Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мавзӯъ «Ҳайвонҳо ва парандаҳои хонагӣ» буд. Чун анъана муаллима дар бораи ин ҳайвонҳо ва парандаҳо бо ширкаткунандагони наврас суҳбат кард, назари онҳоро пурсид. Маълум гардид, ки аксари ин бачаҳо дар бораи ин ҳайвонҳо ва парандагон маълумоти кофӣ доранд.
Дар бораи ҳайвонҳо ва парандаҳои хонагӣ дар шароти шаҳр гуфтан чандон вақти зиёд намехоҳад. Аксари мардум дар шаҳр дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва аксаран шояд ба ҷуз гурба, дигар ҳайвони хонагӣ надошта бошанд. Баъзеҳо албатта, сагонро ҳам нигоҳ медоранд, вале ин теъдод одам хеле каманд. Аз парандаҳо мурғони қафасӣ, аз қабили кабку тӯтиву
Дар шўъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дохили қуттичае китобчаи кўчак бо пурбинаш нигоҳ дошта мешавад. Тахмин карда мешавад, ки ин китобча дар шаҳри Қазон аввалҳои садаи ХХ чоп шудааст. Муқоваи китобча аз чарми сурхи гулдор саҳҳофӣ шуда, қоғазаш сафедчаи тунук мебошад. Гирдогирди шерозааш зарҳалбандист. Андозаи ҳаҷмаш 1 х 1,5 сантиметр аст. Ин китобча «Қуръон» буда, тавассути пурбин қироат карда мешавад.