«Таърихи Байҳақӣ»-и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ
Китоби «Таърихи Байҳақӣ» дастраси хонандагон гардид. Таҳиякунандаи китоб, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон буда, муҳаррири масъули китоб Обид Шакурзода мебошад. Асар зери назари академик Носирҷон Салимзода аз нашр баромадааст. Китоб соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар матбааи «Нашриёти Бухоро» дар ҳаҷми 763 саҳифа ва теъдоди 200 нусха ба табъ расидааст.
Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» Хоҷа Абулфазл Муҳаммад Ибни Ҳусайни Байҳақӣ мебошад. «Таърихи Байҳақӣ» аслан бо номи «Таърихи Масъудӣ» таълиф шуда, бо исми муаллифи донишманду нуктасанҷаш Байҳақӣ, ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст ва ин асар муҳимтарину дақиқтарин китоби таърихӣ ва аз осори камназири насри порсӣ аст.
Пас аз он ки аз ҷониби як нафар низомии таърихдўсти англис бо исми Морлей соли 1862 ин асар дар Ҳинд ба чоп расид, таваҷҷуҳи олимон ба он бештар гардид. Муҳаққиқон асари Байҳақиро дар зоти худ беназир ва дар радифи се сарчашмаи муҳимтарини таърихии порсӣ ном бурдаанд.
Китоб бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон чоп шудааст.
Рӯзҳои наздик гузинаи электронии онро дар сомонаи Китобхонаи миллӣ хоҳед хонд.