Китоби мазкур аз тафсири модда ба моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз 18 марти соли 2015 бо тағйиру иловаҳои минбаъда иборат мебошад. Дар он масъалаҳои вобаста ба асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафсир қарор дода шудааст.
Тафсири мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, устодону омўзгорон, аспирантон, донишҷўён ва хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои раванди таълиму тарбия тавсия дода мешавад.
Танҳо набояд фаромўш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кўдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ў лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кўдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кўдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ўро бояд дар рўҳи сулҳдўстӣ, меҳнатдўстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем.
Китоби Тафсир ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз ҷониби гурӯҳи донишмандони соҳаи ҳуқуқ зери назари Шермуҳаммад Шоҳиён – Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.
Китобро метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дархост ва мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова