“Сарқонуни гӯё”.
Чаро гӯё? Ба кадом маънӣ?
Бори аввал дар Тоҷикистон ихтироъи як хонандаи мактаб муаррифӣ мешавад, ки талош кардааст нобиноён бо Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шаванд. Ибтикоре, ки шоистаи эҳтиром ва таҳсин аст.
Суннатулло Қосимов хонандаи ихтирокори литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои нобиноён дар шакли садо таҳия кардааст ва онро “Сақонуни гӯё” номидааст.
Ба Китобхона чаро равем?
Шояд дирӯз ин соуол дар сари бисёриҳо чархид. Наврасону ҷавононе, ки по ба остонаи Китобхонаи миллӣ мегузоштанд ва иддае, ки шояд бори аввал даъватро пазируфтаву омода буданд, шояд мепурсиданд аз худ, ки чаро онҳо бояд ба китобхона раванд, дар ҳоле, ки ин шаҳр пур аз дискоклубу боғҳои истироҳатист.
Баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ пур аз одам шуд. Ба даъвати