Китобхонаи миллӣ ҳамчун ҳифозатгари мероси маънавии ниёгон

«Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои мероси модию маънавии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё намудан ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани ёдгориҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик корҳои зиёди назаррасу судбахше ба анҷом расидааст. Имрӯзҳо нақш ва ҷойгоҳи китобхона ҳамчун макони манбаи дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги ниёгонамон беш аз пеш меафзояд. Маҳз бо дарки ин зарурат Ҳукумати Ҷумҳурӣ соли 2005 ду санади муҳими давлатӣ - «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015»-ро қабул намуд. 4-уми сентиябри соли 2007 ҳангоми суханронӣ дар гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Пешвои миллат чунин қайд намуданд: «Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ганҷинаҳои бузурги дониш ва макони нигоҳдории мероси илмиву фарҳангӣ, аснод ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази иттилоотиву фарҳангӣ мебошад ва дар хазинаи он зиёда аз 3 милиону 200 ҳазор ҷилд китобу нашрияҳои мухталиф мавҷуд аст». Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз фонди китобхонаи мазкур як баробар зиёд гардидааст, ки ин боиси пешрафти кори кормандони китобхона мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003) боби 5, моддаи 16 муайян менамояд, «фондҳои китобхонаҳо ҳамчун объекти мероси миллӣ» дониста мешавад. Бинобар ин  фондҳои китобхонаҳо, ки дар асоси тартиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо таъмин карда шуда, инчунин нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳои махсусан арзишнок ва нодир мебошанд, мероси миллӣ ҳисобида мешаванд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамчун объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ эълон карда шаванд.

Воқеан, тамаддуни ориёӣ бо арзишҳои фарҳангиву ахлоқии хеш дар ташаккули тамаддуни башарӣ ва робитаи тамаддунҳо ва фарҳангҳо нақши бисёр муҳим бозидааст, ки осори таърихии бадастомада дар сарзаминҳои зисти мардумони ориёӣ ва дигар кишварҳо далели он мебошад. Арзишҳои мерос ва фарҳанги ориёӣ на танҳо ифтихори ворисони он, балки ифтихори тамоми башарият ва мероси таърихии башарӣ дониста мешаванд.

Таърихи пайдоиши китоб ба тараққиёти хат, забон, адабиёт, санъат, техника ва илм алоқа дорад. Барои ҳифозати чунин ёдгориҳои беназир нақши китобхона басо назаррас буда, инсоният танҳо тавассути китобхона метавонад барои наслҳои имрӯзу оянда  мероси маънавии ниёгонро ҳифз ва интиқол диҳад.  Зеро дар Китобхонаи миллӣ китобҳое мавҷуд ҳастанд, ки аз асри 13 боқи мондааст.

Барои хонандагон якчанд намунаро мисол овардан бамаврид аст, ки дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳдорӣ мешаванд. Китобҳои нодир дар радифи китобҳои чопи сангӣ ва муосир асарҳое, ки дар қарни ХIII-ХIХ китобат шудаанд, маҳфузанд. Аз ин қабил метавон, «Таърихи Табарӣ ё таърих-ур-русул вал мулук»-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, «Девон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Туҳфат-ул-аҳрор» ва «Фавоиди зиёия»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бўстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Кимёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мўҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ҷомеъ-ул-рамуз»- и Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Қаҳистонӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Чаҳор унсур»-и Абдуқодири Бедил,  «Захират-ул-мулк»-и Шаҳобиддини Ҳамадонӣ, «Авроди фатҳия ва ганҷ-ул-ошиқин»-и Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, ҳамчунин асари ҷуғрофии дар асри ХV китобатшудаи Насриддини Тӯсӣ ва дигар осори қаламии шахсиятҳои таърихии Шарқро ном бурдан мумкин аст. Ин нусхаҳои хаттӣ ба унвони муқаддастарин арзишҳо ва мероси нотакрори ниёгон то имрўз арзи вуҷуд дошта, ҳамчун мероси миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми махсус ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Инчунин китобҳои нусхаи хаттии тиббӣ, аз қабили «Илоҷ-ул-амроз», «Дастур-ул-илоҷ», «Мизон-ут-тиб», «Туҳфат-уш-шамсия», «Китоб-уш-шифо-ул-амроз», «Баҳр-ул-хаввос» ва ғайраҳо маҳфузанд,

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар хазинаи шуъба 110 бастаи аввалин рўзномаҳои тоҷикӣ аз соли 1914 то солҳои 30-уми асри гузашта, аз қабили «Шуълаи инқилоб», «Бедории тоҷик», «Овози тоҷик», «Дониш ва биниш», «Раҳбари дониш» ва ғайра бо хатҳои форсию лотинӣ мавҷуданд, ки бо хабару мақолаҳои илмӣ-фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии хеш ҳаёти халқи тоҷикро дар ибтидои асри XX бозгўи мекунанд.

 «Шуълаи инқилоб» - низ нахустин рўзнома-маҷаллаи нашрияи даврии тоҷик аст, ки ҳамагӣ дар теъдоди 8 саҳифа, ҳафтае як маротиба, ҷамъулҷамъ 91 шумора рўи чопро дидааст. Ин ҳафтанома ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳам адабӣ ба ҳисоб мерафт. Ношираш ҲК Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Самарқанд буд. Нашрия аз 10-уми апрели соли 1919 то 8-уми декабри соли 1921 чоп шудааст, ки  дар  Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳдорӣ мешавад. Нашрияи «Шуълаи инқилоб» ба таври чопи сангӣ ба табъ расидааст. Хотиррасон менамоем, ки ин маҷаллаи бонуфузи тоҷикӣ моро ба баъзе нутқу мақолаҳои пешвоён, ҳуҷҷатҳои собиқ ҳукумати шўравӣ аз наздик шинос менамояд. Бояд гуфт, ки қисмати асосии саҳафоти ин маҷалла «Хулосаи хабарҳои ҳафтавӣ» ва «Эъломия» буд, ки хонандагонашро ба   воқеаҳои муҳими дохилу хориҷа шинос менамуд.

Шуъбаи  нигоҳдории  депозитарӣ аз ҷумлаи шуъбаҳоест, ки барои хонанда китобҳои ҷолиб ва камёфтро нигоҳдорӣ мекунад. Хонандагон дар ин шуъба метавонанд ба китобҳои нодиртарини давраи навъ, яъне аз солҳои 1850 инҷониб ва аз дурдонаҳои назму насри он баҳравар гарданд.

505 номгӯй асари нодири адибони олам ҳифз карда мешавад. Аксари ин китобҳо бо забони русӣ мебошанд. Осори маҳфузбуда дар  шуъба  аз  як нусхагӣ  иборат буда, ба  китобҳои  нодири шуъба  тааллуқ  доранд. Аз ҷумла, китоби А.С.  Пушкин «Стихотворения, поэмы, сказки»;  Уайльд  Оскар.  «Стихотворения портрет  Дориана  Грея  тюремная  исповедь»;  А.  Чехов «Рассказы, повести,  пьесы»;  Вилям Шекспир  «Трагедия,  сонеты»;  Шота Руставелӣ  «Витязь  в  тигровой  шкуре»;  Низами  «Пять поэм»;  Фирдоуси  «Шах-наме» ва ғайра.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Китобхонаи миллӣ осори чопии шахсиятҳои бузургамонро ки дар дасти мардум ҳастанд харидорӣ ва ба истифодабарандагон пешниҳод мекунад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан, наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

Хулоса китобхона ҳифозатгари меъроси маънавӣ ба ҳисоб меравад ва китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас  як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад ҳам, чизеро талаф намедиҳад, балки фоида мегирад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумот ва маъхазҳои заруриро ҳадя месозад. Вақте инсон китоб мехонад, аз паси қаҳрамононаш меравад. Яъне, ҳамроҳу ҳамдами онҳо мешавад ва аз зиндагии онҳо сабақ мегирад. Ин аст рисолати китоб ва китобхона.

Пайнавиш.

Такиди Пешвои миллат ё худ иқтибос аз паёми роҳнамо, аз 26 декабри соли 2019 // Мероси Ниёгон.-Душанбе,2020.-№22.-С3.

Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ /Комилзода Ш.-Душанбе, 2015.-40 с.

Китобдор //Маҷаллаи фарҳангӣ-маърифатӣ.-Душанбе,2008.-№1(3).-40 с.

Бо истифода аз фонди шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ.

Шуъбаи Депазитарӣ.

Матбуоти Даврӣ.

 http://mmk.tj/content

 И.Саидзода

Роҳбари ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: