Тобистони соли 1933, баъди фавти падарам мо ба Бухоро, ба назди амакамон кўчида омадем. Ин хоҳиши охирини падарамон буд-мо бояд дар пеши чашми амакамон бошем. Ман он вақт қариб панҷсола будам. Дарду алами бепадарӣ дар хонаи сербачаи амакамон гўё каме паст шуд. Ҳафт нафар фарзандони амакамон дар пеши назари мо ба воя мерасиданд, калон мешуданд. Ман рўзи таваллуди онҳоро дар ёд дорам, нахустин қадаммониву аввалин ҳарфҳои ононро фаромўш накардаам.
Ҳафт фарзанди орому меҳрубон ҳамроҳи мо камол ёфтаанд.
Модаркалони пири нуронии он ҳар рўз аз китобҳои хондааш ба мо ҳикояту ривоятро нақл мекард. Ҳар рўз аз ў чанд суруду таронаи навро меомўхтем, чи аҷаб чистонҳои зиёдеро медонист!
Ин чистонҳо дар назар содаву оддӣ бошанд ҳам, баъзан барои дарёфтани муаммои он тамоми рўз ҳамаро гаранг мекардем.
Шабҳо ҷои дўстдоштаи мо хонаи хосаи амакамон буд. Таоми шомро саросема тановул карда, ба назди амакамон мешитобидем. Чӣ афсонагўи мумтозе буданд амакам! Ман то ҳол он афсонҳои аҷоибу ғароибро дар ёд дорам. Он ҳам аз «Ҳазору як шаб» буданд, ки амакам ҳар шабашро чанд шаб нақл карда, одатан дар ҷои хеле аҷибаш афсонаро боздошта, давомашро ба шаби дигар мегузоштанд. Мо бод дили кашол ба хона баргашта, дар фикру хаёли саргузаштҳои қаҳрамони афсона хобҳоямон мепарид
Хонаи амакамро мактаби аввалини хеш мешуморам ва бо миннатдорӣ онро ба ёд меорам. Дар онҷо ҳама китобро дўст медоштанд ва тамоми рўз оҳанги хуши шеъру суруду тарона ба гўш мерасид.
Ҳар дафъа, ҳангоме ки ман шеъре барои тифлакон менависам, амакбачаҳоямро, он додараку хоҳаракони меҳрубонро, он нигоҳҳои дурахшону он борони савлоҳои аҷибро ба ёд меорам. Ба ёд меораму шеъри худро аз сари нав суфта мегардонам...
Ин ҳикояти басо кутоҳ аз китоби шоираи тавоно, муваффақтарин адибони кӯдакнависи кишвар Гулчеҳра Сулаймонӣ “Меҳргоҳ” иқтибос шуд. Китоб соли 1999 дар нашриёти “Адиб” интишор ёфтааст ва яке аз пурхонандатарин китобҳо дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллист. Мутолиаи ин китоб хонандаро водор месозад, ки ба андеша равад, замонро бо ҳама рангҳояш пеши назар орад ва аз он хулоса барорад.
Аз Гулчеҳра Сулоймонӣ, хушбахтона китобҳои зиёде дорем, ки шумо бо аксари онҳо дар толори хониши кӯдакону наврасон метавонед ошно шавед.
Ин ду шеър аз Гулчеҳра Сулаймонист:
Бибиҷонам
Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Аз раҳи дур меояд,
Базӯр-базӯр меояд.
Бибем ояд, мо хурсанд,
Киссаҳояш пури қанд,
Мавизу мағз меорад,
Чизҳои нағз меорад.
Гапҳои бибем ширин,
Қанд барин, асал барин,
Бибем кони афсона!
Бибиҷонам ягона!
****
Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Равам кўрпача орам,
Болишти қу гузорам,
Нонаки нарм биёрам,
Чояки гарм биёрам,
Бибиҷона шинонам,
Хафа шудан намонам.
Бибиҷони хушрўям,
Бибеки қиссагўям.
Хоҳаракам.
Гули анор,
Нағмаи тор,
Бўи баҳор
Хоҳаракам.
Аллаи шаб,
Хандаи лаб,
Хонаи гап-
Хоҳаракам.
Мурғи саҳар,
Ширу шакар,
Ранги писар
Хоҳаракам.
Дар бораи Гулчеҳра Сулаймони м аълумоти бештарро аз ин ҷо метавонед дарёфт кунед.
Мутахассиси пешбари шуъбаи кӯдакон ва наврасон
Аҳророва Фируза