Фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ Китобхона зарфи нуҳ моҳи соли 2015
Нашр шуд 2015-10-15 18:02
Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба мавзўъҳои “3000-солагии Ҳисор”, “700- солагии Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ”, “Соли оила”, «Беҳтарин тўҳфаи устод»: бахшида ба 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нигоҳ ба таърих»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Модари шаҳрҳо»: бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Адиби ширинкаломи форсу тоҷик»: бахшида ба 700- солагии Мир сайид Алии Ҳамадонӣ, «Нақш ва ҷойгоҳи оила дар ҷомеа»: бахшида ба Соли оилаи солим, «Нақши китоб дар бунёди оилаи солим», «Тақдири хонавода дар ҷаҳони муосир» ва “Подвиг Таджикского народа в годы ВОВ: К -70 летию великой победы” як қатор мақолаҳо дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ ба чоп расонида шуд.
Кормандони шуъбаи илмӣ- таҳқиқотӣ Қараев Ф. ва Амонов Ф. бахшида ба 70 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ (1941-1945)» дастури библиографӣ ба табъ расониданд. Ҳамчунин дастури библиографӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Точикистон Бобочон Ғафуров, дастури методӣ бахшида ба 70 солагии шоир
Гулназар Келдӣ, маълумотномаи “Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва омода карда шуд.
Инчунин тибқи супориши раёсат баҳри беҳтар намудани фаъолияти Китобхона таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар мавзўъҳои “Чеҳраҳои мутолиотии донишҷўёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Вазъи хизматрасонӣ ба хонандагон дар КМТ”, “Хазинаи китобии Китобхонаи милии Тоҷикисон; вазъ ва такмили он” ва “Вазъи ташрифоварии хонандагон ба Китобхона” гузаронида шуд.
Инчунин дастурҳои библиографии зерин таҳия ва ба чоп омода карда шуданд: «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Феҳристи адабиёт» / Ба пешвози 700-солагии зодрўзаш (70 с.); «Аскар Ҳаким, Китобнома» ( 80 с.); «Урун Кўҳзод, Китобнома» (70 с.), «Монографияи библиографии қаҳрамонони Тоҷикистон: Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур» (100 с); «Лоиқ Шералӣ, Китобнома» (120 с.); «Ҳуринисо Ализода, Китобнома» (150 с.); «Арбобони фарҳанги тоҷик» (850 с.); «Соҳибунвонҳо» (180с.); «Донишномаи КМТ» (350с.); « Мавлуднома» (200с.); «Сафармуҳаммад Аюбӣ-адиби боистеъдоди тоҷик» (бахшида ба 70 солагиии шоир); «Пўлод Толис-нависандаи мумтоз» ( бахшида ба 85 солагии адиб).