Ошноӣ бо «Зайну-л-ахбор»-и Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ

Китоби Абусаид Абдулҳайи Гардезӣ «Зайну-л-ахбор», ки соли 2014 бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидааст, аз ҷумлаи маъруфтарин асарҳои таърихӣ ва мардумшиносист.

Донишманди варзида Қодири Рустам, ки матни ин китобро аз форсӣ ба срилик баргардон кардааст, дар сарсухан менависад: «Зайну-л-ахбор» ба унвони маъхази таърихӣ ва мардумшиносӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи донишмандон будааст ва ба таври комили бозмонда ва ё мухтасар ба забони асл (форсӣ) ва тарҷумаи он ба забонҳои дигар мукарраран ба табъ расидааст”.
Муаллифи «Зайну-л-ахбор» Абусаъид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезӣ дар таълифи китоби хеш аз осори донишмандони гузашта ва муосири риштаҳои мухталифи илм, аз ҷумла Ибни Муқаффаъ, Абузайди Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ, Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Руста, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ (вазири донишманди Сомониён), Абулҳусайн ибни Аҳмади Силламӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон фаровон истифода кардааст. Аҳаммияти ин наҳваи таълифи китоб на фақат дар он гунро дар як асар фаро бигирад, балки бештар аз он «Зайну-л-ахбор» мундариҷаи бархе китоби муҳимми таърихиро (аз ҷумла китоби Силламӣ «Таърих фӣ ахбор вулот Хуросон»), ки мафқуд гаштаанд, то ба рўзгори мо маҳфуз доштааст.
«Зайну-л-ахбор» ягона китобест, ки аз Гардезӣ то замони мо расидааст ва маълум нест, ки ин донишманди маъруф таълифоти дигаре ҳам доштааст ё на.
«Зайну-л-ахбор» ба унвони маъхази таърихӣ ва мардумшиносӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи донишмандон буда, он дар шакли пурра ва мухтасари бозмонда бо забони асл (форсӣ) ва дар шакли тарҷума ба забонҳои дигар борҳо ба табъ расидааст.

 

Пудинаев Умед,
мутахассиси пешбари
Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дарёфти китоб: Зайну-л-ахбор