Дар оғоз бояд зикр кунем, ки реклама ҳанўз то милод вуҷуд доштаст, яъне дар ҳар як марҳилаи инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ реклама истифода карда мешуд. Дар Миср ва Юнони Қадим эълонҳои реклама дар лавҳаҳои чўбин навишта мешуданд ва бо пораҳои оҳан ё устухон ороиш дода мешуданд. Инчунин дар он гуна ҷойҳои ҷамъ шудани мардум бо овозӣ баланд дар хусуси ин ё он амал, мол ва хизматрасонӣ дигаронро огоҳ менамуданд.
Агар сатҳи асосии ҳаракати рушди рекламаро дар давраҳои қадим пайгирӣ намоем, муайян