Ғолибон яке паси ҳам ба минбар даъват мешуданд ва диплом ва ҷоизаро дарёфт мекарданд. Чеҳраҳои гарму лабрез аз табассум ва шод толори бошукӯҳи театрро боз ҳам нуронитар карда буд.
Шоҳҷоиза насиби Раъно Насриддинова- хонандаи синфи 11-и МТМУ №28 деҳаи Сорӣ шаҳри Панҷекат шуд.
Пештар ҳам суҳбате бо Раъно Насриддинова дар сомонаи мо интишор ёфта буд. Агар ирода набошад на истеъдод ба кор меояд, на устод
Аммо ҳамкорамон Руқия Гадоалиева низ баъди эълон барандаи шоҳҷоиза шудани Раъно бо ӯ бори дигар ҳамсуҳбат шуд, ки он низ дар саҳифа гузошта хоҳад шуд.
Кулли ғолибонро муборакбод мекунем ва барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно дорем.