Activities calendar

28 октября 2015

Бо тақвими нав ошно шавед !

Ҳоло ки сол ба анҷом нарасидааст, шуморо ба тақвими соли оянда аз қабл мехоҳем ошно созем. Ин тақвим бо номи «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тозагӣ интишор ёфт.

Чорумин сол аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  «Тақвими  ҷашн  ва  санаҳои муҳими  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ва акнун аз ин ба баъд он «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида хоҳад шуд.
Тақвиме, ки барои соли 2016 ба тозагӣ таҳия ва нашр шуд, аз ду қисмат иборат аст.  Дар қисми аввал муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2016 омада ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библиографӣ вобаста ба зодрӯзи арбобони  намоёни  сиёсӣ, давлатӣ,  адабӣ, илмӣ ҷо гирифтаанд.

Имрӯз сафари кории кормандони Китобхона ба ВМКБ ба анҷом мерасад

Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақша - барномаи семинарҳои омўзишӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ, ҳайате аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон рафтанд.
Дар ҳайат Атоев Муҳаммадиқбол–сардори шуъбаи матбуоти даврӣ ҳамчун роҳбари гурўҳ ва Орумбекова Мавзуна сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон шомиланд, ки аз 21-уми октябр то 28-уми октябри соли равон,