Китобҳои нав

Китоби нав: “Душанбе қалби Тоҷикистон”

 Чунин ном дорад китобе, ки ахиран ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чоп шуд. Ин китоби хуб бо ороишоти ранга, расму мусаввараҳои бешумор аз таърихи пойтахт ҳикоят мекунад. Муаллиф Мирзоамин Мирсаидзода, ки худ собиқадори пойтахт аст, дар вазифаҳои масъули м ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри душанбе кору фаъолият намудааст, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба рӯйдодҳои фараҳбахши пойтахт, корҳои созандагию ободонӣ баҳои сазовор диҳад. Дар муқаддима аз ҷумла омадааст:

Душанбе шаҳрест дилпазиру озода ва ҷавону қадим. Он мисли қалбест, ки ҳаёту мамоти тамоми Тоҷикистони азиз аз тапидану

Китоби нав дар бораи корномаи Пешвои миллат

Дар нашриёти «Контраст»-и ш.Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакат Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

 Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин 

Китоби нави Зафар Сайидзода дар бораи сиёсати хориҷии Пешвои миллат

 Китоби нави Зафар Сайидзода “25 лет внешней политики Президента Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмона (солҳои 1992 – 2017): исторические аспекты становления и развития» аз чоп баромад. Тавре аз номаш пайдост, ин китоб аз сиёсати хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи 25 соли ахир ҳикоят мекунад. Таҳлили олимонаву коршиносонаи муаллиф имкон медиҳад, ки ҷомеаи всеъи хонандагон: сиёсатшиносон, Дипломатҳо, пажӯҳишгарон, муаррихон, устодони макотиби олӣ, донишҷӯён аз он ба таври густардаву ҳамаҷониба истифода кунанд.

Китобҳои тозанашри Саймумин Ятимов барои хонандагони Китобхонаи миллӣ дастрас шуданд

 Чор китоби тозанашри Саймумин Ятимов бо номҳои “Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ”, “Илм ва амният”, “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт”, «Системный подход в теории и методологии исследования проблем экономической безопасности государства» ахиран вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва ҳоло ба толорҳои хониш тақсим шудаву барои мутолиаи умум дастрас гардидааст. Ин чаҳор китобест, ки соли 2019 дар шаҳри Душанбе интишор ёфтаанд.

Ҷилди дигари китоби “Нури Ваҳдат” аз чоп баромад

 Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” нашриёти “Истеъдод” дар остонаи ҷашни Ваҳдат ҷилди дигари китоби “Нури Ваҳдат”-ро интишор дод. Гуфта мешавад, ки ба шумор ин сивуякумин ҷилд аз ин силсила аст.  Мураттибони китоб Рамазонӣ Давлатов, Умриддин Юсуфӣ ва муҳаррири масъули он  Мирозошоҳрух Асрорӣ мебошанд.

Дар хабари “Ховар” мехонем: То ҷое мусаллам  аст, рисолати асосии  адабиёти миллӣ, ки ҷузви таркибии

Муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин

 Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид. Дар ин вохурӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” доир шуд.

 Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти “Ренмин” ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам

Страницы