Устураи варзиши тоҷик Зибинисо Рустамова ба синни мубораки 65 даромад. Зебинисо Рустамова аз чеҳраҳои маъруфи варзиши кишвар ва ҷаҳон буду ҳаст. Ҳеч бонуи варзишкори тоҷик ба ҳадди Зибинисо ба зинаҳои шуҳрати варзиш нарасидаву ба ҳадди вай ҷоизаву унвон нагирифта. Илова ба ин Зебинисо Рустмова аз маҳорати хуби роҳбарӣ бархӯрдор аст ва солҳо дар корҳои сарварӣ ҳам будаву дар рушди варзиши кишвар саҳм гузоштааст.
Рустамова Зебинисо Сангиновна соли 1955 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Варзишгар, Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1975). Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003). Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1976) ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1988), довари варзиши ИҶШС (1991).
Ҷонишини раиси кумитаи варзиш (1986-92), Раиси кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-1995).
Ноиби президенти Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-2000). Аз соли 2000 раиси ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии занон ва кудакон”. Аз соли 2003 раиси Асосиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон. Чемпиони мутлақи ҷаҳон дар камонварӣ (Интерлакени Швейсария, 1975), дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ (Монреал, Канада, 1976), чемпиони ҷаҳон дар тими мунтахаби ИҶШС (Интерлакен, 1975; Сеул, 1985; Сидней, 1987), дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (Австралия 1977); чемпиони секаратаи Аврупо (Копенгаген, 1976; Измир, 1985; Порис, 1986).
Дорандаи медали нуқраи “Дружба-84” (Прага), чемпиони 15-каратаи ИҶШС, ҷамъияти “Динамо”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ. Варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри 20 шинохта шудааст (2001).
Бо ордени “Нишони Фахрӣ” (1984), медалҳои “Барои меҳнати шоиста” (1976), “20-солагии Истиқлолият” (2012) ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Бозчоп аз Душанбе: Донишнома, 2016. – С. 545-546.
Дар бораи ин камонвари машҳур дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолиб ҳам қобили дарёфту мутолиа аст:
Тоҷикдухтар Зебунисо Рустамова дар камонкашӣ чемпиони ҷаҳон
// Занони Тоҷикистон. – 1975. – №8. – С. 22.
Пайкон: Шеър бахшида ба чемпиони ҷаҳон З. Рустамова // Занони Тоҷикистон. – 1977. – №10. – С. 18.
Рустамова, З. Зан бояд ҷисман ҳам зебо бошад: Мусоҳибаи Б. Расулзода бо камонвари номдори Тоҷикистон Зебунисо Рустамова // Паёми Душанбе. – 1992. – 7 март.
Чеҳраҳои ошно: Зебунисо Рустамова // Фирўза. – 1993. – №4. – С. 3.
Рустамова, З. Барои рушди варзиш сармоягузорӣ нокифоя аст // Миллат. – 2006. – 14 сентябр.
Зебунисо Рустамова. “Варзиши тоҷик ба дастгирӣ ниёз дорад”: Мусоҳибаи О. Тошматов бо варзишгари номии кишвар // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2010. – 2 июн.
Асозода, С. Зебунисоҳои ҷавон тарбия меёбанд: Камонварӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2012. – 18 сентябр.
Зебунисо Рустамова – Президенти ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон: Зебунисо Рустамова бори дигар ба ҳайси Президенти ассотсиатсия барои солҳои 2013-2016 интихоб гашт // Фирўза. – 2013. – №3. – С. 9.
Рустамова, З. Мактаби Зебунисо Рустамова дубора эҳё мегардад: Мусоҳибаи рузноманигор У. Мирзоев бо қаҳрамонзани тоҷик, камонвари номдор Зебонисо Рустамова // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2017. – 25 май.
Рустамова, З. Некхоҳ будан мехоҳам на гурдофарид: Мусоҳибаи рузноманигор Ҳ. Тоҳирӣ бо чемпиони ҷаҳон, камонвар Зебунисо Рустамова // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2019. – 14 феврал.
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ