Парвози руҳи Мавлоно дар маҳфили “Оламафрӯз”-и Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2015-11-13 19:00
Маҳфили адабиву фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи “Оламафрӯз”, ки баъд аз зуҳри рӯзи 12 ноябр баргузор гардид, яке аз хотирмонтарин чорабиниҳои ҳафтаи охир буд. Маҳфилоро шоири шинохта Хайрандеш ва базморо ҳунарманди маъруфи кишвар Қурбоналӣ Раҳмон буд, ки бо таронаҳои нобаш аз ғазалҳои Мавлоно Мавлавии Балхӣ хотири ширкаткунандагонро шод кард. Ва худи маҳфил асосан бӯйи Мавлоно мекард, чун суҳбат атрофи ғазалҳои ин ошиқи шӯрида ва ин сухансарои варзида мерафт.
“Оламафрӯз” тибқи тарҳи пешниҳодӣ ҳар моҳ як маротиба, ҳар панҷшанбеи дуюм бо ширкати ҷамъе аз дӯстдорони каломи бадеъ, устодони донишгоҳҳо, шогирдон, хонандагон ва кормандони Китобхона баргузор мешавад.
“Оламафрӯз” тарҳи баҳсист, яъне атрофи ин ё он ғазал ва шоҳбайт баҳси илмӣ сурат мегирад ва дар ин баҳс ҳама имкон доранд ширкат кунанд, андешаву афкори худро баён доранд.
Шеваи баргузории он низ нав аст. Шоир Хайрандеш, ки муаллиф ва гардонандаи ин маҳфил аст, ҳар шумораи онро аз ҳафт ангеза дар назар гирифтааст. Дар аввалин маҳфил дар ҳафт ангеза ҳафт ғазали Мавлоно ва ҳафт шоҳбайт таҳлил шуд. Дар миёни ҳар ангеза Қурбоналӣ Раҳмон як тарона ба ашъори Мавлоно хонд.
Муаллифи тарҳ дар ҳар маҳфил қасд дорад як бузургмарди адабиёти форсиву тоҷикиро интихоб кунад ва онҳоро ин гуна номгузорӣ кардааст: Афрӯзаи “Фурӯғи Мавлавӣ”, Афрӯзаи “Фурӯғи Иқбол”, Афрӯзаи “Фурӯғи Саъдӣ”, Афрӯзаи “Фурӯғи Турсунзода” ва ғайра.
Саҳна ба гунаи ҷолиб ороиш ёфтааст. Дар толор аз ду тараф 49-нафарӣ, ҷамъ 96 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Тарафи рост бурҷи “Армуғон” ва тарафи чап бурҷи “Арғувон” ном дорад.
Бурҷҳо ҳафтқаторӣ доранд ва он қаторҳо “Ангораҳо” номида шудаанд. Ҳар “Ангора” ҳафт ҷойи нишаст дорад. Ва ин ду бурҷ дар шаҳри ғазалҳову шоҳбайтҳо гӯё бо ҳам дар мусобиқаанд.
Атрофи бурҷҳо бо номи “Ҳафт ахтар” 7 ҷойи нишаст дуруст карда шудааст ва ин ҳафт нафар ҳар кадом дар даст микрофон доранд ва маҳфилороро ёрӣ мекнунад.
Дар рӯ ба рӯ бо аҳли толор 7 ҷойи нишасти дигар ҳаст, ки ҳафт навозанда нишастаанд ва он “Ҳафт ранг” номида шудааст.
Ҳамчуноне гуфтем маҳфили аввал хеле шавқовар гузашт, мисли он буд, ки дар фазо руҳи Мавлонои Балхӣ ба парвоз омад. Ғазалҳои ӯро қироат карданд, шарҳ доданд ва таронаҳоро бар ашъори ӯ шуниданд.
Маҳфили оянда 10 декабри соли 2015 баргузор хоҳад шуд.