Лаҳзае бо шоир. Иброҳим Шариф
Мирзоев Иброҳим Шарифович 7-уми феврали соли 1973 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1980 ба мактаби миёнаи рақами 5 ба номи Мирзо Абдулқодири Бедили деҳаи Дарғ қадами аввали худро гузошта, соли 1990 онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Иброҳим Шариф аз замони мактабхонӣ шеърдӯсту шеъргӯ буд. Ӯ шеъру мақолаҳои худро дар матбуоти даврӣ мунтазам чоп мекард. Аз соли 1998 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Соли 2010 нахустин маҷмӯаи ашъори Иброҳим Шариф дар Кобули Афғонистон бо хати кирилӣ ба нашр расидааст. Соли 2011 ҳуҷҷатҳои худро ба факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида, онро соли 2016 бо хубу аъло хатм кардааст. Моҳи апрели соли 2017 бо медали «100-солагии матбуоти тоҷик» сарфароз гардонида шудааст. Декабри соли 2017 дар озмуни «Ғазали ҷавонӣ» ғолиб гардидааст. Солҳои 2017-2019 дараҷаи магистрии ихтисоси рӯзноманигории ҳамин донишгоҳро хатм намудааст. Моҳи марти соли 2018 бо нишони аълочии матбуоти тоҷик сарфароз гардонида шудааст. Декабри соли 2018 дар озмуни «Дубайтӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иштирок карда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидааст.
ТОҶИКИСТОН
Ту хуршеди ҷаҳонӣ Тоҷикистон,
Азизу меҳрубонӣ, Тоҷикистон.
Ба обу хоки ту шукри ягона,
Нигини ин ҷаҳонӣ Тоҷикистон.
Ҳазорон чашмаву ин кӯҳу гулшан,
Ту гӯё ахтаронӣ Тоҷикистон.
Ҳамехоҳам, ки бошам дар канорат,
Бимонӣ ҷовидонӣ, Тоҷикистон.
Зи номат ифтихори ман фузун аст,
Ту худ шеъри равонӣ Тоҷикистон.
ТОҶИКОН
Ҷовидона медурахшад офтоби тоҷикон,
Донишу шеър аст кору инқилоби тоҷикон.
Дар рафоқат устувору дар садоқат пойдор,
Ҳар бадиро некӣ мебошад ҷавоби тоҷикон.
Аз хусумат аз нифоқи ҷанг дурӣ ҷустаанд,
Сулҳ бошад доимо ройи савоби тоҷикон.
Ними дунёву тамаддун саҳми марзи тоҷик аст,
Гар намедонӣ бихон боре китоби «Тоҷикон».
Кист, то дар пои Ҳофиз сар намонад рӯи хок,
Шеъри дунё ҷорӣ шуд аз шеъри ноби тоҷикон.
Бастааст бар рӯи душман дар, вале бар рӯи дӯст,
Ҳамчу дастурхони худ боз аст боби тоҷикон.
ЭЙ ИШҚ, ЭЙ ҶАВОНӢ
Рӯзе туро набинам чашмам бувад шаби тор,
Рӯзе туро набинам дил ҳаст хаставу зор.
Рӯзе ба дил, ки ҷо шуд меҳру муҳаббати ту,
Гуё, ки дил ҷавон шуд, аз оби ишқ саршор.
Шабҳои тори зулмат, торикии дилам буд,
Ҳарчанд моҳ набошад моҳ аст чеҳраи ёр.
Эй ишқ, эй ҷавонӣ, маънии зиндагонӣ,
Бо ҳам агар набошед, дунё бувад хасу хор.
ҶАВОНӢ
Пуршур ин ҷавонӣ-айёми хушфасонӣ,
Дар хотирот монӣ, эй бебаҳо ҷавонӣ.
Айёму хубу беғам, бо ишқ бод ҳамдам.
Афсӯс бигзарад зуд сарчашмаи маонӣ,
Сар то ба по ҳавасҳо бо ту ҳамеша рӯъё.
Вирди забони моӣ, эй авҷи меҳрубонӣ,
Меҳри ту дар дили мо, раҳҷӯйи манзили мо,
То ҷовидон бимонӣ чун шаҳди зиндагонӣ.
Бошем ҷону яктан ман бо туву ту бо ман,
Маънии умри инсон дар ҳар замон ҷавонӣ.
Миоди худфурӯзӣ,милоди бениёзӣ,
Минои сарфарозӣ, паҳнои комронӣ.
ИСТИҚЛОЛ
Ҷашни истиқлол дорад кишварам.
Тоҷикистон Тоҷикистон модарам.
Аз фараҳ дил шуру туғён мекунад.
Ҳамчу дарёи Зарафшон дар барам.
Ҷашни сулҳу ҷашни Вахдат ҷашни нур.
Тахният бодо ба халқу сарварам.
Тоҷики гарданкашу лашкаршикан.
Аз ту бошад доимо боло сарам.
Тоҷикам аз дудаи Сосониён.
Аз табори Коваи оҳангарам.
Мерасад охир ба истиқлоли нур.
Халқи Роғунсози донишпарварам.
Масти идам соқиё лабрез кун,
Аз майи тавҳиди миллат соғарам.
ЗОДГОҲАМ
Деҳи зебоманзарам Дарғи шариф.
Қуввату болу парам Дарғи шариф.
Сар шавад хоки ту аз дашти Қудуқ.
Хоки оқилпарварам Дарғи шариф.
Дар самои қалби орзупарварам.
Моҳу меҳру ахтарам Дарғи шариф.
Ҷонфишонӣ мекунам дар роҳи ту.
Хонаву бому дарам Дарғи шариф.
Гуфтаи Исфандиёр асту хуш аст.
Ки манаш ҳам оварам Дарғи шариф.
Бе ту ҳечам, бо ту, аммо мерасад,
То ба гардунҳо сарам Дарғи шариф.
Ман ба қалби ҳар кӣ бад гӯяд туро,
Ҳамчу тиру ханҷарам Дарғи шариф.
Бо ту дорам, бо ту дорам ифтихор,
Боиси фахру фарам Дарғи шариф.
МУНОҶОТ
Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам.
Макун рӯзи қиёмат шармсорам.
Агар ин мардумон хорам шуморанд.
Накун, аммо Худовандо ту хорам.
Ҳамеша номи покат дар забонам.
Сари худро ба саҷда мегузорам.
Ҳама шаб то саҳар гирям ба ёдат.
Гунаҳгорам аз ин рӯ гиря дорам.
Умед дорам сияҳрӯям набинанд.
Агар бахши ту дар рӯзи шуморам.
Касе дар фикри Иброҳим набошад.
Дар ин дунё ба ҷуз Парвардигорам.
МОДАР
Эй моҳи замину осмонам модар.
Эй нахли биҳишти ҷовидонам модар.
Ҷонам ба фидои номи покат бодо,
Ҳарчанд туӣ, туӣ, ту ҷонам модар.