Activities calendar

07 марти 2019

Табрикномаи маҳфилиёни «Дастони моҳир” бахшида ба Рузи модарон

Азизу меҳрубонам кист? Модар ,

Фурӯғи дидагонам кист? Модар.

Забони модарӣ  омўхт бар ман,

Ҳамеша дар забонам кист? Модар.

Сафои рўи одам офтоб аст,

Сафои хонадонам кист? Модар.

Сўзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст...

   Ман нависандаи ин сатрҳо ҷавоне ҳастам, ки модар дорам. Ва гумон мекунам чун модар дорам, саодати оламро ҳам дорам. Ин саодатро миллионҳо нафар аз сокинони кишвар доранд. Пас ин саодатро набояд аз даст дод. Дору надори мо, сарвати мо ҳамин модарони моянд, ки бояд дар замоне, ки офтоби пирӣ сари муборакашонро бо гарди сафед нуронӣ мекунад, тадриҷан қуввату мадор аз даст медиҳанд, пойи равон гум мекунанд, ин моем, ки муттакояшон бошем, асои дасти пириашон гардем ва нагузорем,