«Забони миллат - ҳастии миллат» Муолоҳизоте атрофи китоби Пешвои миллат
Забони дарӣ, яъне забони имрўзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрўз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,...сипас ба мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоб 492 саҳифаро дар бар гирифта, бо аксу тасовири ба мундариҷаи китоб вобаста зиннат дода шудааст. Ин китоби пурарзиш соли 2016 аз тарафи нашриёти «Эр-граф», дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд ба табъ расидааст.
Ҳадафи аслии китобро муаллиф дар эпиграфи он чунин баён кардааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Дар муқаддима зикр шудааст, ки мардуми куҳанбунёде бо номи тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлолият имкон пайдо карданд, ки дубора мероси гузаштаи чандинҳазораи худро эҳё ва соҳибӣ кунанд. Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, бо шарофати Истиқлолият забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
Муаллиф дар боби авали ин китоб - «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ», дар фасли аввал – «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо» қайд намудааст, ки «Забони тоҷикӣ дар тўли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархўрд ва рўёрўӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштаааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрўз мебошад».
Назар ба гуфтаи муаллиф миллати тоҷик аз нуқтаи назари таборӣ ва ирсияти забонӣ марбут ба шохаи қавмҳои ҳинду олмон ва ё ба истилоҳи дигар марбути шохаи ҳиндуаврупоӣ аст, ки аз нимҷазираи Ҳинд то Аврупо густариш дорад.
Дар фасли дуюми ин боб «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» қайд шудааст, ки таърихи ташаккули забонҳои эронӣ дар се садаи охир аз тарафи пажўҳишгарони эроншинос дар марказҳои илмии ҷаҳон мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифта, натиҷаи ин таҳқиқот дастарси умум гардидаанд.
Муаллиф бар ин ақида аст, ки бо ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба ду гурўҳи бузурги эрониву ҳиндӣ масъалаи забони гуфтугўйии ин ду гурўҳ пеш омад. Дар китоб, барҳақ, зикр шудааст, ки муҳаққиқони таърихи забонҳои ҳиндӣ ва эронӣ бар асоси далелҳо таъйид кардаанд, ки давраи мустақили рушди забонҳои ориёии ҳиндӣ ва ориёии эронӣ тақрибан ба охири ҳазорсолаи III ва ё оғози ҳазорасолаи II пеш аз мелод марбут аст. Аз ин давра қабилаҳои ориёии ҳиндӣ аз сарзамини Осиёи Миёна ба воситаи Афғонистони кунунӣ ба кишвари Ҳинд муҳоҷират намуда, аз қабилаҳои ориёии эронии худ ҷудо шуданд.
Дар боби аввали китоб даврабандии инкишофи забонҳои эронӣ оварда шудааст, ки тибқи он аввалин навиштаҳо бо забонҳои эронӣ ба се давра тақсим карда шудаанд: давраи забонҳои эронии бостон, давраи миёна ё давраи асримиёнагии рушди забонҳои эронӣ, давраи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ, ки то имрўз идома дорад.
Дар фасли сеюми боби аввали китоб, ки «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурўҳбандии забонҳои эронӣ» ном гирифтааст, муаллиф дар бораи забони авестоӣ, забони модӣ, забони форсии бостон, забони форсии миёна, забони портӣ, забони бохтарӣ ва забони суғдӣ муфассал маълумот медиҳад.
Хулосаи ин боб ҳамин аст, ки забони тоҷикӣ, ки дар заминаи забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши онҳо ба вуҷуд омад, меросбари воқеии ин забонҳо ба ҳисоб меравад.
Боби дуюм «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ» унвон гирифта, аз панҷ фасл иборат аст. Дар ин боб масъалаи «тоҷикшиносӣ», пайдоиши калимаи «тоҷик», макон ва замони пайдоиши забони тоҷикӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Фасли якум «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ» номгузорӣ шудааст. Ин фасл дар навбати худ ба чанд зерфасл ҷудо мешавад. Дар ин фасл бо такя ба пажўҳишҳои сайёҳон ва олимони дохиливу хориҷӣ дар бораи калимаи «тоҷик» маълумоти мухтасар ва мушаххас дода шудааст. Дар зерфасли аввал назари ховаршиносони аврупоӣ оид ба пайдоиши калимаи «тоҷик» ва марзу буми сукунати тоҷикон баррасӣ карда шудааст. Масалан, аз китоби «Таърихҳои шарқӣ», ки соли 1773 дар Порис чоп шудааст, чунин иқтибос оварда мешавад: «Ҳама шаҳрҳои Бухорои бузург ва Бухорои хурд то худи марзҳои Чин бухороӣ ҳастанд, ки… сокинони қадимиву бостонии ин диёр мебошанд. Онҳоро «тоҷик» ё «шаҳрнишин» меноманд. Дар тавзеҳоти китоб чунин омадааст, «тоҷик» маънои шаҳрнишинро дорад, ки бухороиҳоро чунин меноманд».
Фасли дуюм «Муродифҳои вожаи «тоҷик» унвон гирифта, он низ дар навбати худ ба чанд зерфасл тақсим мешавад. Дар ин фасл оид ба робитаи вожаи «тоҷ» ва «тоҷик» маълумот дода шудааст. Дар тасдиқи андешаҳои худ муаллиф ақидаи шарқшиноси машҳури рус Н.В. Ханиковро оид ба алоқамандии вожаи «тоҷ» бо «тоҷик» зикр намуда, минбаъд ин ақидаро тавассути фикру мулоҳизаи олимоне ба монанди А.А. Семёнов, А. Вамбери, Л. Будагов, Де Лагард, С. Айнӣ равшантар менамояд. Дар бораи ақидаи муҳаққиқи олмонӣ Де Лагард гуфта мешавад, ки муҳаққиқ истилоҳи «тоҷик» ва «тозӣ»-ро ба калимаи «тоҷ» нисбат дода, ин халқҳоро мардуми бумии Форс медонад, ки на арабанд ва на турк. Ҳамчунин, дар ин фасл андешаи устод С. Айнӣ оид ба ин масъала оварда шудааст. Ғайр аз ин, бо асноду далелҳои қатъӣ, бо такя ба сангнавиштаҳо, катибаҳо, сиккаҳо ва дастнависҳо дар бораи таърихи қадима доштани вожаи «тоҷик» маълумот дода мешавад. Дар маҷмўъ, дар ин ду фасл дар бораи пайдоиши калимаи «тоҷик», рўзгори аҷдоди тоҷикон, густариши ҷуғрофӣ ва маҳалли сукунати онҳо маълумот дода мешавад. Илова бар ин, доир ба маънои луғавии калимаи «тоҷик» назари муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ баён мешавад.
Фасли сеюми ин боб «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» унвон дорад. Дар ин фасл оид ба маҳалли пайдоиши забони тоҷикӣ ва сайри таърихии он сухан меравад. Муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои гуногуни илмию адабӣ, таърихӣ ва фарҳангномаҳо пайдоиши забони форсиро ба давраи Каюмарс ва ҷойи дигар ба давраи Ҷамшед вобаста медонад. Нуқтаи ҷолибе, ки дар ин боб ба назар мерасад, навиштаҳои Маликушшуаро Баҳор дар китоби «Сабкшиносӣ» ба ҳисоб мераванд. Ў менависад: «Забони дарӣ, яъне забони имрўзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрўз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,...сипас ба мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст». Ҳамчунин, илова мекунад, ки забони форсии дарӣ аслан лаҳҷаи аҳолии Мовароуннаҳр, Самарқанд ва Бухорост, ки дар ин ҷойҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Назари Саид Нафисӣ низ дар ин маврид ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ватани аслии ориёиҳоро, ки тоҷикон аз он нажоданд доманакўҳҳои Ҳиндукуш, канори дарёҳои Ҷайҳуну Сайҳун медонад ва менависад, ки «мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрўз ба манзалаи хонаи дувуми мост».
Муаллиф ба сарчашмаи нисбатан қадимтар, яъне «Таърихӣ Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ руҷўъ мекунад, ки дар он омадааст: аҳли Бухоро дар масҷиди ҷомеи Бухоро, ки соли 713 Қутайба ибни Муслим онро дар ҷойи бутхона бино карда буд, дар намоз Қуръонро ба форсӣ мехондаанд.
Дар ин боб дар асоси ақидаҳои мухталифи муҳаққиқини Шарқу Ғарб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар такя ба навиштаҳои адибони маъруфе амсоли Саид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ, Евгений Бертелс, Маликушшуаро Баҳор, Забеҳуллоҳ Сафо, Ҷалоли Матинӣ, Абдулҳай Ҳабибӣ, Мирғулом Муҳаммади Ғубор, Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон чунин натиҷагирӣ карда мешавад, ки макони пайдоишу густариши забони адабиву китобии тоҷик Хуросону Мовароуннаҳр аст.
Дар охири ин боб муаллиф ба чунин хулоса омадааст, ки забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Ому мебошад ва осори боқимондаи илмиву адабӣ гувоҳи он аст, ки ин забон идомаи мустақими забони форсии миёна ё шакли таҳаввулёфтаи вай нест, балки он забонест, ки то густариши ислом ба сифати забони мустақил дар баробари забони форсии миёнаи сосонӣ вуҷуд доштааст.
Фасли чоруми ин боб «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ» унвон гирифта, оид ба таърихи қадима доштани забони тоҷикӣ баҳс мекунад. Дар ин фасл бо далелҳои қатъӣ исбот карда мешавад, ки забони тоҷикӣ бешубҳа таърихи қадима дорад.
Фасли панҷум «Номи забони мо» унвон гирифтааст. Дар ин фасл баҳс рўйи вожаҳои «тоҷикӣ», «дарӣ» ва «форсӣ» меравад. Муаллиф аз навиштаи гимнҳои монавӣ, аз бозёфтҳои пайдошудаи ноҳияи Турфони Чин, ки дар он номи «тоҷик» дар шакли «тоҷикона» омадааст, ёдовар мешавад. Ғайр аз ин, муаллиф аз осори адибону олимон дохиливу хориҷӣ, ҳамчунин асарҳои сайёҳони хориҷӣ аз қабили «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд, асари Руи Гонсалес де Клавихо – «Сафар ба Самарқанд, ба дарбори Амир Темур» ва ғайра иқтибос меорад, ки дар онҳо вожаи «тоҷик» мушоҳида мешавад.
Боби сеюми китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» аз 4 фасл иборат буда, риштаи таҳлили забони тоҷикӣ дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитаборро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Боби сеюми китоб, «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор», дар фасли аввали он «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин» аз зуҳури пайғамбари Ислом ва оини нав – Ислом ёдоварӣ мекунад. Дар ин фасл гуфта шудааст, ки дини Ислом бо даъвати худ ба бародариву баробарии мусулмонон қабилаҳои бадавии то ин дам ба ҳам душмани арабро зери ливои эътиқоди нав ба Худованди яккаву ягона муттаҳид сохта, ба онҳо нерўи тозаи рўҳонӣ бахшид ва заминаҳои истилои араб ва пирўзиро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла давлати Сосониён фароҳам овард. Бо ҳамин раванд, дар идомаи ин боб Сарвари Давлат дар бораи ҷангҳои арабҳо ва кишваркушоии онҳо ва охирин шоҳаншоҳи дудмони Сосониён – Яздигурди III муфассал маълумот медиҳад.
Пешвои миллат тазаккур медиҳад, ки сабаби аз байн рафтани давлати Сосониён ва дар зери тасарруфи арабҳо қарор гирифтани Эрону Мовароуннаҳр пеш аз ҳама ҷудоиву парокандагии сиёсӣ ва мазҳабӣ, набудани иттиҳоди мустаҳкам миёни давлатҳои хурди ин сарзамини паҳновар, мухолифат, ҷангҳои байни ҳамдигарӣ ва ҳатто хиёнату ватанфурўшии баъзе ҳокимони маҳаллӣ буданд, ки гузаштагони моро ба шикасти сиёсиву низомӣ мувоҷеҳ карданд.
Муаллиф дар идомаи ин боб аз муборизаи мардуми меҳанпарасти Бухоро, Самарқанд, Суғд, Хатлон, Хатлон ва навоҳии дигар алайҳи душманон қисса мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, таъкид мекунад, ки забони миллӣ дар ҳама давру замонҳо шаҳпари боэътимоди ҳастии маънавии миллат аст. Дар баробари ин, забонро метавон ба шамшери тезу буррое шабоҳат дод, ки соҳибзабон ба василаи он ҳастии маънавии хешро аз ҳуҷуму ҳамлаҳои миллиятзудо ва фарҳангсўз муҳофизат мекунад.
Ба андешаи муаллиф, ҳар забоне, ки аз саҳнаи сиёсат ва қудрат хориҷ мешавад, ҳатман харобу камарзиш ва нотавону камзарфият гардида, тавони муқовимату истодагариро дар баробари фишору тазйиқи забони ҳоким аз даст медиҳад ва дар тангнои фано қарор мегирад, зеро забон дар паҳно ва сояи давлат қувват ва неру мегирад ва давлат аст, ки барои рушду нумўи забон муҳити зисту амал фароҳам меоварад.
Дар фасли дуюми ин боб «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр» Пешвои миллат аз шикасти забонҳои расмиву динии Эронзамин дар мубориза бо забони арабӣ ва роҳ ба сўйи фанои тадриҷӣ паймудани онҳо нақл мекунад ва мегўяд, ки дар баробари ҳамин гуна хатар дар ҳамон замони истилои араб мардуми кишварҳои дигар, аз қабили Миср, Ироқ, Сурия ва ғайра, ки дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ буданд, ҳувияти маънавии хешро аз даст дода, «араб» гаштанд.
Тавре бобати ин масъала дар саҳифаи 175 менависад: «Хушбахтона, чунин сарнавишти талх насиби гузаштагони огоҳу бедордили мо нашуд, зеро дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ омилҳое рўйи кор омаданд, ки ба тавфиқи талошҳои поймардонаи ниёкони огоҳу бедордили мо барои ҳифзи ҳувият ва асолати фарҳангу тамаддуни ориёӣ мусоидат карданд. Дар раъси ин омилҳои ҳастисоз забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ қарор дошт, ки вуҷуди он гузаштаи тоисломии халқҳои эрониро бо даврони исломии таърихи Эронзамин бипайваст ва нагузошт, ки миёни ин ду марҳила аз лиҳози ҷаҳоншиносии динӣ ба ҳам мухолиф фосила ва гусастагии маънавӣ пайдо шавад, ҳамон гуна гусастагие, ки мўҷиби «араб» шудани мардуми кишварҳои дигар гардид».
Сардори Давлат менависад, ки мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ҳанўз дар қарнҳои якуму дуюми исломӣ (асрҳои VII-VIII милодӣ) таровишҳои табъи шоиронаи худро дар қолаби забони дарӣ пайрезӣ мекарданд. Метавон ҳадси наздик ба яқин зад, ки теъдоди ин гуна ашъор дар вақташ ба маротиб зиёд будааст, вале ба сабаби забони гуфторӣ будани форсии дарӣ дар он даврон ва ҳанўз ба қайди китобат надаромадани он, ашъори мазкур низ ба тариқи шифоҳӣ истифода мешуданд ва бо гузашти айём аксаран аз байн рафтанд, меафзояд муаллиф.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин фасл қайд мекунад, забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар давраи истилои араб ба ҳайси абзори муошират на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр, Эрони марказӣ, балки дар шаҳрҳои бузурги хилофат – Макка, Мадина, Куфа, Басра ва Бағдод низ ривоҷи тамом дошт. Ва ҳамзистии забони тоҷикӣ бо арабӣ боис гардид, ки раванди доду ситад миёни ин дузабон дар марҳилаи мавриди назар густариш пайдо кунад.
Фасли саввуми ин боб «Забони модарии мо дар аҳди Тоҳириён» ном гирифтааст. Дар ин боб муаллиф дар бораи ташкили давлати Тоҳириён нақл мекунад. Ў мегўяд, ки Тоҳириён дар аҳди хилофати Аббосиён нахустин сулолаи подшоҳони эронинажод буданд, ки мустақилияти худро эълон карданд ва бештар аз панҷоҳ сол (солҳои 820-873) дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳукмронӣ намудаанд. Тавре Пешвои миллат қайд мекунад, бунёдгузори ин сулола Тоҳир ибни Ҳусайн мулаққаб ба «Зуляминайн» (тав. 775 – ваф. 822) зодаи мавзеи Пушанги Хуросон (наздики Ҳирот) буд, ки аз бузургтарин ёрону ҷонибдорони халифа Маъмун маҳсуб гардида, ба ў барои рафъи бародараш Амин аз хилофат, ки баъд аз сари падарашон Ҳорунаррашид ба тахти хилофат нишаст, кўмак кард.
Бо ҳамин раванд дар идомаи фасл Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафу фаъолияти Тоҳир ва Талҳа ибни Тоҳир (солҳои ҳукмронияш 822-828) писараш, ки баъдан ҷойгузини падар гардид, нақл мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин фасл аз навиштаи Бобоҷон Ғафуров иқтибос оварда, мегўяд, ки дар дарбори Тоҳириён дар баробари забони арабӣ забони тоҷикӣ (форсӣ) ҳам мустаъмал буд.
Фасли чаҳорум «Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ» ном дорад, ки дар ин фасл дар бораи бунёдгузори давлати Саффориён Яъқуби Лайс ёдовар шуда, Яқуби Лайсро, ки агарчи дар хонаводаи мисгари оддӣ ба дунё омада бошад ҳам марди силаҳшўру диловар хондааст.
Ҳамчунин муаллиф дар идомаи фасл аз набардҳои хунини Саффориён ва Тоҳириён нақл мекунад ва дар бораи ҷангҳои 10 солаи Саффориён ва давлатдории ин сулола ва чигуна саркўб кардани исёну шуришҳои дохилии кишвар маълумот медиҳад.
Хулосаи ин боб бо нақли даъвати набарди Амри Лайс бо амири Бухоро Исмоили Сомонӣ ва шикасти ў ба поён мерасад.
Боби чаҳоруми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» унвон гирифта аз чор фасл иборат аст. Дар фасли якум – «Кўҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ» аз намунаҳои хатҳои аввалин аз қабили хати тасвирӣ ва оромӣ сухан меравад. Сипас ба масъалаи таъриху таҳаввул ва вазъияти хатҳои забонҳои форсии қадим руҷўъ карда мешавад. Ин фасл дар навбати худ аз ду зерфасл таркиб ёфтааст. Дар зерфасли аввал – «Намунаҳои наср дар шакли вожа, ибора ва ҷумлаҳои алоҳида» аз манбаъҳои гуногуни таърихию адабӣ аз ҷумла «Китобу-т-тоҷ фӣ ахлоқи-л-мулук», «Ал-маҳосин ва-л-аздод», «Номаи донишварон», «Ат-тадвин фӣ ахбори Қазвин», «Китоби амвол», дар қолабҳои калима, ибора ва ҷумлаҳои алоҳида намуна оварда мешавад. Дар зерфасли дуюм–«Намунаҳои назм» аз осори таърихию адабии арабию форсӣ порчаҳои шеърӣ оварда мешавад. Масалан, намуна аз китоби Табарӣ чунин оварда шудааст:
«Аз Хуталон омазиҳ,
Ба рў табоҳ омазиҳ.
Обор боз омазиҳ,
Хашак низор омазиҳ».
«Табарӣ дар се маврид аз ҳаводиси солҳои 108/730 ва 119/741 нақл мекунад, ки волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ ба Хатлон лашкар кашид ва дар ин ҷанг шикаст хўрда, шармсору парешон ба Балх гурехт. Ин шеър аз ҷониби мардуми Балх ба ин муносибат суруда шудааст ва кўдакон онро дар кўчаҳои Балх мехонданд».
Ё аз «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ порчаи зерин оварда шудааст:
«Ҳужабро, ба кайҳон анўша бизӣ,
Ҷаҳонро ба дидор тўша бизӣ»
Сипас чунин шарҳ ёфтааст «Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро»-и худ аз қавли Абўтоҳири Хотунӣ овардааст, ки дар аҳди Азудуддуни Дайламӣ ҳанўз қасри Ширин, ки дар Хониқин аст, пурра вайрон нашуда буд ва навиштаи мазкурро аз ҳамон қаср ёфтанд».
Дар маҷмўъ дар ин фасл бештар ба порчаҳои парокандаи осори манзуму мансур, ки ба фарҳанги мардум алоқаманд аст такя карда мешавад.
Дар фасли дуюм – «Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ» оид ба кўҳантарин намунаҳои китобии тоҷикӣ (дарӣ) сухан меравад. Ин фасл низ аз ду қисмат таркиб ёфтааст. Дар қисмати якум сухан аз аввалин шоирони порсигў аз қабили Абўҳафси Суғдӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқ, Васифи Сагзӣ, Бассоми Курд, Абусалики Гургонӣ, Фирўзи Машриқӣ рафта аз ашъори онҳо намунаҳо оварда мешавад.
Дар қисмати дуюми ин фасл дар бораи аввалин китобҳои осори мансур сухан рафта оид ба асарҳое ба монанди «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Гаршоспнома» ва «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуайяди Балхӣ, тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», «Тафсири Қуръон», «Донишнома»-и Майсарӣ, «Шуморнома»-и Муҳаммад Аюби Табарӣ, «Ҳидоят-ул-муаллимин фӣ-т-тибб»-и Абўбакри Ахавайнии Бухороӣ, «Таърихи Систон», «Китоб-ул-абнияи»-и Муваффақи Ҳиравӣ, «Синдбоднома» ва ғайра маълумоти мухтасар ва бархе номбар шудаанд.
Фасли сеюми боби чоруми китоб «Замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ» унвон гирифтааст. Дар ин фасл заминаҳои густариши забон, вазъи сиёсӣ ва мавқеи он дар давраи истилои арабҳо ва баъди он шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Муносибати арабҳо бо мардуми форсизабонон, нисбат ба забони форсӣ низ бо мисолҳо инъикос ёфтааст. Аз Наршахӣ мисол оварда шудааст: Ҳамчунин Наршахӣ таъкид менамояд, ки Қутайба «аҳли Бухороро фармуд, як нима аз хонаҳои хеш ба араб доданд, то араб ба эшон бошанд ва аз аҳволи эшон бохабар бошанд».
«Эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин иқдоми Қутайба ибни Муслим на фақат ба манзури омўзонидани шариати ислом, балки ҳамчунин ба мақсади густариши забони арабӣ низ буд…»
«Истилои араб ба ҳеч ваҷҳ натавонист истиқлоли забонии аҳли Хуросону Мовароуннаҳрро комилан аз байн бибарад. Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар ин сарзамин ба забони арабӣ пайваста рақобат намуда дар мақоми худ пойдору устувор монд».
Дар фасли чоруми ин боб, ки «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» номгузорӣ шудааст, аз китобҳои илмии соҳаҳои гуногун, ҳамчунин, аз китобҳои адабӣ ёдоварӣ мешавад, ба монанди «Шуморнома»-и Айюби Ҳосиби Табарӣ, «Ҳудуду-л-олам», «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Абуяъқуби Сиҷистонӣ, «Ҳидояту-л-муаллимин фӣ тиб(б)»-и Абубакри Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнӣ, «Китобу-л-абния ан ҳақоиқ-ил-адвия»-и Алӣ ибни Аҳмади Асадии Тўсӣ, «Рагшиносӣ» ё «Рисола дар набз» ва «Донишнома»-и Абуалӣ Сино, Китобу-т-тафҳим ли авойили саноат-ит-танҷим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Ҷомеъу-л-ҳикматайн»-и Носири Хусрав. Аз ҳар яки ин асарҳои зикргардида намунаҳо оварда шуда аз ташаккули забони илм дар он даврон қайд карда мешавад. Дар ин фасл намунаҳо аз осори бо хати мехӣ ва монавӣ-портӣ, паҳлавӣ, хати суғдии монавӣ ва бо хати бохтарии монавӣ навишташуда оварда мешаванд. Ҳамчунин намунаи сиккаҳои Кушониён, шоҳони бохтарӣ нишон дода мешаванд.
Боби панҷуми китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» аз 5 фасл иборат аст. Ин боб «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» ном дорад. Дар фасли аввали ин боб - «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён», Эмомалӣ Раҳмон таҳлили таърихии забони тоҷикиро дар аҳди Сомониён, ки давраи дурахшонтарин саҳифаи таърихии давлатдории тоҷикон ва пурбортарин давраи шукуфоии забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) маҳсуб мешавад, баррасӣ намудааст.
Тавре дар аввали ин фасл муаллиф қайд мекунад бунёдгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ (849 - 907) дар таъмини бақои умри миллату давлат ва забону фарҳанги мо, тоҷикон, нақши муассир доштааст. Аз ҷумла дар бораи чигуна бар сари мансабҳо расидани хонадони Бобои Исмоили – Сомонхудот қисса мекунад.
Пешвои миллат дар идомаи ин фасл зикр мекунад, ки Исмоил ибни Аҳмад (849 - 907) маъруфтарин амири силсилаи сомонист, ки дар муддати давлатдориаш тадриҷан заминаҳои иттиҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт ва давлати бузурги Сомониёнро дар Хуросони бузург барпо кард ва бо ҳамин раванд Исмоил давлатҳои атрофро тобеи кишвари худ гардонид.
Сарвари Давлат дар бораи сиёсати адолати камназири амир Исмоил ва муҳаббату иродати ў ба забони модарӣ, ки дар кутуби таъриху адаби пешиниён дарҷ шудааст, дар идомаи таҳқиқоти худ менависад: «Аслан анъанаҳои девондорию девонсолории мардуми ориёинажод реша ба даврони Ҳахоманишиён дорад ва ин амири сомонӣ ин анъанаи деринро эҳё карда, ба он сару сомон бахшид». Ҳамчунин дар бораи тартиби нақшаи девонҳо ва чигуна будану фаъолият кардани масулини онҳо маълумоти дақиқ додааст.
Дар идомаи ин фасл Сарвари Давлат менигорад, ки ду омил боиси инқирози давлати мутамаркази Сомонӣ гардидааст:
- омили нахуст ба давлатдорӣ ҷалб кардани ғуломони турки асирафтодаи исломоварда ва ба зиммаи онон вогузор кардани сипоҳи Сомониён буд;
- омили дигари инқирози давлати Сомониён эътирози сахти мардум бинобар афзоиши андоз ва зиёд шудани ҷамъоварии андоз аз аҳолӣ маҳсуб мешавад, зеро туркони сипоҳӣ ва соҳибмансаб акнун дар ҳаққи мардум ҳар гуна ҷабру бедодро раво медиданд ва аз ин хотир дар ҳар кунҷу канори давлат шўришу нооромиҳо сар мезад. Сипоҳиёни муздури турк аз ин фурсати муносиб истифода бурда, барои саркўбии шўришчиҳову нооромиҳо маблағҳои зиёд талаб мекарданд, ки ин ҳама боиси холӣ шудани хазинаи давлат ва афзоиши ҳаҷми ситонидани андоз аз мардуми нодор мегардид.
Сарвари Давлат дар идомаи таҳқиқоти худ забони тоҷикӣ (форсии дарӣ)-ро мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод гуфтааст: «Ин забон дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид, зеро амирони сомонӣ мисли Яъқуби Лайси саффорӣ ба забону адаби мардуми худ муҳаббати фаровон доштанд ва ба ҳимояту тарбияти шоиру нависандагони ҳамзабони хеш сахт камари ҳиммат баста буданд».
Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки таълифу тадвин ва тарҷумаи бештари осори арзишманди аҳли сомонӣ бо дастури амирону вазирони Оли Сомон анҷом гирифтааст. Аз ҷумла, осори рангину мондагоре назири «Шоҳнома»-и Дақиқӣ, «Калила ва Димна»- манзуми Рўдакӣ, «Синдбоднома», «Таърих» ва «Тафсир»-и Табарӣ, «ас-Саводу-л-аъзам»-и Абулқосими Самарқандӣ, «ал-Абния ани-л-ҳақоиқи-л- адвия»- Абумансури Муваффақи Ҳиравӣ ва ғайра, ки дар ҳамин аҳд таълифу тадвин ва ё аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ тарҷума шудаанд, ба номи амирону вазирони сомонӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Фасли дуввуми ин боб «Вижагии забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён» ном дорад, ки дар бораи вожаҳои забони тоҷикӣ дар осори муҳаққиқу шоирон чун «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тўсӣ, осори ба забони тоҷикӣ таълиф шудаи Абуалӣ ибни Сино ва дигарон мисолҳо оварда баҳс мекунад.
Фасли саввум «Забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиён» унвон гирифтааст. Сарвари Давлат мегўяд, ки дар рўзгори авҷи азамати Оли Сомон дар Хуросону Мовароуннаҳр ва дар сарзаминҳои дигари Эронзамин, аз ҷумла дар Ҷурҷону Табаристон Оли Зиёр, дар Ироқу Форс Оли Бўя ё Оли Бувайҳ ва дар Хоразм нахзуст хоразмшоҳиёни Оли Ироқ, баъдан Оли Маъмун мақому қудрат ёфтанд. Вале дар ин давлатҳо забони арабӣ бештар расмият дошт ва ҳокимони ин хонадони ҳарчанд эронии асил буданд, ба андозаи Сомониён ба забону адаби тоҷикӣ (форсии дарӣ) инояту муҳаббат надоштанд, аз ин хотир забони тоҷикӣ дар қаламрави онҳо ба таври шоиста рушду густариш пайдо накард.
Дар идомаи ин фасл Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кишваркушоии Сабуктегин ва Маҳмуди Ғазнавӣ нақл мекунад ва таъкид мекунад, ки аксари подшоҳони ғазнавӣ ба мисли Сомониён ба забони тоҷикӣ ва илму адаб алоқамандии зиёд доштанд, ҳарчанд баъзе аз онҳо дар замони салтанати худ забони коргузории девонро аз тоҷикӣ ба арабӣ баргардонида буданд. Ва дар дарбори ғазнавиён олимону адибон мақоми хосса доштанд.
Муаллиф мегўяд, ки подшоҳони Ғазнавӣ ба мазҳаби ҳанафӣ ва бунёди мактабу мадрасаҳо низ мусоидат менамуданд ва бо овардани чанд номҳои шахсияти шоиру олимони ин давр фасли мазкурро ба анҷом мерасонад.
Фасли навбатӣ «Забони модарии мо дар аҳди Зиёриён ва ё Повандиён» ном гирифта, дар бораи хонаводаҳои подшоҳии эронитабори Зиёрӣ, маълумот медиҳад.
Ў мегўяд, ки Оли Зиёр ё Зиёриён аз хонадони қадими Гелон буда, аз ҳамин вилояти кўҳистон бархостаанд. Ва нахустин подшоҳи ин сулола Мардович ном дошт ва асли худро ба подшоҳони Эрони бостон нисбат медод.
Сарвари Давлат дар бораи ин хонавода маводи лозимӣ пешниҳод намуда, аз ҷумла қайд мекунад, ки дар дарбори бузургтарин подшҳи ин сулола Қобус ибни Вушмгирд шоирони форсигўй аз ҷумла Абубакри Муҳаммад ибни Алии Хусравии Сарахсӣ, Абулқосими Ҷурҷонӣ ва дигар фозилон рафтуомад доштанд. Инчун Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ низ ба таъкиди муаллиф як муддат дар ин дарбор будаанд.
Тибқи таҳқиқоти Пешвои миллат подшоҳи охирини зиёрӣ, ки дар гиромидошти забони адаби форсӣ маъруф аст, Унсуралмаолии Кайковус мебошад, ки пас аз падараш Искандар ба тахти подшоҳӣ нишаст. Унсуралмаолии Кайковус муаллфи китоби панду андарзии «Қобуснома» мебошад, ки то замони мавриди истифодаи ҳамагон қарор гирифтааст.
Муаллиф бар ин гуфтор аст аст, ки дар қаламрави давлати Зиёриён забонҳои табарӣ ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор доштанд, вале забони коргузорӣ ва номанигории дарбори Оли Зиёр забони арабӣ буд.
Фасли ахири ин боб «Забони модарии мо дар аҳди Оли Бўя» ном дошта, хонадони подшоҳии Оли Бўя мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Бино бо гуфтаи Сарвари Давлат хонадони Оли Бўя, Бувайҳиён ё Дайламиёнро се бародар: Алӣ, Ҳасан ва Аҳмад бунёд ниҳодаанд, ки аз моҳидорӣ ба тахти подшоҳӣ расиданд. Муаллиф тўли солҳои ҳукмронии ин хонадонро 120 сол гуфта, дар бораи чигуна фаъолият кардану ҳукмрон намудани онҳо далелҳои фаровон овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи авҷи эҷодиёти Шайхурраис Абуалии Синоро низ ба аҳди подшоҳони Оли Бўя медонад. Ў мегўяд: «Абуалии Сино баъд аз он ки даъвати Султон Маҳмудро барои ба дарбори Ғазна рафтан напазируфт, муддате ба дарбори Оли Зиёр ва баъдан дар дарбори подшоҳии Оли Бўя паноҳ ҷуст, ҳарчанд Маҳмуд ҳамвор дар таъқиб ва талаби дидори ў буд.
Осори форсии Абуалӣ ибни Сино «Донишномаи Алоӣ», «Меъроҷнома» ва «Рисола дар набз» низ дар ҳамин конун, дар дарбори ягона сарпарасти забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) аз подшоҳони Оли Бўя – Алоуддавла Кокуя бо дархости ў дар Исфаҳон таълиф шуданд». Бо ҳамин хулосаи ин боб ҳам ба анҷом расид.
Боби шашуми ин китоб – «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» 5 фаслро дар бар гирифтааст. Дар маҷмўъ дар ин боб густариши забони тоҷикӣ ва таъсиру нуфузи он ба забонҳои дигар дар давраҳои гуногуни таърихӣ таҳлилу баррасӣ мегардад.
Дар фасли якуми ин боб – «Густариши забони тоҷикӣ ба минтақаҳои дигари ҷаҳон» паҳншавии нуфузи забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои Ҳинду Синд, Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу Сурия нақл мешавад.
Фасли дуюми он «Забони тоҷикӣ дар аҳди Салҷуқиён» унвон гирифтааст. Дар ин фасл сухан оид ба вазъи забони форсии тоҷикӣ дар қаламрави мамлакати Салҷуқиён меравад. Дар бораи вазъи сиёсӣ ва адабии даврон низ маълумоти мухтасару мушаххасе оварда шуда сипас намояндагони адабу фарҳанги ин давра зикр мегарданд, аз қабили Носири Хусрав, Хайёми Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдумалик Муизии Нишопурӣ, Анварии Абевадӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Қатрони Табрезӣ, Асадии Тўсӣ, Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Фаридаддини Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ. Осори ин адибон ҳамчун намунаи беҳтарин ҳисобида мешаванд, ки ба забони форсии тоҷикӣ таълиф гардида, дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ саҳми назаррасе гузоштаанд.
Сипас ба зикри осори мансур пардохта мешавад, аз қабили «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Кимиёи саодат» ва «Насиҳату-л-мулук»-и Муҳаммади Ғазнавӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ, «Муҷмалу-т-таворих ва-л-қисас»-и муаллифи ношинохта, «Таърихи Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ, «Тазкирату-л-авлиё»-и Фаридаддини Аттор ва ғайра.
Аз осори ҳамаи ин муаллифони номбаршуда намунаи порчаҳои манзуму мансур оварда мешаванд.
Фасли сеюми боби шашум «Забони модарии мо дар аҳди Ғуриён» унвон гирифтааст. Дар ин фасл оид ба вазъияти сиёсии давлати Ғурриён маълумоти мухтасаре оварда шуда сипас аз адибони ин даврон, аз қабили Низомии Арўзии Самарқандӣ, Муҳаммад ибни Мунаввар (абераи Абўсаиди Абулхайр), Муиниддин Чиштии Ҳиравӣ, Фахриддин ибни Ҳусайн, Шамсиддин Муҳаммади Сагзӣ, Минҳоҷиддини Ҷузҷонӣ ва дигарон ёдоварӣ карда шуда вазъи забони тоҷикӣ дар ин даврон арзёбӣ мегардад.
Фасли чоруми ин боб «Забони тоҷикӣ дар аҳди Хоразмшоҳиён» унвон гирфтааст. Дар ин фасл маълумоти мухтасаре оид ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адбии давр дода мешавад. Ҳамчунин вазъи забони тоҷикӣ дар ин даврон маънидод шуда махсусан чунин қайд карда мешавад: «Дар ҳамаи ин айём забони расмии дарбор ва забони бештари мардуми қаламрави Хоразмшоҳиён забони тоҷикӣ буд».
Ғайр аз ин, намояндагони илму адаби ин даврон, аз қабили Рашиди Ватвот, Баҳоиддин Валад, Наҷмиддини Кубро, Саид Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигарон зикр мегарданд.
Фасли панҷуми ин боб «Нуфузи забонҳои бегона ба забони мо» унвон гирифтааст. Дар ин фасл таъсири забонҳои бегона ба забони тоҷикӣ баррасӣ мегардад. Таъсири забони арабӣ махсусан қайд карда шуда бо омилҳои иқтисодӣ, динӣ, низомӣ, сиёсӣ, илмию адабӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ марбут дониста мешавад.
Хулоса забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) то ҳамлаи муғул новобаста аз ҳаводиси рўзгор ва шебу фарози таърих вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву давлатии ин замон – забони арабӣ на танҳо истодагарӣ кунад, балки тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир ба забони байналмилалӣ табдил ёбад.
Умед Пудинаев,
Шоҳбегим Маликшоева,
кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Китобхонаи миллии Тоҷикистон