Ҳоҷӣ Юсуф Файзуллои Кангуртӣ. Тараннуми Ватан

 Дар ин маҷмўа ашъори дар солҳои гуноган навишаи як тан омўзгори  қалами шоириву эҷод ба даст гирифта, ки ҳоло давлати пирӣ меронад, бо умеду  орзуҳои зиндагӣ ҷамъ оварда шудаанд. Бошад, ки аққалан чанде аз онҳо мавриди назари дўстдорони қаломи бадеъ гардида бошад.

 

          Рубоӣ ва дубайтҳо

    Ин дашти кушодарура  будаш моем,

    Ин донаи киштагира судаш моем.

    Ҳар оташи ғам сўзад аз дасти бадон,

    Ашёҳои сўхтагира дудаш моем.

 

Нафири мурғи саҳархез бедорам кард,

Бе сару по будам, пойдору сардорам кард.

Бехабар аз худу, дар олами рўъё будам,

Бо садои ҷонситони худ бедорам кард.

 

Мардӣ набувад, ки таъна бар мард занӣ,

Ҳам ҷоҳилӣ аст мушт бар фард занӣ.

Мардӣ бувад он ки мушт хурдӣ бар сар,

То боварию ҷавоби номард занӣ.

 

Наврўз омад даме, ки рўз нав гардид,

Рўшноӣ фузуну тирагӣ кам  гардид.

 Омехта ба худ само чу атри хушбўй,

Булбул шуда сармасту ғазалхон гардид.

 

 Бо ҷоме нўшам, ки об аз он нўшидаӣ,

 Бо шарбати лабҳот варо пўшидаӣ.

 Лаб бар лаби ҷом монаму бигўям лаби туст,

Лек шарбати лабҳота аз он зудудаӣ.

 

 Моҳи наврўз, иди наврўз, гули наврўз омад,

 Шеваи дилхушии булбули саҳарсўз омад.

 Ҳама рўз аст, ки Наврўз ба шукўҳ омадааст,

 Ба дили сарди зимистон дами яхсўз омад.

 

Рӯнависии Фирӯза Маҳмадҷонова,

мутахассиси Маркази такмили ихтисос