Ин дастурамали таълимӣ аз ҷониби А.А.Азизов, Р.Султонов, Б.М. Займудинов таҳия шудааст. Муаллифон дар пешгуфтор овардаанд:, ки ҳар як халқ дар тўли мавҷудияташ даҳҳо маросимҳои диниву миллӣ, маҳаллӣ, давлативу ҷомеавиро эҷод кардаву аз сар мегузаронад,қисматеро ба дасти фаромўшӣ супурда ва қисматеро ҳамчун ҷузъи таркибии зиндагияш нигаҳбонӣ менамояд. Дар миёни халқҳои гуногуни дунё маросим ва урфу одатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки вобаста ба ҷисми инсон амалӣ карда мешаванд. Масалан, сўрох кардани гўш, дар баъзе халқҳо сурох кардани бинӣ барои овезаҳои ороишӣ, шикастани як дандони пеш, холкӯбии бадан дар ин шуморанд.
Хатнаи писарон низ дар миёни бисёр халқҳо ҳамчун маросими диниву миллӣ вуҷуд дошта, дар миёни мусулмонҳо,аз ҷумла тоҷикон амри воҷиб дониста мешавад. Вале ин амал дар миёни баъзе халқҳои ғайримусулмон, аз ҷумла яҳудиҳо низ вуҷуд дошта, аслан ҳадафҳои беҳдоштӣ ва зиддибеморӣ дорад. Имрўз воқеан ҳам масъалаи иҷрои амалиёти хатна бояд қобили бознигариву бозрасӣ ва таҷдиду такмил қарор бигирад.
Рисолаи «Фимоз, усулҳои ташхис,амалиёт ва оризаҳои баъди амалиётии хатна» на танҳо барои донишҷўён ва духтурони ҷаррроҳи кўдакон дастури таълимӣ-амалӣ ба шумор меравад, балки падару модарон низ ҷиҳати огоҳии комил доштан азсиҳатии ҷинсии писаронашон метавонад аз он истифода намоянд.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.