Activities calendar

20 октября 2015

“Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства” (1992-2004 гг)

“Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства”
(1992-2004 гг)
Чунин ном дорад монографияи пажуҳишгар ва таҳлилгари шинохтаи сиёсии Тоҷикистон Зафар Сайидзода.
Китоб як пажуҳиши шоистаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон  дар марҳилаҳои аввали истиқлолияти кишвар аст.
 Он ба сони дастури илмӣ барои пажуҳишгарон, донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои кишвар ва барои ҳамаи касоне мебошад, ки шавқу завқи ошноӣ бо раванди ташаккули сиёсати хориҷии кишвар доранд.

Сафари кории ҳайати Китобхонаи миллӣ ва ниёзмандиҳои китобхонаҳои вилояти Суғд

Гуруҳи кории Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки таҳти сарпарастии муовини Директори Китобхона Салима Раҷабова муддати як ҳафта ба вилояти Суғд сафар карда буд, ба Душанбе баргашт.
Ҳадафи сафар ширкат дар барномаи семинарҳои омӯзишӣ барои китобдорон буд. Силсилабарномаҳои омӯзишӣ барои ҳамаи китобдорони кишвар барои як сол таҳия шудаву онро Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ва Директори Китобхонаи миллӣ тасдиқ кардаанд.
Мувофиқи нақша сафари корӣ аз шаҳри

Китобе, ки аз шумо даъват мекунем бихонед: «Бытие – симфония диссонанса»

Аз имрӯз дар сомонаи мо имкон доред бо китоби нави яке аз олимони пуркори кишвар Искандар Абдуллоев «Бытие – симфония диссонанса» ошно шавед.
Мухтасар дар бораи муаллиф
Искандар Абдуллоев зодаи шаҳри Душанбе буда, 26-уми марти соли 1949 таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи торихи Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Ломаносовро хатм кардааст. Дар мавзуъи “Хислати торихии омилҳои субъективии инқилоби иҷтимоӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буд, дар кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва баъдан мудири маркази таҳқиқоти стратегии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.