Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ЧИТГАРӢ
Читгарӣ усули истеҳсоли чити нақшдор аст. Санъати Читгарӣ дар гузашта дар якчанд шаҳри тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз ҷумла, дар Хуҷанду Самарқанд, Бухорову Истаравшан, Ҳисор (Қаратоғ) ва ғайра маъмул буд. Чит матои сабуки бофтаест, ки тору пуди он аз риштаҳои пахтагин иборат аст. Матои чит ду навъ дорад: якранг ва гулдор. Аз чит курта, шалвор, ҷома, кӯрпа, кӯрпача, парда, чодар ва ғайра медӯзанд.
Читгарон мувофиқи дархосту фармоиши харидорон маҳсулот истеҳсол мекарданд. Тибқи манобеи таърихӣ дар солҳои 70-уми асри 19 дар Хуҷанд 30 дукони читгарӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо тақрибан 70 нафар усто кор мекардааст. Бисёр устоҳо бо фарзандон ва хешовандони худ ба Читгарӣ машғул буданд. Баъзе устоҳо 4-5 нафарӣ халифа – коргарони қарордодӣ доштанд. Устокор ба халифаҳо корҳоро тақсим мекард. Баъзе халифаҳо матои карбосро дар дегҳо андохта, то нарм шуданаш меҷӯшониданд. Халифаҳо ё шогирдони дигар бо қолабҳои чӯбӣ ба матоъ нақш мезаданд. Рангҳои сиёҳу сурхро шогирдони алоҳида нақш мегузоштанд. Аммо нақши асосии матоъро, ки “сиёҳ-қадам” ном дошт, худи устои калон мекашид.
Дар мобайни дукон чӯби читгарӣ – хараке меистод, ки дарозиаш 3 метр буд. Харак бо намад рӯйпуш карда шуда буд ва он барои матоъкӯбӣ бо кудунг – болғаи чӯбӣ хидмат мекард. Дар ҳавлии берун 2-3 деги чӯянӣ ё мисӣ ба болои оташдонҳо устувор шуда буд, ки дар онҳо читҳоро меҷӯшониданд ва ё ранг тайёр менамуданд. Рангҳои сурху норанҷиро аз пӯстлохи анор ва ранги сиёҳро аз оҳан истеҳсол намуда, дар тағораҳои ҷудогона мегирифтанд. Дар деге оҳани зангзадаро андохта, бо оташи паст меҷӯшониданд ва кам-кам омезиш медоданд. Барои ҷилонок шудани ранг баъзан ба он ҷазза ҳамроҳ менамуданд. Илова ба ин ба ранг шилми дарахти себ ва зок ҳамроҳ мекарданд, ки рангро ғафстар менамуд.
Равиши кори читгарон чунин буд: аввал матои карбос ё хомсуфро ба андозаи зарурӣ интихоб намуда, дар дег 1-1,5 соат меҷӯшониданд, то ки матоъ аз ҳар гуна равғану оҳор тоза шавад ва мулоим шуда, ранг ва тезобро ба зудӣ ба худ гирад. Сипас, матоъро дар оби тоза шуста, мехушкониданд. Дар деги алоҳида хокаи чӯби дарахти писта – мозуро ҷӯшонида, маҳлул тайёр мекарданд. Ба 800 грамм мозуи кӯфта 10 қошуқ об ҳамроҳ менамуданд. Карбосро дар ин маҳлул тар карда, боз мехушкониданд. Баъд аз ин карбосро бо кудунг мекӯфтанд ва он барои нақшгузорӣ омода мегашт.
Матои тайёршударо ба болои намади харак паҳн карда, аввал нақшҳои сиёҳи онро бо қолабҳо мекӯфтанд. Пас аз нақши сиёҳ гузоштан читро меовехтанд, то ки ранги он хушк шавад. Коргари дигар бо ранги сурх нақши гулҳоро насб мекард. Севумӣ гулҳои зардро нақш менамуд. Ранги зард аз маҳлули зок, шилми дарахти себ ва гиёҳи тухмак, ки дар кӯҳҳои Хуҷанд мерӯид, таҳия мегашт. Матоъи ородашударо дар оби тоза обгардон намуда мехушкониданд. Сипас чити нақшдорро ранги сурх пошида, ба деги рангобаш ҷӯшидаистода меандохтанд ва чанд соат меҷӯшониданд. Вақте ки матоъ ранги сурх мегирифт, онро аз дег берун оварда мехушкониданд. Дар Хуҷанд читҳо бо нақшҳои зулфак, занҷира, чинифалак, чинигул, мехча, тагсиёҳ ва ғайра оро дода мешуданд.
Дар Бухоро читгарон ба истеҳсоли чит ва рӯймолҳои мунаққаш машғул буданд. Матои читро ба рангҳои одии сиёҳу сурх нақш мегузоштанд ва он чандон мураккаб набуд. Рӯймолсозон асосан камарбанд тайёр мекарданд ва ба он нақшҳои резагул насб менамуданд. Ибтидои асри 20 пешаи Читгарон дар Бухоро рӯ ба таназзул ниҳода будааст.
Дар Истаравшан то ба ҳоло санъати читгарӣ идома дорад. Усто Миробиди читгар, усто Мирсаид, усто Мирамин ва дигарон дар асри 20, дар замони рақобати ҳунарҳои миллӣ бо технологияи замонавӣ ба касби суннатии худ устувору содиқ монда, онро ба рӯзгори мо расонидаанд.
Имрӯзҳо санъати читгарӣ зери роҳбарии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирамин Саидов дар Истаравшан эҳё шуда, рушд ёфта истодааст. Наздикони ӯ – Шароф, Миразим, Мирмаъруф, Шукур ва чанде дигар дар ҳифзу инкишофи ин касби пурифтихори ниёгон ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.
Таҳияи Нигина Махмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
фарҳанг ва ҳунар.
ШАРҲ: Ин мақола низ аз китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (қисми якум), ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст, иқтибос шуд. Сомонаи мо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба муаррифии ин гуна мақолаҳо ва китобҳо идома медиҳад.