Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ШОНАСОЗӢ
Нашр шуд 2018-06-06 14:52
Шонаи чўбин тибқи ақидаи шонатарошону истифодабарандагон баъзе хусусиятҳои шифобахшӣ дорад. Агар аз қисми дарунтари кундаи чормағз шона сохта шавад, борои мўйҳои хушк муфид буда, мўйро равғаннок менамояд. Агар шона аз чўби шохҳои болоии дарахти чормағз гирифта шуда бошад, равғани мўйро муътадил месозад. Шонаи аз чўби зардолу сохташуда асабро ором мекунад. Шонаи аз кундаи дарахти нок сохташуда мулоимтар буда, барои масҳ кардани пўсти сар мувофиқ аст.
Шонасозӣ, шонатарошӣ, шонагарӣ, навъе аз касби анъанавии мардуми тоҷик. Ҳунари шонатарошӣ бештар дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Ҳуҷанду Истаравшан, Панҷакенту Фарғона, Ҳисор ва ғайра густариш ёфтааст.
Кори шонасозӣ аз интихоби чӯб оғоз меёбад. Чўби аз ҳама мувофиқ барои шонатарошӣ чўби дарахти чормағз мебошад. Баъзан аз чўбҳои зардолу, нок ва тут низ шона месозанд. Чўби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онро дар офтобрўя мехушконанд. Тахтачаи хушкидаро бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи махсус-сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сўҳон теғаҳои ҷойи дандонаҳоро соида ҳамвор месозанд. Ба мавзеи дандонаҳои тахтача равғани рустанӣ молида, 2-3 соат нигоҳ медоранд, то ки чўб равғанро ба худ ҷабад. Баъд аз амали дандонбарории маҳин ва дурушт сурат мегирад.Тахтачаро ба даҳани дукон бо барбанд устувор карда, бо арраҳои гуногун дандонҳои шонаро месозанд. Дар ин вақт усто ба нарангушти дасти чапи худ ангуштбони чармӣ мегузаронад, ки вазифаи он ҳам муҳофизат кардани ангушт ва ҳам фосилагузорӣ дар байни дандонаҳои шона мебошад. Сипас шонасоз ба амали тагфурорӣ мегузарад ва поини дандонаҳоро ба ҳам баробар мекунад. Агар шона дутарафа бошад, дандонаҳои як тарафи он маҳин ва тарафи дигараш андаке дурушт ё калонтар мешавад. Пас аз таёр шудани дандонаҳои амали нўгборорӣ иҷро мешавад. Усто бо сўҳон нўги ҳар як дандонаро ба мисли пайкони найза ороста, аммо теғаи онро кунд менамояд, то ки дандонаҳо даст ё пўсти сарро нахарошанд. Баъдан ба сўҳони маҳин дандонаҳои аз дарун ҳамвор карда мешаванд. Агар шона дутарафа бошад, ду тарафи дастаи шонаро бо каҷкорд метарошанд ва бо сўҳон ҳамвор мекунанд,ки барои ба даст доштан мувофиқ шавад.
Пас аз анҷоми ин корҳо амалҳои ороишӣ сурат мегиранд. Таги дандонаҳо борои баробар шудан ва ба назар рост намудан бо аррача хат кашида мешавад. Агар шона камоншакл бошад, барои хаткашӣ қолаби камоншаклро ба кор мебаранд. Бо асбобҳои гулпарто гули мавҷнок мекашанд, ки он «нақши мор» ном дорад. Бо абзорҳои гуногун нақшҳои исломию ҳандасӣ, матнҳо, суратҳои ҷонварон ва ғайраро тасвир мекунанд.
Чун ороиши шона ба анҷом расид, бо регкоғаз (коғази сунбода) ҷойҳои нақшшударо соида, бо парҳои мурғ (пардаста) тоза менамоянд, ки онро «парзанӣ» меномиданд. Дар охир дубора шонаро равған карда, баъди якчанд соат боз бо пар зада, гарду ғуборашро пок менамоянд ва бо ҳамин шона тайёр мешавад. Ба баъзе шонаҳои пурнақши армуғонӣ маҳлули мумии занбўри асал мемоланд, ё ки онро аз таъсири обу офтоб нигоҳмедорад.
Шонаи чўбин тибқи ақидаи шонатарошону истифодабарандагон баъзе хусусиятҳои шифобахшӣ дорад. Агар аз қисми дарунтари кундаи чормағз шона сохта шавад, борои мўйҳои хушк муфид буда, мўйро равғаннок менамояд. Агар шона аз чўби шохҳои болоии дарахти чормағз гирифта шуда бошад, равғани мўйро муътадил месозад. Шонаи аз чўби зардолу сохташуда асабро ором мекунад. Шонаи аз кундаи дарахти нок сохташуда мулоимтар буда, барои масҳ кардани пўсти сар мувофиқ аст.
Мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
Сафарова Зебинисо