Ҳамоиш ба ифтихори қабули қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат»
Нашр шуд 2015-12-30 21:36
Ҳамоиш ба муносибати қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуда, омили аслии рушду нумуъ ва субот дар мамлакатро дар ваҳдате донист, ки ба шарофати талошҳои ҳамешагии Сардори давлат ба даст омадааст. Вай аз ҷумла гуфт, ки “дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун тўҳфаи беназири Офаридгор ба миллати сарбаланди тоҷик ҳадя шуд. Ҳамзамон, ин шахсият ба мо на танҳо сулҳ, балки бахту иқбол ва сарсабзиву пирўзиро муҳайё сохт”.
Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси фраксияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон Бахтовар Сафаров оид ба хизматҳои беназири роҳбари давлат барои рушду нумўъи кишвар сухан ронд ва гуфт, ки зиндагии осоиштаи имрӯза худ як нишони заковати роҳбарест, ки миллаташро дӯст медорад ва ин миллат ба хизматҳо фарзанди шоистаи худ аҷр мегузорад.
Бахтовар Сафаров қайд намуд, ки 9-уми декабри соли 2015 ҳамчун рўзи фаромўшнашаванда хоҳад буд. Зеро дар ин рўз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат» дар таърихи давлатдории мо боқӣ хоҳад монд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодик аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии озоду созанда ва суботи ҳамешагӣ сухан ронд ва гуфт, ки ҷавонони кишвар аз ин сиёсат ҷонибдорӣ мекунанд ва худро пайрав ва идомадиҳандаи роҳи Пешвои миллат медонанд. Вай аз ҳамагон даъват намуд, ки ин пешвои арзандаи миллатро бо нақди ҷон аз чашми ҳасудон чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиш мулоқот бо адиби ваҳдатсаро Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид.
Муҳаммад Ғоиб шеърҳои дар васфи Ватан, Ваҳдат ва барои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҷод намудаашро қироат кард.
Донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон аз ашъори шоири маъруф намунаҳо қироат карданд.