Сафари кории ҳайати Китобхонаи миллӣ ва ниёзмандиҳои китобхонаҳои вилояти Суғд
Гуруҳи кории Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии муовини Директори Китобхона Салима Раҷабова муддати як ҳафта ба вилояти Суғд сафар карда буд, ба Душанбе баргашт.
Ҳадафи сафар ширкат дар барномаи семинарҳои омӯзишӣ барои китобдорон буд. Силсилабарномаҳои омӯзишӣ барои ҳамаи китобдорони кишвар барои як сол таҳия шудаву онро Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ва Директори Китобхонаи миллӣ тасдиқ кардаанд.
Мувофиқи нақша сафари корӣ аз шаҳри Истаравшан бо баргузории семинар дар Коҳи фарҳангии ин шаҳр бо ширкати муовини раиси ноҳия Хосият Фозилова, намоянда¬гони соҳаи фарҳанг ва китобхонаҳои ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳрис¬тон, Зафара-бод ва Истаравшан оғоз шуд.
Дар семинар муовини директори китобхона Салима Раҷабова дар мавзуъи «Нақши китоб ва омўзиши илм дар бунёди оилаи солим ва рушди маърифати оиладорӣ» суҳбат кард, сармутахассиси шуъбаи рисолаҳои илмӣ Любов Имомалиева аз нақши китоб ва омўзиши илм дар гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги либоспушӣ гуфт, сардори шуъбаи матбуоти даврӣ Муҳаммадиқбол Атоев дар бораи нақши китоб ва омўзиши илм дар пешгирӣ аз шомилшавии афрод ба гурўҳҳои ифротӣ ва сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамил Валиев оид ба роҳҳои ҷалби хонандагон ба китоб¬хонаҳо ва такмили фаъолияти онҳо дар шароити ҷаҳоншавии фазои иттилоотӣ баромад намуданд.
Пас аз анҷоми семинар бо кормандони китобхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ оид ба раванди хизматрасонӣ ба хонандагон, тасвири нави библиографии китоб, маҷаллаву рўзномаҳо, ҷобаҷогузории фонди чопии китобхона ва ба тартиб даровардани феҳристи китобхона ва ғайра сўҳбат баргузор гардида, вобаста ба ин масъала аз ҷониби ҳайати кории Китобхонаи миллӣ маслиҳатҳо дода шуданд.
Сипас, ҳайати гуруҳи корӣ ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, дар Китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо намояндагони китобхонаҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, шаҳрҳои Чка¬лов, Хуҷанд мулоқот намуданд. Дар атрофи омўзиши илм дар бунёди оилаи солим, китоб ва омўзиши илм дар гиромидошти анъанаҳои миллӣ, китоб ва омўзиши илм дар пешгирӣ аз шомилшавии афрод ба гурўҳҳои ифротӣ ва ҷалби хонандагон ба китоб¬хонаҳо суҳбатҳои пурмуҳтаво доир шуд. Баъдан бо фаъолияти китобхона аз наздик ошно гардида, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳо ба мардум маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳамчунин ҳайати корӣ дар бинои Китобхонаи марказии шаҳри Қайроққум бо намояндагони китобхонаҳои ноҳияи Чкалов, Бобоҷон Ғафуров дидор карданд ва атрофи масоили муҳим дар иртибот ба китобу китобдорӣ, нақши китоб дар тарбияи маънавии хонандагон суҳбатҳо ҷараён гирифтанд.
Дар ин сафар бо намояндагони рӯзномаву маҷаллаҳои чопи вилояти Суғд як мулоқоти судманд доир гардид ва дар он мавриди ирсоли нашрияҳо ба Китобхонаи миллӣ ҷиҳати дар мутолиаи хонандагони пойтахт қарор додани онҳо ва ғанӣ сохтани бойгонии Китобхонаи миллӣ аз нашрияҳои музофотӣ суҳбати муфид сурат гирифт.
Китобдорон дар мулоқот ва семинаре, ки дар китобхонаи ба номи Лоҳутии шаҳри Исфара доир шуд, роҷеъ ба нокифоя будани шумораи адабиётҳо дар хазинаи китобхонаҳо, ворид нагардидани китобҳои тозанашр ва ғайра изҳори назар намуданд. Ҳамзамон корманди филилаи №1 китобхонаи шаҳри Конибодом Моҳира Пирматова ва директори китобхонаи марказии шаҳри Исфара Холматов аз «Корвони китоб» изҳори норозигӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар чорабинии “Корвони китоб” ба онҳо гӯё 2 ҳазор китоб расид, вале мутаассифона, танҳо 106 нусхаи он китоб буд ва боқӣ маҷаллаҳои “Фирӯза” ва “Истиқбол”-и нашри солҳои 1999-2014 буданд.
Дар ноҳияи Айнӣ ба сабаби омодагии масъулони фарҳангӣ ба сафари Президенти кишвар ва таҷлили 150-солагии Нақибхон Туғрал семинари тарҳрезишуда баргузор нагардид. Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Айнӣ ҳайати Китобхонаи миллиро қабул накард ва иброз дошт, ки шароити баргузории ин семинарро надорад.
Дидору мулоқот ва ошноӣ бо фаъолияти китобхонаҳо ва суҳбат бо китобдорон нишон дод, ки баргузории ин гуна сафарҳо муфиданд ва дар доираи сафарҳо метавон ҳам бо мушкили китобхонаҳо аз наздик ошно шуд ва ҳам дар кори низоми китобдорӣ маслиҳатҳо дод ва камбудиҳоро бартараф намуд. Дар рафти суҳбатҳо маълум гардид, ки китобхонаҳои вилояти Суғд ниёз ба китобҳои тозанашр доранд. Онҳо наметавонанд дархости муштариёни худро дар мавриди китобҳои нав қонеъ созанд. Иртиботҳо бо ноширон гусаста ва ҳар он чизе ки сари вақт дастрас мешавад, ки китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои вилоятист.
Дар айни замон ба онҳо тавсия дода шуд, ки ниёзҳо ва мушкилоти худро дар номаи расмӣ ба унвони роҳбарияти Китобхонаи миллӣ нависанд, то дар маврид ва замонаш ба ҳалли мушкил кумаки амалӣ расад.
Инчунин пешниҳод гардид, ки кормандони китобхонаҳо метавонанд барои такмили маҳорати корӣ ва ихтисос ба курсҳои кутоҳмуддати Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ ва барои соҳиб шудан ба маълумоти олии китобдорӣ ба ДДФСТ ба номи М.Турсунзода сафарбар карда шаванд.
Дар суҳбатҳо инчунин дар бораи таъмирталаб будани бинои китобхонаҳо сухан рафт ва баъе иншоотҳо дар ҳақиқат ҳоли табоҳ доранд ва ниёзманди таваҷҷуҳи мақомоти ноҳиявию вилоятианд. Аз сабаби нокифоягии маблағҳои маҳаллӣ ва иҷро нагардидани барномаҳои давлатӣ, бинои китобхонаҳо таъмирталаб ва ниёз ба мизу курсиҳо доштанд.
Боз як мушкилоти дигари соҳаи китобдорӣ дар маҳал ин қатъ гардидани китобхонаҳои сайёр аст, ки ба ин намуди хизматрасонӣ бештар сокинони маҳалҳои дурдаст ниёз доранд.
Ҳарчанд китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, пешниҳод гардид, ки дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда шаванд.