Паёми наҷотбахши Мавлоно барои башарият

 Ишқ пуле миёни инсон ва Худост ва ин пул дер замоне аст, ки шикастааст. Аз дили ҳар инсон ба сўи Худо роҳе аст, ки розҳо ва ҳақоиқро бевосита метавон дарёфт кард. Башар ин роҳро дар ғубори худхоҳӣ ва худбоварӣ гум кардааст. Мавлавӣ дасти инсони саргаштаро мегирад ва дар байт байти ашъори худ ба ишқ раҳнамоӣ мекунад. Ишқе, ки Мавлоно ба инсон муаррифӣ мекунад, аз таваҷҷуҳ ва дилбастагӣ ба мазоҳири инсонӣ оғоз мешавад, аммо рў ба сўи Худо дорад ва бо ў ба камол мерасад. Сархушӣ, сарзиндагӣ ва сармастии поённопазири Мавлавӣ ва шўру суруре, ки ба кули зиндагӣ, шахсияту ҳунар ва мактаби ирфонии ў партав андохтааст, аз тарзи баёни ў аз ҳақиқати ишқ ва навъи таҷрибаи ошиқонаи ў реша гирифтааст

 Имрўз беш аз ҳар замоне башар ба адабиёт ниёзманд аст. Дар рўзгори хашму хушунат ва рангбохтани отифа, рўзгоре, ки сархати ахбори ҷаҳонро куштору хунрезӣ ва ҷунуну бераҳмӣ фаро гирифтааст ва дар ин замон ҷои холии адабиёт беш аз ҳар замоне худро ба чашм мекашад. Адабиёт нишон додани ҳақиқати ҷории зиндагии инсонҳост, рисолате барои ислоҳ ва беҳбудии зиндагии башар. Башар имрўз беш аз ҳар замони дигар ниёзманди ёрӣ аст.

 Хулқу хў ва ранҷҳои дарунӣ ва кашмакашиҳои пинҳонии башар имрўз ҳамон аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо будааст, бо ин тафовут, ки рўҳи инсони муосир рў ба табоҳӣ аст. Инсони модерн беш аз ҳар замони дигаре ба ҷони ҳамдигар афтодаанд ва  ҳарисона бар рўи якдигар ҷанг меандозанд.

 Ҷаҳони модигароӣ имрўз дучори таваҳҳуши дунявӣ аст ва адабиёт аст, ки метавонад ба як шудани инсонҳо кўмак кунад. Инсоне,  ки имрўз худаш Худояш ва ишқро гум кардааст ва танҳою саргардон дар роҳи ҷустуҷуст.

 Баъд аз ҳаштсад сол, ҳанўз ҳам омўзаҳои Мавлавӣ метавонад роҳнамои инсони саргардон бошад ва наҷотбахши инсони танҳои муосир. Мавлавӣ бо руҳи башар ошност, он чи ў аз ҳолатҳои дарунӣ, илтиҳоб ва талотуму саргардониҳои башар дар Маснавӣ мегўяд, нишон аз ошноии ў бо печу хами даруни одамӣ аст. Мавлавӣ бо тӯдаи мардум иртиботи пайваста ва наздик доштааст, чи басо бо ў дарди дил мекардаанд, аз ғамҳо ва кинаҳо ва ҳасадҳояшон мегуфтаанд. Ҳамин буд, ки ў бо тамоми вуҷуд нидои сулҳ ва дӯстиро сар диҳад ва дар пайи ислоҳи дарунии ҷомеа барояд. Инсони муосир худ метавонад ишқу Худоро дар саҳфа саҳфаи осори Мавлавӣ пайдо кунад.

Насими  рўҳнавози лутфи раҳмату фазлу инояти Худовандро метавон дар байт байти сурудаҳои Мавлавӣ ба машом расонид ва лутфу маҳзи раҳмати куллиро дид. Худое, ки ба боварии Мавлавӣ дар муқобили хато ва гуноҳи бандагон ҳаргиз рў турш намекунад, узри гуноҳро ба ў талқин мекунад. Худое, ки дарҳои раҳмату бахши ў ҳамвора ба сўи бандагон боз аст.

Худои Мавлоно манбаи бепоёни нуру сурур

Худои Мавлоно манбаи бепоёни нуру сурур аст ва ёди ў сарчашмаи сафои дил ва хушнудию шодмонӣ ва сармастӣ аст. Эҳсоси ҳузури чунин Худо дар лаҳзаҳои зиндагии инсон, ғубори ҳар гуна хаёлоти нохўш ва нигаронӣ ва навмедиро аз оинаи ҷони одамӣ мезудояд ва эҳсоси амнияту саодат ва неъмат ба ҷои он менишонад. Башар чунин Худоеро чӣ гуна гум  кардааст?

Кай хушклаб бимонам, к-он ҷў марост ҷуён,

Кай ғам хўрад дили ман, в-он ғамгусор бо ман.

Талхӣ чаро кашам ман, ман ғарқи қанду ҳалво

Дар ман куҷо расад дай,  в-он навбаҳор бо ман

 Иллати ин гумгаштагӣ ва саргардонии инсони муосирро бояд дар ишқ ҷустуҷу кард. Ишқ зеботарин навъи пайванди инсон бо Худост ва инсон ишқро гум кардааст, ба ҳамин далел аст, ки аз отифа холӣ шуда ва ҳар ҷиноятеро мебинад ва мешунавад ва бетафовут мегузарад. Дигар гиряҳои дилхароши кўдаке, ки пояшро бо ҳамроҳи падару модараш дар зери харобаҳои бомбаборон ҷо гузоштааст, руҳи ўро намехарошад.

Ишқ пуле миёни инсон ва Худост

 Ишқ пуле миёни инсон ва Худост ва ин пул дер замоне аст, ки шикастааст. Аз дили ҳар инсон ба сўи Худо роҳе аст, ки розҳо ва ҳақоиқро бевосита метавон дарёфт кард. Башар ин роҳро дар ғубори худхоҳӣ ва худбоварӣ гум кардааст. Мавлавӣ дасти инсони саргаштаро мегирад ва дар байт байти ашъори худ ба ишқ раҳнамоӣ мекунад. Ишқе, ки Мавлоно ба инсон муаррифӣ мекунад, аз таваҷҷуҳ ва дилбастагӣ ба мазоҳири инсонӣ оғоз мешавад, аммо рў ба сўи Худо дорад ва бо ў ба камол мерасад. Сархушӣ, сарзиндагӣ ва сармастии поённопазири Мавлавӣ ва шўру суруре, ки ба кули зиндагӣ, шахсияту ҳунар ва мактаби ирфонии ў партав андохтааст, аз тарзи баёни ў аз ҳақиқати ишқ ва навъи таҷрибаи ошиқонаи ў реша гирифтааст. Барои ў ишқ, ҳамон зиндагӣ аст. Ишқ дар нигоҳи Мавлавӣ робитаи зинда ва пўё аст. Байни инсон ва Худо ки ба офариниш ва ҳаёту марг маънӣ медиҳад. Ишқ инсонро дар бар гирифтааст ва чӣ гуна аст,ки инсон аз ў гум шудааст.

Умре, ки бе ишқ рафт, ҳеч ҳисобаш магир,

Оби ҳаёт аст ишқ дар дилу ҷонаш пазир.

Ишқ чу бигшоду рехт сабз шавад ҳар дарахт,

Барги ҷавон бардамад ҳар нафас аз шохи пир.

Ҳар ки шавад сайди ишқ кай шавад ў сайди марг,

Чун сипараш маҳ бувад, кай расадаш захми тир.

 Аз нигоҳи Мавлавӣ бандагии ошиқона дили инсонро латиф мекунад ва аз худпарастӣ мераҳонад. Боис мешавад, ки инсон худро бишносад ва ҷойгоҳи волои худро дарёбад. Ин эҳсоси хушбахтона ба худ, ниёзи ҳаёти инсони беҳувият ва бетакягоҳи имрўз аст. Ў ҳузури Худоро бо ин ишқ дар худ эҳсос мекунад. Ў аз гуҳаре ки дар дарунаш пинҳон аст огоҳӣ дорад ва қадри худро хуб медонад ва худро ба ҳар кас ва ҳар чиз намефурўшад.

 Паёми Мавлавӣ ба инсони имрўз парастиши ошиқонаи Худо ва зебо дидани олами ҳастӣ ва шинохти қадру манзалати инсонии хеш ва пеш гирифтани равиши шодмона ва меҳрварзона дар зиндагӣ аст.

Назира Мерганова,

мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.