Куруши Кабир. Фарзонафарзанди миллатро бояд шинохт. Бахши охир
... Куруш ҷавоне буд ба нудрат зебо, шарофатманд ва кунҷков. Омода буд ба хотири шараф ва номҷӯӣ ҷони худро дар хатар андозад ва барои ҳар қаҳрамоние ғайрат нишон диҳад. Тавре ривоят мекунанд, рӯҳу равони ӯ инчунин буд. Ӯ тибқи қонунҳои порсиён тарбият ёфта буд, ки қонунҳои эшон бо қонунҳои соири мамолики дигар мутафовит аст. Охир, мамолики дигар ба волидон дар тарбияти фарзандон озодии комил медиҳанд ва ҳамчунин шаҳрвандони болиғ ҳақ доранд, ки тарзи ҳаёти комилан мустақилона дошта бошанд, дар айни замон ҳукумат ба онҳо дуздӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба манзили бегонагон, мухолифат ба амру фармонҳои ҳукуматдорон ва ҷиноятҳои дигари ба ин монандро мамнӯъ медорад. Агар шаҳрвандон қонуншиканӣ кунанд, муҷозот мешаванд. Бар хилофи ин қонунҳои маъруф қонунҳои порсиён моҳиятан шомили чораву тадбирҳои пешгирикунанда мебошанд ва аз ҳамон оғоз шаҳрвандонро тавре тарбият мекунанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ амале аҳмақона ё бешармонаро бар худ раво намебинанд. Ин ба-дин минвол сурат мегирад. Порсиёнро маконе ҳаст бо номи Майдони озод, ки кохи шоҳӣ ва иморатҳои давлатии дигар дар он мустақар аст. Савдогарон бо колои худ ба онҷо иҷозаи вуруд надоранд, барои онон макони дигар ҷудо гардидааст. Ин тадбир барои он аст, ки садоҳои дағал ба он ҷо нарасад ва ҷамъияти эшон бо одамони наҷиби тарбиятёфта махлут нашавад. Майдони озод аз чаҳор қисмат иборат аст. Қисмати аввал барои кӯдакон пешбинӣ шудааст, дуввум – барои эфебҳо, саввум барои мардони солор ва чаҳорум ба-рои касоне, ки ба иллати синну сол наметавонанд сарбоз бошанд. Тибқи қонун ҳамаи онон ба маконҳои хосаи худ мераванд, кӯдакону калонсолон аз саҳари барвақт, солхӯрдагон – ҳар вақте ки барояшон муносиб бошад, ба истиснои рӯзҳои ҳатмӣ, ки дар он рӯзҳо қатъан бояд ҳозир бошанд. Эфебҳо, ба истиснои шахсони оиладор, дар инҷо шабонгоҳон бо силоҳи сабук иморатҳои давлатиро посбонӣ мекунанд. Ин шахсон ба ғайр аз ҳолатҳое, ки эълони ҳозирбош дода мешавад, озоданд, аммо зуз-зуд ғойиб шудан ҳам беадабӣ ҳисоб мешавад. Бар ҳар яке аз ин чаҳор гурӯҳи синнусолӣ ба теъдоди дувоздаҳнафарӣ сарварон гумошта шудааст ва порсҳо низ худ бар дувоздаҳ қабила қисмат мешаванд. Сарварони атфол аз шумори солхӯрдагоне баргузида мешаванд, ки ба қавли порсҳо қобилияти ба таври некӯ роҳандозӣ намудани тарбияро доранд. Сарварони эфебҳо бошанд, боз ҳам ба андешаи порсиён аз шумори мардони солоре интихоб мешаванд, ки лаёқати дар ниҳоди эфебҳо тарбият намудани сифатҳои накӯро дошта бошанд. Бар сари мардони болиғ низ касоне сарвар гумошта мешаванд, ки ба андешаи порсиён, онҳоро ба иҷрои фаврии амру дастурҳои аз мақомоти олии ҳукуматӣ содиршаванда таълим бидиҳанд. Пиронсолон низ бар сари худ сарвароне доранд, ки иҷрои таклифу вазифаҳои муқараршударо назорат мекунанд.
Аммо акнун дар бораи вазифаҳои бар дӯши ҳар як гурӯҳи синнусолӣ вогузоршуда суҳбат мекунем, то возеҳтар шавад, ки чи тавр порсиён сифатҳои олии ахлоқиро дар замири ҳамватанони хеш тарбият менамоянд. Кӯдакони мактабхон пайваста машғули омӯзиши додгариву адолатанд. Тавре ки худашон мегӯянд, маҳз бо ҳамин мақсад онҳо ба мактаб мераванд. Ин дар ҳолест, ки кӯдакони мактабхони мо мегӯянд: «мо барои фаро гирифтани дониш ба мактаб меравем». Муаллимони онҳо қисмати умдаи рӯзро бо анҷом додани умури додгустарӣ сипарӣ мекунанд. Охир, дар миёни кӯдакон ҳам мисли калонсолон пайваста дар масоили дуздӣ, ғоратгарӣ, зӯргӯйӣ, фиребгарӣ, таҳқиру тавҳин ва монанди ин қазияҳо иттиҳомот сурат мегирад. Дар ҳоле, ки агар додгоҳи мактабӣ ягон нафарро бо кирдорҳои мазкур гунаҳкор бидонад, барои ӯ муҷозот муқаррар мешавад. Ба нафароне ҳам, ки тарафи муқобилро ғайриодилона ба гуноҳе муттаҳам мекунанд, кайфар дода мешавад. Онҳо ҳамчунин муҷримонеро низ ба додгоҳ мекашанд, ки одамон бештар аз ҳама бо ҳамин айб якдигарро душман медоранд ва камтар аз ҳама ин гуноҳкорон муҷозот мешаванд, яъне носипосонро. Онҳо ҳамчунин касонеро, ки имкони некиро бо некӣ посух додан доштанд, аммо накарданд, ба сахтӣ кайфар медиҳанд. Ба ақидаи порсиён носипосон касонеанд, ки ба дину ойин, ватан, гузаштагон ва дӯстони худ арҷ намегузоранд. Айби аслии носипосиро онҳо дар вуҷуди бешармиву беҳаёӣ мебинанд. Ба эътиқоди онон беҳаёӣ иллати аслии гуноҳони дигар аст. Онҳо кӯдакони хешро дарси ахлоқу маънавийят меомӯзанд. Кӯдакон ҳамарӯза мушоҳида мекунанд, ки то кадом андоза бузургсолон бо хулқи некӯ ва авсофи ҳамида рафтор менамоянд ва ин албатта дар тарбияи ахлоқии атфол таъсири амиқ мегузорад. Чизи дигаре, ки ба кӯдакон омӯзонида мешавад, итоат аз сарварон аст ва дар ин кор низ барои атфол ибратомӯзӣ аз бузургсолон дар боби иҷрои дастурҳои сарваронашон нақши калидӣ дорад. Ба кӯдакон осон таҳаммул намудани гуруснагию ташнагиро низ меомӯзанд. Дар ин кор низ бузургсолон намунаи ибрати кӯдакон мебошанд, зеро онҳо то замоне ки иҷозаи сарварони худро ҳосил накунанд, ба сӯи хони таом намераванд. Барои тарбияти дурусти атфол ин низ муҳим аст, ки ҳангоми аз ҷониби сарварон эълон шудани вақти наҳор кӯдаконро на модаронашон, балки муаллимонашон ғизо бидиҳанд. Кӯдакон аз хона нону кулча ва ҳар ғизои дигареро, ки бо нону кулча хӯрда мешавад, бо худ меоранд. Онҳо ҳамчунин барои рафъи ташнагӣ ва об гирифтан аз рӯд бо худ кӯза меоранд. Ғайр аз ин, ба кӯдакон тирандозӣ аз камон ва найзазанӣ омӯхта мешавад. Ба ҳамаи ин корҳо писарони то шонздаҳ ё ҳабдаҳсола машғул мешаванд ва бо мурур намудани ин марҳала онҳо ба гурӯҳи синнусолии болоӣ – эфебҳо шомил мегарданд.
Хидмати эфебҳо ба ин тариқ сурат мегирад. Бо пушти сар гузоштани айёми кӯдакӣ онҳо ба муддати даҳ сол посбонии иморатҳои давлатиро ба дӯш мегиранд, ки дар ин бора қаблан суҳбат кардем. Ин кор барои амнияти давлат ва тарбияи маънавии ҷавонон анҷом дода мешавад. Порсиён муътақиданд, ки маҳз дар ҳамин овон ҷавонон ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд. Ва дар давоми рӯз эфебҳо худро дар дастури кори сарварон қарор медиҳанд, то ки ҳангоми зарурат ба ягон умури давлатӣ ҷалб шаванд. Вақти зарурат ҳамаи онҳоро дар ҳудуди наздик ба иморатҳои давлатӣ пайдо кардан мумкин аст.
Вақте ки шоҳ барои шикор хориҷ мешавад ва ин кор ҳам дар як моҳ чанд бор сурат мегирад, ӯ ними посбононро бо худ ҳамроҳ мегирад... Порсиён шикорро амре давлатӣ мешуморанд, ки дар раъси он ҳамчун дар ҷанг худи шоҳ қарор до-рад ва аммо шоҳ низ худ шикор мекунад ва дигаронро ҳам зери назар мегирад, то дар шикор ширкат намоянд. Ин ҳам барои он аст, ки ба назари эшон шикор низ машғулияте монанди ҷанг аст. Шикор инсонро ба субҳхезӣ ва таҳаммули сармову гармо одат медиҳад ва баданро ҳангоми ҳаракат кардану тохтан обутоб мебахшад. Дар вақти шикор ба сӯи сайд ҳам аз камон тир андохтан лозим меояд ва ҳам ҳарҷо, ки бо он рӯ ба рӯ шудӣ, бо найза онро аз по афтондан. Шикор ҳамчунин ҷавононро мардонагӣ меомӯзад, зеро ҳангоми даргирӣ бо ҷонварони қавӣ касро лозим меояд, ки бо он дар масофаи хеле наздик бошад ва ба ҳангоми ҳамлаи ҷонвар чусту чолокӣ зоҳир намояд. Аз ин рӯ, шикор бо умури ҷангӣ хеле шабеҳ аст.
Эфебҳо ҳангоми хориҷ шудан ба шикор бо худ ғизои субҳона мегиранд, албатта бештар аз миқдори ғизои кӯдако-ни мактаб, аммо боқӣ ҳамчунон аст, ки қаблан зикр шуд. Субҳона масраф намекунанд то он замоне, ки бар набудани ҷонварон мутмаин шаванд ё амри дигаре ононро аз ҳаракат боздорад. Сипас субҳонаро ҳангоми шом масраф мекунанд ва то шоми рӯзи дигар машғули шикор мешаванд ва ин ду рӯзро як рӯз ба ҳисоб меоранд, зеро дар он захираи ғизои якрӯза сарф гардидааст. Ин тарзи кор барои он аст, ки сарбозон ба маҳрумиятҳои дар вазъияти ҷанг пешоянда одат кунанд. Ба нони сарбоз он миқдор ғизо илова карда мешавад, ки вай аз шикор ба даст овардааст ва агар шикори ӯ бебарор буд, маҷбур аст, ки хӯрдани нон ва ҳел (донаи як навъ дарахт) қаноат кунад. Касе фикр кунад, ки наҳории иборат аз нону ҳел ва нӯшокие танҳо аз оби соф лаззате чандон надорад, бигзор бубинад, ки порае нони арзанӣ барои гурусна ва косае оби оддӣ барои ташна то чи андоза лазизу хушгувор аст.
Қисмати боқимондаи эфебҳо, ки ба шикор нарафтаанд, дар қароргоҳи худ ба корҳое машғул мешаванд, ки дар тифлӣ аз бар кардаанд, монанди тирандозиву найзаандозӣ. Ва дар ин машғулиятҳо онон бо ҳам сабқат мекунанд. Мусобиқоти умумидавлатӣ бо касби ҷоизаҳои вижа низ барои эфебҳо пешбинӣ гардидааст. Агар дар ин рақобатҳо аксарияти ҷавонони ягон дастаи эфебҳо аз худ матонату мардонагӣ ва интизоми намунавӣ нишон диҳанд, шаҳрвандон на танҳо сарварони онҳоро таҳсину офарин мехонанд, балки омӯзгорони айёми тифлии ононро низ гиромӣ медоранду қадр мекунанд. Гурӯҳи дигари эфебҳоро сарварон ба умури хадамоти муҳофизат, ҷустуҷӯи ҷинояткорон, саркӯб кардани роҳзанон ва корҳои дигаре, ки чолокиву нерӯву ҷасорат металабад, машғул медоранд.
Ҳамин аст шуғли эфебҳо. Баъд аз даҳ соли хидмат онҳо ба табақаи мардони солор шомил мешаванд ва аммо мардони солор дар навбати хеш дар тӯли биступанҷ сол аз рӯзи шомил шуданашон ба ин гурӯҳ таклифу вазоифи зеринро бар дӯш доранд. Пеш аз ҳама, онҳо низ мисли эфебҳо тибқи дастури сарварони хеш, вақте ки барои ҳалли умури давлатӣ ба хирад ва нерӯ эҳтиёҷ пеш меояд, бояд дар майдон ҳозир бошанд. Ҳангоми сафарҳои ҳарбӣ бо тиру камону найза – силоҳҳои масофи наздик, мусаллаҳ мешаванд. Рӯи сина ҷавшан мебанданд, дар дасти чап сипари бофта доранд – ҳамон тавр ки мо инро дар мусаввараҳои порсӣ мебинем ва ба дасти рост шамшер ё ханҷар мегиранд. Ҳамаи сарварон, ба истиснои омӯзгорон аз ҳамин гурӯҳи мардони солор баргузида мешаванд. Пас аз биступанҷ соли адои хидмат, ки синни онҳо аз панҷоҳ боло меравад, шомили гурӯҳи солхӯрдагон ё ба исти-лоҳи дигар ришсафедон мешаванд. Солхӯрдагон ҳеҷ гоҳ берун аз ҳудуди мамлакат ба ҷанг фиристода намешаванд ва дар манзили худ боқӣ монда ба ҳалли масоили ҷамъиятиву хусусӣ мепардозанд. Ҳукми қатлро онон содир мекунанд ва сарваронро низ онҳо интихоб менамоянд. Агар эфеб ё марди солор муртакиби қонуншиканӣ шавад, дар ин хусус сарвари гурӯҳ ё ҳар каси дигар ба солхӯрдагон гузориш медиҳад. Солхӯрдагон пас аз шунидани тарафҳо адолатро ҷорӣ мекунанд. Шахси маҳкум то охири умри хеш аз шарафи шаҳрвандӣ маҳрум карда мешавад.
Барои он ки низоми давлатдории Порса возеҳтар ба назар ояд, ба ақиб бармегардем, ба ончи ки қаблан гуфта шуд. Тав-ре ки гуфта мешавад, теъдоди умуми ҷамъияти порсиён наздик ба яксаду бист ҳазор нафар аст. Қонунҳои давлат ба-рои ҳеҷ фарде дар ҷиҳати дастёбӣ ба неъматҳои маънавӣ ва касби мақомҳои олӣ монеа эҷод намекунад, баръакс ба ҳамаи порсиҳо иҷоза дода мешавад, ки фарзандони худро дар мактабҳои ҷамъиятӣ, ки макони омӯзиши адолат аст, ба таҳсил фаро гиранд аммо онҳое фарзандони худро ба мактаб медиҳанд, ки аз имконоти молӣ бархурдоранд, дигарон бошанд, фарзандонашонро дар хона нигоҳ медоранд. Дастпарварони муаллимони давлатӣ ҳақ доранд ҳангоми расидан ба синни навҷавонӣ шомили гурӯҳи эфебҳо шаванд. Таҳсилнодидаҳо аз ин ҳақ маҳруманд. Дар навбати худ ба эфебҳое, ки таклифу вазоифи худро мутобиқи муқаррароти давлатӣ анҷом медиҳанд, ҳақ дода мешавад, ки ба гурӯҳи мардони солор ворид шаванд. Касе, ки эфеб набуд, шомили табақаи мардони солор низ намешавад. Мардони солори вазифаҳои худро ба хубӣ анҷомдода низ дар навбати худ ба табақаи солхӯрдагону ришсафедон пазируфта мешаванд. Ҳамин тариқ, ба гурӯҳи солхӯрдагон касоне шомил мешаванд, ки дар тӯли ҳаёт хештанро бо беҳтарин авсоф муаррифӣ кардаанд.
Чунин аст низоми давлатдории онон, ки дар муҳити он, тавре худашон мегӯянд, беҳтарин шаҳрвандон ба камол мерасанд. То кунун дар миёни порсҳо урфу одатҳое вуҷуд до-рад, ки аз эътидоли онон дар масрафи ғизо ва тадбирҳои ҳаз-ми дурусти хӯрок шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар урфи порсиён дар маҳзари умум туфу балғам андохтан, бинӣ афшондан ва бо шиками пур аз бод сайр кардан беадабӣ маҳсуб мешавад. Барои порсҳо дар пеши чашми мардум пе-шобу қазои ҳоҷат кардан ва дигар умури табии ба ин монанд бешармӣ ва беҳаёӣ дониста мешавад. Порсиён метавонанд чунин рафтор кунанд, зеро тарзи ҳаёти муътадил ба сар мебаранд», – навиштааст Ксенофонт.
Ин аст муҳите, ки дар дунёи бостон шахсияти беназиреро чун Куруши Кабир – Зулқарнайни сутудаи Қуръони Карим барои тағйири низоми ҷаҳон, ки ниёз ба ислоҳи куллӣ дошт, эҳдо кардааст. Албатта дар чунин муҳите, ки ҷасорат, дониш ва сармоя тобеъ ва дар хидмати адолатанд, тарбият ёфтани шахсияти тамомулъиёре чун Куруши Кабир амрест табиӣ, ки бо муҳити тарбиятии Искандар фарқи решаӣ дорад.
Муаррихи Юнони бостон Ксенофонт васиятномаеро ба Куруши Кабир нисбат дода, дар қисмати охири он аз забони ӯ чунин менависад: «Фарзандони ман, чун бимирам, тани маро дар зару сим напӯшонед ва ба гавҳарҳо маёроед. Балки бо шитоб онро ба хок биспоред, зеро чи саодате болотар аз ин, ки одамӣ ба хок баргардад, (хоке, ки) пардозандаву парварандаи ҳама чизҳои некӯст».
Куруши Кабир дар васиятнома изофа мекунад: «Чун ҳама умр дӯстдори мардумон будаам, кори ман он аст, ки пас аз марг низ ба оғӯши хок баргардам. (Хоке, ки) мардумонро ба сони момии (модари) некукору меҳрубон аст».
Аз китоби Мавлно Абдулкаломи Озод “Куруши Кабир – Зулқарнайн”, баргардони Раҳмоналӣ Мирализода.
ДУ БАХШИ АВВАЛ ИН ҶОСТ:
БАХШИ АВВАЛ: Рӯзи Куруши Кабир. Фарзонафарзанди миллатро бояд шинохт.
Бахши дуюм: Чаро Искандари Мақдуниро бо Куруши Кабир «иваз кардаанд»?