Ташаббусҳои Тоҷикистон: Об барои рушди устувор
« - Лутфан бигӯед, ки оё ба наздикӣ моро об медиҳанд?- пурсид дарахти нахли саго, ки намнокӣ ва рутубатро хеле дӯст медорад.- Ман гумон мекунам имрӯз аз ташнагӣ хушк мешавам.
- Маро суханони шумо сахт ба тааҷҷуб меорад, ҳамсояи азиз,-гуфт гули ханҷарии шикамдам.-Наход бароятон ин миқдори зиёди об, ки ҳар рӯз мерезанд, боз ҳам кам бошад? Ба ман нигаред: бароям хеле намии кам медиҳанд, вале ҳамоно тару тозаам.
- Мо одат накардаем, ки аз ҳад зиёд сарфакор бошем,- посух дод нахли саго. – Мо наметавонем дар чунин хоки хушку камарзиш ба мисли гулҳои ханҷарӣ нумӯъ кунем. Мо одат накардаем, ки ҳар навъе бошад зиндагонӣ кунем.
Ин ҳарфҳоро ба забон овард нахли саго ва ранҷишомез лаб фурӯ баст”.
Вақте мехостам дар мавзуъи “Об барои рушди устувор” нависам, ин як порча аз ҳикояи Всеволод Гаршин “Атталеа принтсепс” ёдам омад, ки замоне хонда будам. Ҳикояро дубора боз ва онро аз русӣ тарҷума кардам. Ҳамчуноне аз муколама дида мешавад, дар олам ҳар рустанӣ талаботи гуногун ба об дорад. Ва ин табиат бе об буда ҳам наметавонад. Аз набототу ҳайвоноту парандагону чарандагон сар карда то инсон об мехоҳанд. Яке бешу дигар кам.
97,2 % обе, ки дар Сайёра мавҷуд аст, нӯшокӣ нест, ин оби шӯри уқёнусҳову баҳрҳост, ки на одамон аз он метавонанд истифода баранд ва на ҳайвонот. Дар сар то сари олам танҳо 2,8 дарсади обҳои он нӯшокианд. Ва боз: 2,15 дарсади обҳо дар куҳҳо, дохили яхкӯҳҳо (айсбергҳо) ва уқёнусҳои Антрактида ях бастаанд ва ҷорӣ нестанд.
0, 001% захираҳои об дар фазо, дар атмосфера ҷой гирифтааст. 0,65 дарсади он дар дарёҳо, кӯлҳо ва чашмаҳост. Ва танҳо ҳамин миқдор обро инсон истеъмол мекунад, боқӣ аз ихтиёри одам берун аст.
Аммо бо вуҷуди ин сарчашмаҳои об тамомношуданист, ҳамешагист. Зеро ҳамеша кабуди онро табиат боз пур мекунад. Ҳар сол бар асари бухор шудани об аз уқёнусҳои нопайдоканор захираи бузургтари оби ошомиданӣ пайдо мешавад ва ин захира аз осмон ва қабати абрҳо дубора ба замин сарозер мешавад ва оби дарёҳоро пур мекунад, чашмаҳоро меафзояд.
Беобӣ ва мо
Тибқи навиштаи расонаҳо ва таҳлилҳои коршиносон дар Сайёраи мо бештар аз 1 миллиард аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ шиква доранд. Ҳамзамон бо ин 2,6 миллиард сокинони Замин аз ноилоҷӣ обҳои аз нигоҳи беҳдоштӣ нотозаро истифода мебаранд. Яъне, ин мушкили Сайёра имрӯз ақлҳои солимро ба ҷунбиш овардааст.
Мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки 97 дарсади он аз кӯҳҳо иборат буда, ҳамагӣ 3 дарсад замини корам дорад. Кӯҳҳои мо баландтарин дар Осиёи Марказӣ мебошанд ва аз 300 то 7495 метр баландӣ доранд. Дар қисмати кӯҳистони Тоҷикистон 1085 адад пиряхҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки дар зиёда аз 1450 км2 доман паҳн кардаанд. Илова бар ин кишвари мо аз кӯлҳо бой буда, тибқи ҳисоби мутахассисон сатҳи оби онҳо баробар ба 1005 км мураббаъ буда, дар умум масоҳати 22 кӯли кишвар 625 км мебошад. Яъне, Тоҷикистон ватани обҳои ширин, мусаффо ва тоза мебошад. Бино ба навиштаи расонаҳо айни замон ҳар як сокини мамлакат вобаста ба имконияти мавҷуда дар як шабонарўз аз 50 то 360 литр оби ошомиданӣ истифода менамояд. Мувофиқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, имрўз 51,4% аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла, 86,9% аҳолии шаҳрҳо, 61,5% аҳолии шаҳракҳо ва 43,4% аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва мувофиқан 79,8%, 18,2% ва 0,2% аҳолӣ шароити хуби санитарӣ таъмин мебошанд.
Тоҷикистон бо вуҷуди он ки мушкили таъмини об қариб, ки надорад, бо дарки масъулият дар назди ояндаи башар ташаббускор чандин барномаҳои байналмилалии оби тоза буду ҳаст ва охирин ташаббуси кишвари мо эълон Даҳсолаи об барои рушди устувор аст, ки аз Наврӯзи имсол шурӯъ гардид.
Тавре Пешвои миллат дар як суханронии худ дар Конфронси байналмилалӣ эълон доштанд: “Ҳукумати Тоҷикистон, яъне кишваре, ки ташаббускори Даҳсолаи байналмилалӣ буд, барои татбиқи амаливу бомуваффақонаи чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ силсилаи тадбирҳо андешида буд. Ба ин хотир бо саъю кӯшиши Ҳукумати кишвари мо – дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ – дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд. Дар ин росто, мехоҳам аз Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар (соли 2005, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалӣ оид ба кам кардани офатҳои табиии марбут ба об (соли 2008, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба шарҳи хулосавии миёнамуҳлати фарогири ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2010, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар арсаи об (соли 2013, ш. Душанбе), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯи натиҷаҳои татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» (соли 2014, ш. Душанбе) ёдовар шавам. Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон ва тибқи қатъномаҳои марбутаи Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тафсири ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва ба ифтихори эълон шудани соли 2013 ба ҳайси Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об ва бистумин солгарди эълони Рӯзи байналмилалии захираҳои об дар чаҳорчӯбаи иҷлосияҳои 64-ум (соли 2010), 67-ум (соли 2013) ва 69-уми (соли 2015) Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид муколамаҳои интерактивии сатҳи баланд доир гашта буданд”.
Тағйири ҷаҳонии иқлим
Сол аз сол инсоният ба гармои шадид рӯ ба рӯ мешавад ва кайҳост, ки СММ бонги хатар аз гармшавии иқлим дар олам мезанад. Тибқи оморҳои расмӣ соли 2008 35-40 дараҷа боло рафтани ҳарорати ҳаво сабабгори 30-35 фоиз кам шудани воридоти об дар обанборҳои Тоҷикистон шуда буд. Ва ин камшавӣ ҳамвора давом дорад. Тағйири иқлими олам сабабгори он ҳам шуд, ки зарфи чанд соли охир оби калонтарин дарёҳои минтақа – Сирдарё ва Амударё кам шуд. Ин дарёҳо асосан аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Минтақаи Осиёи Марказӣ зиёда аз 50 миллион аҳолӣ дорад ва ин коҳиши обу тағйири иқлим зарари худро расонида истодааст. Ин боз дар ҳолест, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта аллакай 3 маротиба дар ин минтақа хушксолӣ такрор шудаву обшавии пиряхҳои азими қуллаҳои Помир сол ба сол зиёд мегардад, ҳол он ки Осиёи Марказӣ минтақаи чандон пешрафтаи саноатӣ нест. Тибқи оморҳои гуногун дар ин муддат дар қаламрави Тоҷикистон қариб 35 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод.
Ҳамаи ин боис мегардад, ки кишварҳо дар ҳалли масъалаи об ва ояндаи башар муттаҳид бошанд, барномаҳои калидиву бунёдиро роҳандозӣ кунанд. Дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба об ҳамин масъулият барои ояндаи башар қарор дорад. Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ бонги изтироб мезананд ва ҷаҳониёнро аз хатари ояндаи беобӣ ҳушдор медиҳанд. Инсоният бояд ояндабин бошад ва афзоиши бесобиқаи аҳолии ҷаҳон мушкили обро дучанд мекунад ва иагар имрӯзиён масъулиятро дарк накунанд, наслҳои оянда ба садҳо мушкили азим рӯ ба рӯ мешаванд, ки иртиботи бевосита ба об дорад.
Гармои ҷаҳонӣ сабабгори об шудани барфҳои бисёрсола ва пиряхҳои азим мешавад, ки мисоли онро болотар овардем. Ва куллат ба нестӣ расидани пиряхҳо ояндаи нохӯшеро пешгӯӣ мекунад.
Фариштамоҳ Шафиева,
корманди Кумитаи ҳолатҳои
фавқулодда ва мудофиаи граждании
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон