Торикравшани шинохт. Нигоҳе ба зиндаги ва масири эҷодии Баҳром Фирўз

 Адиби шуҳратманди тоҷик марҳум Баҳром Фирӯз ҳаштодсола шуд. Агар умр барояш вафо мекард, ин шабу рӯз дар ҳама тантанаҳои ҷашнӣ ширкат ва суханронӣ мекард. Вале сад дареғ, ки адиби ширингуфторро марги бармаҳал хеле зуд аз миёни ҳаводорони осораш бурд. Ёдаш ба хайр!

 Пажӯҳиши анҷомдодаи адабиётшиноси шинохта Умар Сафар ахиран дар шакли китоб чоп шуд ва зери унвони “Торикравшани шинохт” ба дасти хонанда расид. Дар сарсухани академик М.Имомзода мехонем: “Маҷмӯаи ҳозир ба зиндагӣ ва масири эҷодии нависандаи номвари тоҷик  Баҳром Фирўз ихтисос дорад. Аз зодрўзи мубораки марҳум имрўзҳо 80-сол мегузарад. Ба ин муносибат  дар саросари ҷумҳурӣ, дар муассисоти таълимӣ, коргоҳҳо, расонаҳои гурўҳӣ, маҳфилҳои ҷашнӣ, мусоҳибаву гуфтугўҳо баргузор мегардад, намунаи осораш дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасанд. Мардуми тоҷик хотираи ин бузургмарди адаби муосири моро гиромӣ медоранд. Мардуме, ки ҳамеша посдори сухани баланду суханварони номӣ буда. Худ шодравон Баҳром Фирўз дар мақолае изҳор намуда буд, ки «истеъдод ҳеҷ гоҳе пинҳон намемонад», мисли як гул атру бўйи хеш мепароканад. Баҳром Фирўз намояндаи наслест, ки даҳаи шастуми асри гузашта вориди майдони адабиёт гардид ва бо нерўву тавон, истеъдоду нубуғ ва зеҳнияте, ки дошт таҳаввуле чашмгир дар бастари адабиёти имрўз ба бор овард. Мазкур бо шеър гом ба марзи адабиёт гузошт ва нахустин дафтарҳои офаридаи ва низ фарогири шеър  буданд, ки суҳбат атрофии ашъораш  замони дигареро мехоҳад.

  Дар ин пешгуфтор зарур медонем ба чанд нукта ишора намоем. Дар адабиётшиносӣ  маълум аст, ки дар марҳилаи муайяне аз зиндагии адибон  ё пас аз даргузашти эшон зимни чопи офаридаҳояшон барои шинохти амиқи шахсияту рўзгори онон аз ҷониби хонандагон зиндагиномаи онҳоро таълифу танзим менамоянд. Вуҷуди зиндагиномаҳо чи кутоҳу чи комил дар шинохти чигунагии ҷодаи эҷодии нависанда, гоҳо дарку тасаввури дурусти дарунмояҳои осораш, шеваи зиндагиаш  ва марҳилаҳои таҳаввули фикриву ақидавиаш бисёр корсоз аст. Зиндагиномаи мавсуф низ агар иштибоҳ нашавад дар остонаи 70 -солагиаш навишта шуда буд ва матни комили онро дар сомонаи интернетӣ метавон пайдо намуд...”

“Торикравшани шинохт” ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва ҳоло он барои хоҳишмандон дастрас аст.

Фирӯза Мамадҷонова