Китобҳои тозавуруд: Баҳром Фирӯз. Ғафлатзадагон
Нашр шуд 2019-11-21 13:37
“Дар осмони тираранг абр не, гўё тахтаи сурби вазнин, беҳаракат шах шудааст. Замин бистари сафеди барфӣ аз тан партофта буд ва ҳоло аз сармо гуё меларзид ва мисли соҳибони ин диёр либосе надошт, то тани лоғару бараҳнаашро бипўшад.Зимистон гузашта,фасли баҳор фаромерасид. Баҳори умедворони ноумед, баҳоре, ки хазони одамизодро ёд меовард.
Аспи сиёҳмушкин аробаи кўтакро ба як маром мекашид. Ба ғиҷирроси чарҳҳои гардуна гўши мусофирон одат карда буд. Аз он, ки асп ҳам, аробакаш ҳам, ду бачаяки хоболуди дар паҳлўи чапу рости ў нишаста ҳам, хастаҳолона, ба атроф беалоқа, бо чашмони нимво менигаристанд, тахмин гирифтан мумкин буд, ки роҳи дурро тай намуда меоянд...”
Ин сатрҳо оғози романи “Ғафлатзадоагон”-и шодравон Баҳром Фирӯз аст, ки агар умр вафо мекард, ба синни 80 медаромад. Китоб соли равон дар интишороти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шуд ва он воқеоти солҳои сиюм то шастуми қарни гузаштаи навоҳии Самарқанди шўравӣ – ҳаёти сахту фақри аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаи пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати фимобайни табақоти иҷтимоӣ, сўиитифода аз қудрату мансаб, фуқдони қонуну қавонини шаҳрвандии кишвар ва адами шинохти фард ба унвони инсонро бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихӣ, ки нависанда дар романи «Ғафлатзадагон» таҷассум намудааст, дарбар мегирад.
Нашри нави романи “Ғафлатзадагон”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Меҳрангез Муҳаббатова