“Биёед китобхона меравем-2”
Нашр шуд 2015-11-03 20:35
Толори “Ошёни булбулон”- и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бори дигар пур аз толибони китоб шуд. Ин бор ба даъвати “Биёед китобхона меравем”-ро устодону донишҷўёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон пазируфтанд.
Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Кониститутсия (Сарқонун) доир шуд. Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ аз торихи Сарқонун ва моҳияти он ҳарф зад.
Директори Китобхонаи миллӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар шуда, дар ин росто хизматҳои Сарвари давлат Эмомали Раҳмонро барои наврасону ҷавонон шоиставу арзанда хонд. Вай гуфт, масъалаи ҷавонон як бахши муҳими сиёсати давлатдорист ва Сарвари давлат пайваста ба ин на танҳо таъкид мекунад, балки ҳамвора ҷавононро ба фаъол будан, омӯзиши илм ва маърифат ташвиқ менамояд.
Сайфиддин Назарзода ёдовар шуд, ки Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғояҳои башардўстона иборат буда, он инъикоскунандаи суннатҳои ғании халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз барчастатарин намунаҳои фарҳанги ниёгон китобҳои муқаддаси “Қуръон” ва “Авасто”, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони ториху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардидаамон сарчашма мегирад.
Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханрониаш ба торихи китобхона, имкониятҳои он руҷуъ кард ва гуфт, ки бо ин гуна имконоти васеъ Китобхонаи миллӣ дар минтақа нодир аст. Пас ҳайф аст ҷовони имрӯз аз ин имкониятҳо бебаҳра бошад.
Вай аз донишомӯзони ҷавон даъват кард ҳар лаҳзаи умрро самаранок истифода баранд ва Китобхонаро ба макони ҳамешагии омӯзишҳои худ табдил диҳанд. Аз сӯйи дигар кормандони китобхона ҳамеша интизори хонандаанд, ҳамеша аз хизматрасонӣ ба хонандаи ковандаву ҷӯянда шод мешаванд. Вай гуфт бойгонии китобхона дорои бештар аз 10 миллион китоб бо забонҳои гуногун аст.
Мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Ҷалолиддин Нуров дар мавзўи «Нақши китоб дар афкори хонанда» суханрони намуда, ёдовар шуд, ки китоб манбаи илму дониш аст, китоб аст, ки роҳи инсонҳоро ба сӯйи маърифат рушан мекунад. Китоб аст, ки бузургон ба унвони ганҷинаи бебаҳои башарият донистаанд.
Вай бо таваҷҷуҳ ба пешрафти илм, воситаҳои коммуникатсионӣ иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ он имконеро дорад, ки хонандаро бо муҳимтарин китобҳои олам дар шакли электронӣ шинос намояд. Таъкид кард, ки бо вуҷуди рушди бемайлони интернет он натавонист ҷойгузини китобхона бошад.
Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур тарғиб ва ҷалб намудани донишҷўён ба китобу китобхона мебошад.
Дар охири чорабинӣ саҳначаи ҷолибе бо номи “Китоб дӯсти беҳтарини инсон аст” намоиш дода шуд, ки онро хонандагони Литсейи №2 шаҳри Душанбе омода карда буданд.