Activities calendar

11 ноября 2019

Китоби нав: Генераторҳо

 Дастур ба омўзиши генераторҳои шиддати синусоидалӣ, генераторҳои импулсҳои росткунҷа ва генераторҳои шиддати хаттӣ тағирёбанда ва намудҳои онҳо бахшида шудааст. Инчунин дар дастури таълим намудҳои радиосигналҳо ва видеоимпулсҳо ва таҳлили спектри онҳо оварда шудааст.

 Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи радиоэлектроника ва донишҷўёни факултаҳои физикаи ихтисосҳои радиофизика ва радиотехника иншо шудааст.

Дар бораи ҳуқуқи оилавӣ дар Тоҷикистон чиро бояд донист?

 Ба ин суол китоби “Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш нашриёти “Эр-граф” интишор додааст, посух медиҳад. Дар ин  воситаи  таълимӣ-методии  зикршуда  масъалаҳои  асосии  назария  ва амалияи  омўзиши  фанни  таълимии  ҳуқуқи  оилавӣ  баррасӣ  шудааст. Воситаи  таълимӣ-методии  мазкур  дар  шакли саволу  ҷавоб   омода  гардидааст. Аксари  саволҳои  воситаи  таълимӣ  аз барномаи  таълимии  фанни  ҳуқуқи оилавӣ  дар  Академияи  ВКД  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гирифта  шудаанд. Вобаста  ба саволҳо  дар  заминаи  санадҳои  меъёрӣ-ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

Торикравшани шинохт. Нигоҳе ба зиндаги ва масири эҷодии Баҳром Фирўз

 Адиби шуҳратманди тоҷик марҳум Баҳром Фирӯз ҳаштодсола шуд. Агар умр барояш вафо мекард, ин шабу рӯз дар ҳама тантанаҳои ҷашнӣ ширкат ва суханронӣ мекард. Вале сад дареғ, ки адиби ширингуфторро марги бармаҳал хеле зуд аз миёни ҳаводорони осораш бурд. Ёдаш ба хайр!

 Пажӯҳиши анҷомдодаи адабиётшиноси шинохта Умар Сафар ахиран дар шакли китоб чоп шуд ва зери унвони “Торикравшани шинохт” ба дасти хонанда расид. Дар сарсухани академик М.Имомзода мехонем: “Маҷмӯаи ҳозир ба зиндагӣ ва масири эҷодии нависандаи номвари 

Оғози давраи нави омӯзишии китобдорӣ дар Китобхонаи миллӣ

 10 - нафар  кормандони  китобхонаи  илмии  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  ва аз китобхонаи  Маркази  ҷумҳуриявии таълимӣ – методии ҳолатҳои  фавқулода ба як давраи  омўзишии 56 - соата тибқи  барномаи  таълимии  «Фаъолияти  китобдорӣ -  иттилоотӣ» ҷалб  шудаанд. Ин давраи омўзишӣ  дар  Китобхонаи  миллӣ оғоз  шуд ва қарор аст то аз 4 уми  ноябр то 18 соли равон  идома  кунад.