Маҷмўаи «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, методӣ ва амалии соҳавӣ натиҷаи таҳқиқоти илмию амалии олимону мутахассисонро дар худ таҷассум намудааст. Таҳиягарони маҷмўа тасмим гирифтаанд, ки оид ба таърих, фарҳанг истифодаи навгониҳо ва сарчашмаҳои нодири бойгонии Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ва масоили вобаста ба он, маводи ҷолиб ва арзишманд ба муҳаққиқону, мутахассисон, омўзгорону донишҷўёни соҳа манзур намоянд.
Чунин ном дорад китоби нависандаи тоҷикзабони муқими шаҳри Тошканд Юнуси Имомназар, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расидааст. Ин китоб аз ҳикоя, қиссаҳо, очеркҳо ва мақолаҳои публитсистӣ, таҳлилӣ ва фарҳангии муаллиф мураттаб шудааст.
Зиндагии инсонро бе мушкилот тасаввур кардан амри маҳол аст. Бо ин ҳол, бани башар доимо дар такупост ва аз паи ҳалли мушкилот оромӣ надорад. Аз як сӯ, ба хотири кушодани басту бандҳои пешомада ва аз ҷониби дигар, барои аз байн бардоштани нобаробарӣ, дурӯғ, кинаю адоват, коҳилӣ, ҳасодат, тамаллуқу таарруз ва соир хислатҳои манфур талош мекунад.
Устураи варзиши тоҷик Зибинисо Рустамова ба синни мубораки 65 даромад. Зебинисо Рустамова аз чеҳраҳои маъруфи варзиши кишвар ва ҷаҳон буду ҳаст. Ҳеч бонуи варзишкори тоҷик ба ҳадди Зибинисо ба зинаҳои шуҳрати варзиш нарасидаву ба ҳадди вай ҷоизаву унвон нагирифта. Илова ба ин Зебинисо Рустмова аз маҳорати хуби роҳбарӣ бархӯрдор аст ва солҳо дар корҳои сарварӣ ҳам будаву дар рушди варзиши кишвар саҳм гузоштааст.
Рустамова Зебинисо Сангиновна соли 1955 дар
Хайрулло Раҳимов 5 январи соли 1925 дар деҳаи Кибили шаҳри Норак таваллуд ёфтааст. Педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1970), профессор (2004). Солҳои 1942–1948 муаллими ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Галаосёи вилояти Бухоро буд. Донишкадаи омўзгории шаҳри Бухороро хатм кардааст.
Солҳои 1962–1974 ҳамчун муаллим, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1974–1976 дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи