Сўзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст...
Ман нависандаи ин сатрҳо ҷавоне ҳастам, ки модар дорам. Ва гумон мекунам чун модар дорам, саодати оламро ҳам дорам. Ин саодатро миллионҳо нафар аз сокинони кишвар доранд. Пас ин саодатро набояд аз даст дод. Дору надори мо, сарвати мо ҳамин модарони моянд, ки бояд дар замоне, ки офтоби пирӣ сари муборакашонро бо гарди сафед нуронӣ мекунад, тадриҷан қуввату мадор аз даст медиҳанд, пойи равон гум мекунанд, ин моем, ки муттакояшон бошем, асои дасти пириашон гардем ва нагузорем, ки ба пояшон хор халад. Чун вақте тифл будем, нагузоштанд, ки ба пойи мо хор халад.
Ишқам, умедам, ҳаётам туӣ, эй модари ҷон, модарам,
Қалбам, садоям, навоям туӣ, эй модари ҷон, модарам.
Бе ту ҷаҳонам маъно надорад, эй модари ҷон, модарам.
Аз баҳри дунё маъво надорад, эй модари ҷон, модарам.
Ширин забонӣ, дармони ҷонӣ, эй модари ҷон, модарам.
Танҳо бароям ту меҳрубонӣ, эй модари ҷон, модарам.
Бале, МОДАР – қиматтарин ганҷи бебаҳост ва номаш беҳтарин мафҳум дар зиндагист. Модар аст, ки моро ба дунё меорад, бо меҳру садоқати беканораш, бо дастони нозуку пур аз меҳру муҳаббаташ навозиш мекунад. Модар аст, ки аввалин қадамҳои фарзандашро дар шоҳроҳи зиндагӣ меомўзонад. Вақте, ки модар фарзандро бо як умеду орзўи нав ба дунё меоварад, он замон дар дилаш умед мебахшад, ки фарзандам аввало сиҳату саломат бошад ва ҳамеша аз даргоҳи Худованд талаб мекунад, ки фарзандашро ба роҳи рост ҳидоят бахшад, то ки дар оянда номбардори миллати худ гардаду дар даврони пирӣ дастёраш шавад. Ин аст дуои ҳар як модар баҳри фарзанди худ.
Зан - Модар пеш аз ҳама тарбияткунанда, идомадиҳандаи насл буд, ҳамеша дар талоши он аст, ки фарзандонашро ба роҳи илму маърифат пайваста созад ва ҳатто аз дастони фарзандони худ гирифта, барои аз худ намудани таърихи фарҳанги миллӣ, ба китобхонию донишомўзӣ ва барои дарёфти калиди дари ганҷи сухан ба даргоҳи илму маърифати - Китобхонаи миллии Тоҷикистон меоранд, то ки фарзандаш аз ин махзани маърифат донишу зеҳни худро сайқал дода, барои оянда ва барои пешрафти миллату давлати худ саҳмгузор бошад.
Ҳеҷ шахс дар зиндагии худ наметавонад муҳаббате амиқтар ва воқеитар аз меҳру муҳаббати модари худ пайдо кунад. Қалби модар қудратмандтарин, зеботарин, бузургтарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто он лаҳзае, ки мўйҳои фарзандаш сапед шуда бошад.
Чи қадар инсонҳои рўи олам дар васфи модар беҳтарин суханҳо гуфтанд, вале хаёл мекунам ин як қатраест аз баҳр. Устод Лоиқ Шералӣ «Модарнома»-ро дар симои модари худ ба кулли модарони дунё бахшидааст.
Сўзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст.
Рўйи нуронии ту аз рўйи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон…
Таҷассумгари чароғи хонадон, олитарин ва қиматтарин ҳадяи Худованд барои ман ин туӣ, модар. Зиндагӣ бо ҳастии ту сарчашма мегирад. Нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ ва олиҳае ҳастӣ, ки ба мо ҳаёт мебахшӣ, дар роҳи сафар бо дастони нозуку зебои пурсаховати худ дуоям медиҳӣ ва сафарбарам мекунӣ.
Дили Шумо модарон ганҷи меҳру муҳаббат ва садоқати беканорест, ки баҳри мо фарзандон онро дареғ надошта, арзонӣ медоред ва бо ин ҳама ҷасорату мамонататон бузургони рўи олам дар наздатон сар фуруд меоранд.
Аз сарвату зи шўҳрат гар бар фалак занад сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Имрўзҳо, дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки ба мўи сафед, ба ожангони рўйи модарони худ ва ба даврони пирии онҳо нигоҳ накарда, ба хонаи пиронсолон бурда онҳоро мемонанд. Модаре, ки дар тифлӣ дасти ин фарзандон гирифта буд, дар пирӣ бемуттако ва дастнигари ёриву кумаки дигарон мемонад. Он нохалафон саргарми айшу ишрати худ модарро ба ҳолаш мегузоранд, хораш мекунанд, зораш мекунанд. Ва бадбахтона, аксарашон дигар ба ёд ҳам намеоранд, ки модар доштанд...
Хушбахтона, бо шарофату ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлат бо сарфи садҳо ҳазор сомонӣ парастории ин пирони барҷомондаро ба ӯҳда гирифтааст. Дар кишвар даҳҳо ин гуна хонаҳои пиронсолон амал мекунанд ва дар ин хонаҳо касоне ҳаёт ба сар мебаранд, ки дигар аз молу амволи олам ҳамин ҳуҷраи хурдакаки давлатиро доранд. Онҳо дар паноҳи ғамхории Ҳукумате қарор гирифтаанд, ки сарвари он Эмомалӣ Раҳмон аст! Ӯст, ки ба онҳо муҳаббати фарзандона дорад ва бо харҷи маблағи зиёд парасторони онҳоро маош медиҳад, хонаҳои сардашонро гарм мекунад, тани бараҳнаашонро мепӯшонад, шиками гуруснаашонро сер мекунад. Ва дар миёни ин солмандони бекасмонда модароне кам нестанд, ки фарзандонеро ба дунё овардаву ба воя расондаанд...
Ман нависандаи ин сатрҳо ҷавоне ҳастам, ки модар дорам. Ва гумон мекунам чун модар дорам, саодати оламро ҳам дорам. Ин саодатро миллионҳо нафар аз сокинони кишвар доранд. Пас ин саодатро набояд аз даст дод. Дору надори мо, сарвати мо ҳамин модарони моянд, ки бояд дар замоне, ки офтоби пирӣ сари муборакашонро бо гарди сафед нуронӣ мекунад, тадриҷан қуввату мадор аз даст медиҳанд, пойи равон гум мекунанд, ин моем, ки муттакояшон бошем, асои дасти пириашон гардем ва нагузорем, ки ба пояшон хор халад. Чун вақте тифл будем, нагузоштанд, ки ба пойи мо хор халад.
Модаронанд, ки худ сӯхтанду шамъи хонаи моро рушан нигоҳ доштанд, нури чашмоне, ки дорем, аз нури чашмони ҳамин модарон аст, гармии қалбамон гармии қалби онҳост.
Модари азиз! Пеши поят саҷда меорам, ки ин туи бузургтар аз ҳама! Худовандо, дигар ашки модаронро ҳаргиз марезон, он ҳама ғаму ғусаҳоро, сўзиши дўрии фарзандро зи онҳо дур бисозу тамоми шодиҳои зиндагиро барояшон арзонӣ дор, дуояшонро мустаҷоб бигардон!
Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон