Ёде аз Юлиус Фучик-адиби номдори чех, ки сафаре ба Тоҷикистон ҳам дошт

Саду понздаҳ сол пеш Юлиус Фучик-адиби номдори чех дида ба олам кушода буд. Чун узви ҳизби коммунист буд, бо Иттиҳоди Шӯравӣ иртиботҳои наздик дошт. Юлиус Фучик аз ҷумла ба Тоҷикистон низ омадаву баъди бозгашташ таассуроташ аз кишвари моро дар чанд очерк навиштааст.

Фучик Юлиус 23-уми феврали соли 1903 дар шаҳри Прага ба дунё омадааст. Ходими ҳаракати коммунистӣ дар Чехословакия, нависанда, мунаққид, журналист. Қаҳрамони миллии РСЧС. Аз солҳои 20 яке аз муҳаррирони газета ва маҷаллаи ПКЧ- «Руде право» ва «Творба» кор кардааст. Фучик ба СССР солҳои 1930, 1934-1936, аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ омадааст ва як силсила очеркҳо навиштааст.

Дар нимаи дуюми солҳои 30 ва давраи Чехословакияро забт кардани фашистон Фучик яке аз муборизони фаъоли зидди фашизм буд. Моҳи апрели соли 1942 ба дасти гестапо афтод. Тирамоҳи соли 1943 дар Олмон ба қатл расид.

Ҳангоми дар ҳабсхонаи  Панкрапси Прага будан Фучик китоби «Гуфтор пеш аз қатл»-ро (нашраш 1945; тарҷ. тоҷикӣ 1951) навишт. Дар китоб фикру андешаҳои Фучик оид ба маънии зиндагӣ, маъсулияти ҳар як фард дар муҳофизати сулҳ ва ғайра фароҳам омадаанд.

Барандаи ҷоизаи байналхалқии Сулҳ (1950; баъди вафоташ) буд.

Бозчоп аз  “Энсиклопедияи  советии тоҷик”. – 1986. – Ҷ. 7. – С. 593.

Муаллиф: М. Турсунов

Дар Китобхонаи миллӣ аз Юлиус Фучик ва дар бораи ӯ ин маводҳоро метавонед бихонед:

Гуфтор пеш аз қатл. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1951. – 139 с.

Сарахбори иди май: Порча аз гуфтор пеш аз қатл. – Сталинобод, 1958. – 1 май.

Қиссаи шаш писар / тарҷумаи М.Муқимӣ. – Душанбе: Маориф, 1977. – 16 с.

Ҳикояи полковник Бобунов дар бораи гирифтани моҳ / Тарҷимаи  И. Абрамов // Шарқи Сурх. – 1948. – №4. – с. 4-8.

Байрақи мубориза ва ғалабаҳо // Шарқи Сурх. – 1950. – №1. – С. 6-8.

Гуфтор пеш аз қатл // Шарқи Сурх. – 1951. – №5-6.

Шабонгоҳ дар соҳили Панҷ: Очерк // Ҳақиқати

Ленинобод. –  1961. –11 апрел

Гуфтор дар шаъни Айнӣ // Коммунисти Қурғонтеппа. – 1978. – 15 апрел.

Дар бораи адиби номвар

Иброҳимов, А., Шоғуломов, И. Дўсти мо: Ба муносибати 60-солагии зодрўзи Юлиус Фучик // Ўзбекистони сурх. – 1963. – 22 феврал.

Алиаскаров, Ю. Қаҳрамони халқи Чех дар Самарқанд: Дар бораи Юлиус Фучик // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1969. – 15 феврал.

Кандрашов, А. Филм дар бораи бачагии Ю. Фучик: Дар кинотеатрҳои Чехословакия  // Комсомоли Тоҷикистон. – 1979. – 5 декабр.

Бахтиёр, М. Ёдбуди адиби мубориз: 70-умин солгарди рўзи таваллуди Ю. Фучик // Комсомоли Тоҷикистон. – 1973. – 23 феврал.

Шоҳқосимов, Ш. Ифтихори миллат: Робита ва шиносоии Юлиус Фучик бо С. Айнӣ // Бадахшони советӣ. – 1978. – 23 апрел.

Эргашев, И. Дўсти мо Юлиус Фучик // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1980. – 14 июн.

Ҳусейнов, М. Ҳамсафарони Юлиус Фучик // Тоҷикистони советӣ. – 1982. – 12 декабр.

Эрматов, С. Дарахт бо реша сарсабз аст: Ба муносибати 80-солагии зодрўзи Юлиус Фучик // Ҳақиқати Ўзбекистон. –1983. – 22 феврал.

Имрўз ба зодрўзи қаҳрамони халқи Чехословакия Юлиус Фучик (1903-1943) 80 сол пур мешавад // Комсомоли Тоҷикистон. – 1983. – 23 феврал.

Бобохонов, М. Дар музеи Юлиус Фучик: Тошкент // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1985. – 12 ноябр.

Раҳматов, М. Дўсти мо Юлиус Фучик // Пионери Тоҷикистон. – 1988. – 20 июл.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди  шуъбаи
библиографияи миллӣ