Китобҳои нав

“Гулшани тавҳид” шарҳи мағуби “Маснавии маънавӣ”

Муаллифи китоби “Гулшани тавҳид” Иброҳим Шоҳидии Муғлавист. Ин китоб соле пеш дар чопхонаи “Вектор-Канд”-и шаҳри Конибодом чоп шудааст. «Гулшани тавҳид» - яке аз шарҳҳои марғуб ва хуби «Маснавии маънавӣ»- и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ аст, ки дар садаи ХVI мелодӣ ба забони форси тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф аз ҳар дафтари «Маснавии маънавӣ» сад байт баргузида, ҳар байтро бо панҷ байт шарҳ додааст. Дар китоби мазкур зиёда аз шашсад байти «Маснавӣ»-и Мавлоно овардаву тавсир шудаанд. Ин аввалин нашри китоби “Гулшани тавҳид” дар кишвари мост ва ноширон мегӯянд ба умеди баҳрабардории ҳамаи дилбастагони адабиёт ва фарҳанги миллӣ даст ба ин кор задаанд.

Китоби нави Пешвои миллат муаррифӣ шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати донишмандону пажуҳишграони кишвар ва хориҷ рӯнамои китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат- ҳастии миллат» баргузор шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода –Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сухани муқаддимотии худ дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат –ҳастии миллат»-ро дастоварди

«Таърихи Байҳақӣ»-и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ

Китоби «Таърихи Байҳақӣ»  дастраси хонандагон гардид. Таҳиякунандаи китоб, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон буда, муҳаррири масъули китоб Обид Шакурзода мебошад. Асар зери назари академик Носирҷон Салимзода аз нашр баромадааст. Китоб соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар матбааи «Нашриёти Бухоро» дар ҳаҷми 763 саҳифа ва теъдоди 200 нусха ба табъ расидааст.

Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ мебошад. «Таърихи Байҳақӣ» аслан бо номи «Таърихи Масъудӣ» таълиф шуда, бо исми муаллифи донишманду нуктасанҷаш Байҳақӣ, ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст ва ин асар муҳимтарину дақиқтарин китоби таърихӣ ва аз осори камназири насри порсӣ аст.

Тарҷумаи тоҷикии “Тоҷикон”-и Александр Шишов аз чоп баромад

Маркази Тоҷикшиносӣ-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Тоҷикон-и донишманди машҳури рус Александр Шишовро дар ҳаҷми 456 саҳифа аз чоп баровард. Асари мазкур бори аввал соли 1910 дар Тошканд ба чоп расида буд. Соли 2006 бошад, ин китоб бо эҳтимоми донишманди тоҷик Қодири Рустам дар шаҳри Олмотии Қазоқистон мунташир шуд. Дар асоси ҳамин нусха шоир ва тарҷумони тоҷик Ислом Юсуфӣ ин китобро ба тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин асар зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода рўи чоп омадааст ва масъулияти таҳрири онро Алишери Муҳаммадӣ ба дўш дорад. Дар китоб асосан дар хусуси рўзгори фарҳангии тоҷикони кўҳистони Осиёи Миёна – Қаротегин, Вахё, Дарвоз, Шуғнон, Рўшон ва болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Яғноб, Фалғар, Киштуд, Моғиён ва ғайра дар охирҳои садаи XIX ва оғози асри XX

Тақдими сад китоби як ҳуқуқшинос ба Китобхонаи миллӣ

Полковник Ҳайдар Муҳаммадиев, корманди дафтари намояндагии  Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон 100 дона китоби тозанашри худ  "Маҷмуаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ  оид ба ислоҳоти милитсия"-ро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Ин китоб бо дастгирии молиявии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон интишор ёфта, як дастури хуби омӯзишии ҳуқуқӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор меравад.

Страницы