Activities calendar

13 февраля 2018

80 соли Мадиброҳим Норматов –забоншиноси маъруфи кишвар

Имсол яке аз забоншиносони барҷастаи кишвар Мадиброҳим Норматов ба синни мубораки 80 қадам гузошт. Сар аз аввали моҳи ҷорӣ ба ифтихори зодрӯзи устод дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо мақолаҳо ва садҳо табрикоти шогирдон аз гӯшаву канори кишвар интишор ёфтанд. Ин маҳбубияти як устод ва қадршиносии шогирдон буд.

Норматов Мадиброҳим 1 – уми феврали соли 1938 дар ноҳияи Ашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми  Зфилология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). 

Мадиброҳим Норматов соли 1960 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро

Соли рушди сайёҳиву Қалъаи Ҳисор

Атрофи пайдоиши қалъаи Ҳисори Шодмон дар миёни мардуми атрофи қалъа ақидаҳо гуногунанд. Дар ин миён бештар ақидаи ровиёни ахбор ва ноқилони хушгуфтор асосноктар аст, ки онро Таҳмураси Девбанд бунёд гузоштааст. Бештари сарчашмаҳо низ бунёди қалъаро махсусан дар аҳди подшоҳии Таҳмурас ишора мекунанд, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш аҳди шоҳаншоҳии Таҳмурасро хуб иникос намудааст.
Ин қалъа дар сари Роҳи Абрешим асрҳои аср чун

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: КУЛОЛӢ

Кулолӣ аз ҳунарҳои суннатии маъруфи тоҷикон мебошад, ки ба истеҳсоли маснуоти гилӣ марбут аст. Пешаи кулолӣ дар гузашта бештар дар шаҳрҳои калон рушд ёфта, маҳсулоти сохтаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буданд. Дар деҳот зарфсозӣ ё кулолӣ, бештар ба зиммаи занҳо буд. Онҳо аз гилҳои маҳаллӣ бидуни дастгоҳ зарфҳо сохта, дар ҷойи соя хушконида, дар оташдонҳои наздиҳавлигӣ мепӯхтанд. Барои сўзишворӣ, одатан, порўи чорпои хонагӣ истифода мешуд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧИТГАРӢ

Читгарӣ усули истеҳсоли чити нақшдор аст. Санъати Читгарӣ дар гузашта дар якчанд шаҳри тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз ҷумла, дар Хуҷанду Самарқанд, Бухорову Истаравшан, Ҳисор (Қаратоғ) ва ғайра маъмул буд. Чит матои сабуки бофтаест, ки тору пуди он аз риштаҳои пахтагин иборат аст. Матои чит ду навъ дорад: якранг ва гулдор. Аз чит курта, шалвор, ҷома, кӯрпа, кӯрпача, парда, чодар ва ғайра медӯзанд.
Читгарон мувофиқи дархосту фармоиши харидорон