Як нуҳмоҳаи дигар аз фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон сипарӣ шуд. Нуҳ моҳе, ки пурбаракаттарин моҳҳои сол буданд, моҳҳое, ки хеле комёбиҳо доштанд, моҳҳое, ки рӯзҳояшон қариб бе чорабиниҳо нагузаштанд. Ва ин ҳама рӯзҳову моҳҳо акнун дар ҳукми таъриханд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии нуҳмоҳа аз ҳамин рӯзҳо ёд шуданд, ҳисобот пешниҳод шуд, ки дар ин нуҳ моҳ чӣ корҳое ба сомон расиданд ва бояд то
Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба мавзўъҳои “3000-солагии Ҳисор”, “700- солагии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ”, “Соли оила”, «Беҳтарин тўҳфаи устод»: бахшида ба 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нигоҳ ба таърих»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Модари шаҳрҳо»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Адиби ширинкаломи форсу тоҷик»: бахшида ба 700- солагии Мир сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нақш ва ҷойгоҳи оила дар ҷомеа»: бахшида ба Соли оилаи солим, «Нақши китоб дар бунёди оилаи солим», «Тақдири хонавода дар ҷаҳони муосир» ва “Подвиг Таджикского народа в годы ВОВ: К -70 летию в
Шуъбаи матбуоти даврӣ дар ин нуҳ моҳи сипаришуда як силсила корҳоеро дар самти таблиғи китобхонӣ, ҳуввияту худшиносии миллӣ анҷом додааст.
Баъзан гумон мекунанд, ки фаъолияти Шуъбаи матбуоти даврӣ бо таъмини хонандагон бо нашрҳои имрӯзу пешини нашрияҳои кишвар хатм мешавад. Аслан чунин ҳам ҳаст. Яъне, вазифаи асосӣ хизматрасонӣ ба муштариён барои дасрасии осони онҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳост. Ва ин нашрияҳо дар Китобхонаи миллӣ хеле зиёданд. Аз аввалин шумораҳои “Бухорои шариф” то тозатарин ҳафтаномаҳо теъдод ва номгӯяшон ба садҳову ҳазорҳо мерасанд.