Activities calendar

23 января 2020

Китоби нав барои донишҷӯёни макотиби тиббӣ: ФАРМАКОЛОГИЯ

Муаллифи ин китоб профессор Бӯстон Ишонқулова мебошад. Бӯстон Ишонқулова дар омўзиши гиёҳхои шифобахши Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад ва натиҷаҳои ин таҷрибаҳо ба рисолаи докториаш ворид карда шуданд. Бустон Астановна муаллифи монографияи «Гиёҳҳои шифобахши қандпасткунандаи Тоҷикистон” низ мебошад.

 Фармакология яке аз бахшҳои асосии илми тиб буда, бо маводҳои доругии таъсирбахши зиёде тибби амалиро бою ғанӣ гардонидааст. Рушди фармакология ва саноати фармасевтӣ бо дастовардҳои бузурги тадқиқотҳои фундаменталӣ 

Китоби нав: “Фимоз усулҳои ташхис, амалиёт ва оризаҳои амалиёти хатна”

 Ин дастурамали таълимӣ аз ҷониби  А.А.Азизов, Р.Султонов, Б.М. Займудинов  таҳия шудааст. Муаллифон дар пешгуфтор овардаанд:, ки ҳар як халқ дар тўли мавҷудияташ даҳҳо маросимҳои диниву миллӣ, маҳаллӣ, давлативу ҷомеавиро эҷод кардаву аз сар мегузаронад,қисматеро ба дасти фаромўшӣ супурда ва қисматеро ҳамчун ҷузъи таркибии зиндагияш нигаҳбонӣ менамояд. Дар миёни халқҳои  гуногуни дунё маросим ва урфу одатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки вобаста ба ҷисми инсон амалӣ карда мешаванд.Масалан, сўрох кардани гўш, дар баъзе халқҳо сурох кардани бинӣ барои овезаҳои ороишӣ, шикастани як дандони пеш, холкӯбии бадан дар ин шуморанд.