Мирзоев Иброҳим Шарифович 7-уми феврали соли 1973 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1980 ба мактаби миёнаи рақами 5 ба номи Мирзо Абдулқодири Бедили деҳаи Дарғ қадами аввали худро гузошта, соли 1990 онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Иброҳим Шариф аз замони мактабхонӣ шеърдӯсту шеъргӯ буд. Ӯ шеъру мақолаҳои худро дар матбуоти даврӣ мунтазам чоп мекард. Аз соли 1998 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Соли 2010 нахустин маҷмӯаи ашъори Иброҳим Шариф дар Кобули Афғонистон бо хати кирилӣ ба нашр расидааст. Соли 2011 ҳуҷҷатҳои худро ба факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида,
«Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст,зеро рўйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан бо қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳаёти фарҳангии Тоҷикистонро низ бе театр тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро театр дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт