Ҳамоиши илмию –оммавӣ бахшида ба рўзи Сарқонун ба анҷом расид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бахшида ба рӯзи Сарқонун  баргузор шуд.  
Ҳамоиш бо ширкати ҳудудан 500 нафар донишҷӯён, устодон, пажуҳишгарон ва донишмандони саршиноси кишвар доир гардид ва ҳадафи он ёдрас кардани рӯзе буд, ки дар Тоҷикистон ҳамасола чун Рӯзи Конститутсия (Сарқонун) таҷлил мешавад.
 Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода бо истиқбол ва арзи сипос аз ҳамаи касоне, ки даъвати ширкат дар ин ҳамоишро пазируфтаву омаданд, як сухани муқаддимавӣ дар бораи Сарқонуни кишвар ва моҳияти он дошт. Сайфиддин Назарзода аз нуқтаи назари худ шарҳ дод, ки чаро мо бояд ин санаро ҳамасола таҷлил кунем ва чаро он басо муҳим аст.
Директори Китобхонаи миллӣ Сарқонунро санади тақдирсоз ва муҳими миллӣ хонд. Вай дар идомаи суханронӣ аз нақши созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сохти конститутсионии мамлакат ҳарф зад ва гуфт: Сарвари давлат ҳамеша ба волоияти қонун ва риояи он барои ҳар шаҳрванд таъкид мекунад ва аз нахустин рӯзе, ки сарварии Тоҷикистонро ба уҳда гирифтааст, пайваста барои таҳкими он талош мекунад. Маҳз ҳамин таъкидҳо буданд, ки имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи таърихии худ ворид шудааст. “Конститутсияи кишвар таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешрафтҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мусоидат кардааст”,-гуфт ӯ.
  Акдемик Носирҷон Салимов, ректори Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе Сарқонунро асоси пешрафту созандагӣ ва оромию  осудагии кишвар маънидод намуда, онро маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар номид. Ба гуфтаи академик Салимов ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Низом Қосим дар суханронии худ аз Эломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ёд кард ва гуфт ниёкони мо аввалин касоне буданд, ки ба қонунмандии ҷомеа ва риояи ҳуқуқи башар эҳтиром гузоштанд. Эъломияи Куруши Кабир нахустҳуҷҷат дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ва дахлнопазирии манзил ва татбиқи он аст. Ў баён дошт, ки Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин намудааст.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Атҳам Абдуллозода дар суханронии худ ёдовар шуд, ки дар  саҳифаҳои таърих номи ҳар халқу миллат тавассути илму фарҳанг ва санъату ҳунари воломақомаш сабт мешавад. Дорои таъриху маданият ва санъату адабиёти бою қадима будани халқи тоҷик ба оламиён маълум аст. Дар ин замина моро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон  таърихи гузаштагонамонро омўзем ва ояндаамонро бо дасти ҷавонон ободу зебо намоем.
Пажуҳишгари тоҷик Абулғаффори Камол  ёдовар шуд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуччати сиёсию ҳуқуқӣ, ба фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ, соли 1787 дар ИМА ба вуҷуд омада, дар танзими муносибатҳои ҷамъияти нақши аввалиндараҷаро ба зимма гирифт. Номбурда гуфт, ки дар сурати риояи бечунучарои қонунҳо мо метавонем адолати иҷтимоиро дар ҷомеа ба таври амалӣ ҷорӣ намоем. Вай аз фармудаи файласуфи юнонӣ Сисерон ёд кард, ки гуфта буд: “Агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош».
Дар поёни ҳамоиш миёни ширкаткунандагон муколама доир шуд ва хонандагону донишомӯзон ба суолоти зиёди худ посухҳои дақиқ дарёфт намуданд.