Имрӯз сафари кории кормандони Китобхона ба ВМКБ ба анҷом мерасад

Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақша - барномаи семинарҳои омўзишӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ, ҳайате аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон рафтанд.
Дар ҳайат Атоев Муҳаммадиқбол–сардори шуъбаи матбуоти даврӣ ҳамчун роҳбари гурўҳ ва Орумбекова Мавзуна сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон шомиланд, ки аз 21-уми октябр то 28-уми октябри соли равон, муддати ҳашт рўз ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ  бо китобдорон дидору гуфтугӯ мекунанд, бо вазъи китобхонаҳои вилоятиву ноҳиявӣ аз наздик шинос мешаванд. 
Маврид ба ёдоварист, ки сафраҳои хидматии кормандон ва масъулини Китобхонаи миллӣ ба шаҳру вилоятҳои кишвар тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда сурат мегирад.
Чанде пештар гуруҳи кории Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муовини Директори Китобхона Салима Раҷабова муддати як ҳафта ба вилояти Суғд сафар карда, як силсила мулоқот бо китобдорон баргузор намуд ва дар чандин семинарҳои омӯзишӣ ширкат ва суханронӣ намуд. 
Дар он семинарҳо муовини директори китобхона дар мавзуъи «Нақши китоб ва омўзиши илм дар бунёди оилаи солим ва рушди маърифати оиладорӣ» суҳбат кард, сармутахассиси шуъбаи рисолаҳои илмӣ  Любов Имомалиева аз нақши китоб ва омўзиши илм дар гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги либоспушӣ гуфт, сардори шуъбаи матбуоти даврӣ Муҳаммадиқбол Атоев дар бораи нақши китоб ва омўзиши илм дар пешгирӣ аз шомилшавии афрод ба гурўҳҳои ифротӣ ва сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамил Валиев оид ба роҳҳои ҷалби хонандагон ба китоб¬хонаҳо ва такмили фаъолияти онҳо дар шароити ҷаҳоншавии фазои иттилоотӣ  баромад  намуданд.

Барчаспҳо: