Дар доираи чорабниҳои ҳамоиши байналмилалӣ дар масоили об субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ чорабинии якрӯзаи “Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об” доир гардид.
Анҷумани мазкур аз 3 бахши асосӣ иборат будва дар он даҳҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд.
« - Лутфан бигӯед, ки оё ба наздикӣ моро об медиҳанд?- пурсид дарахти нахли саго, ки намнокӣ ва рутубатро хеле дӯст медорад.- Ман гумон мекунам имрӯз аз ташнагӣ хушк мешавам.
- Маро суханони шумо сахт ба тааҷҷуб меорад, ҳамсояи азиз,-гуфт гули ханҷарии шикамдам.-Наход бароятон ин миқдори зиёди об, ки ҳар рӯз мерезанд, боз ҳам кам бошад?
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ – амалии “Илм ва об” оғоз ба кор кард. Конфронс бо тасмими Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, Институти байналмилалии назорати захоири обӣ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар Конфронс олимон аз кишварҳои дуру наздик ширкат доранд ва масоили вобаста ба мушкилоти